Салом СССР! Ман сокини шаҳри Душанбе ҳастаму ҳамаи пайвандонам дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунанд ва табиист, ки ба ин шаҳр ҳамеша равуо дорам.
Хушбахтона масъалаи баровардани партовҳои сахти маишӣ, ки проблемаи №1-и ин шаҳр аст, ҳафтаҳои ахир ҳалли худро ёфта истодааст. Бо назардошти он, ки газетаи мардумиро дар ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат мехонанд, чанд пешниҳод ба роҳбарияти шаҳри Бохтар доштам.
Бисёр хуб мешуд агар нуқтаҳои партовпартоӣ дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳр бештар мешуд, чунки аксари нуқтаҳои партовпартоиро сохтмонҳои нав ишғол намудаанд.
Тавассути шаҳри Бохтар 2 наҳри калон мегузарад ва хеле бад аст вақте соҳили ин наҳрҳо пур аз партованд, касе дар фикри бо симтур гирифтани баъзе аз қисматҳои наҳрҳо ё тоза кардани партовҳои дохили об нест.
Масъалаи дигар ин кор кардани 1 чароғак дар чароғакҳои сарироҳӣ аст, аз 3 чароғак танҳо яке кор мекунад, дар чорраҳаи «Заргар» бошад чароғак умуман кор намекунад.
Умедворем раиси имрӯзаи шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, ки бо маром дар фаъолияти бахши коммуналии шаҳр тартиб ҷорӣ карда истодааст, ба ин мушкилоти мардум низ расидагӣ хоҳад кард.
Илҳом Умарзода,
ш.Душанбе
