Аз тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» як солу як моҳ сипарӣ гардид. Тибқи фармони мазкур, аз 1 – уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ, ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз плазаҳои толлингӣ тавсеа бахшидааст. Мутаносибан 13308 ва 46821 нафар будани теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ ва RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) шаҳодати ин гуфта аст.
Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазҳои толлингӣ дар қиёс ба пардохти нақдӣ, ройгон пешниҳод намудани RFID, кортҳои пардохтӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешавад.
Ин иқдом бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ, роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ шуда, паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад.
Сониян, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд. Илова бар ин, иқдом ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо тариқи ғайринақдӣ истифода намоянд.
Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар плазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳамеша “чароғаки сабз” фурузон мегардад.
Ба дорандаи кортҳои пардохтии “IRS” кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад.
Истифодаи чунин корт ва RFID дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад.
Хотиррасон бояд кард, ки баҳравар шудан аз ин хизматрасонӣ дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд.
Дар маҷмӯъ, ба густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он мебошад, ки роҳбарияту кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бениҳоят фаъоланд.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон