МАКТАБИ НАВ ДАР ТАГОБА

Музаффар Ризқизода, хонандаи фаъоли газетаи СССР аз ноҳияи Рашт ба редаксия занг зада, гуфт, ки ба истиқболи 33 – юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Рашт корҳои ободонӣ вусъати нав пайдо намудааанд.

– Яке аз ин иншоот сохтмони мактаби замонавӣ дар маҳаллаи Чухтаки деҳаи Доваи ҷамоати Тагоба мебошад. Ин бино бо дарозии 36 метр ва паҳноии 15 метр, дорои 12 синфхона ва 4 утоқи корӣ барои муаллимон аст. Инчунин, 2 синфхонаи махсус барои гузаронидани машғулият дар дарсҳои технологияи компютерӣ ва кимиё, 1 толори варзишӣ низ бунёд меёбад. Илова бар ин 1 майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 метр ва паҳноии 30 метр сохта шудааст. Дар ин кори хайру савоб соҳибкорони ватании Ғаюршоҳ Ҷурабеков ва Идибек Абдувалиев бо писаронашон ҳиссаи сазовор мегузоранд. Барои тезтар ба анҷом расондани ин корҳо рӯзи шанбе ва якшанбе дар ҳудуди деҳоти Тагоба ҳашари умумӣ эълон шудааст.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube