ҚАДРДОНИИ ТАБИБОНИ ҶАВОН

 Абубакри Асомиддин, хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Левакант бо редаксия тамос гирифта, гуфт, ки бахшида ба ҷашнҳои бузурги миллиамон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва МИҲД – и шаҳри Левакант ба директори Коллеҷи иҷтимоии шаҳри Левакант Ҳ. Эмомов унвони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.

– Лозим ба зикр аст, ки Ҳ. Эмомов дар баробари фаъолияти роҳбарӣ ҳамзамон табиби Беморхонаи марказии шаҳр буда, яке аз ворисони ҳақиқии Сино маҳсуб мешавад. Ҳ. Эмомов дар вилоят яке аз ҷавонони ободгару бунёдкор ба шумор рафта, бо амалҳои накӯи хеш миёни хосу ом мавриди эҳтиром қарор дорад. Ӯ пайваста талош дорад, ки баҳри нумӯи Ватан ҳиссагузор бошад. Кордонии ӯро дар соҳа ба ҳайси 1 табиби муваффақ ба назар гирифта, ӯро ба ин унвон сарфароз донистанд. Баъди гирифтани унвони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо боварӣ дорем, ки масъулияти бештар эҳсос карда, баҳри сарсабзии меҳан камар хоҳад баст. Ин унвон, ин мақом, ин талош, ин обрӯ, ин сарбаландӣ хуҷаста бод, табиби ҳозиқ ва роҳбари пешқадам!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube