УНВОН МУБОРАК, НИГИНА!

 Олимҷон Пулатов, яке аз мухлисони доими рӯзномаи СССР бо редаксия тамос гирифта, гуфт, ки мехоҳад Нигина Амонқулова, сарояндаи шинохтаи тоҷикро бо сазовор шуданаш ба унвони Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик гӯяд.

– Мо имрӯз хеле хушҳол ҳастем, ки Нигина Амонқулова бо фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба унвони Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қадрдонӣ гардид. Ин хуб аст, аммо фаҳмидан мехостем, ки Нигина Амонкулова унвони Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудааст ё не? Зеро ҳунари Нигинаро дар кишвар ҳар хурду бузург қадр мекунаду ашъори сурудашро замзама мекунад. Овози булбулаш ба дилҳо фараҳ мебахшаду ҳар савти эҷодаш руҳро навозиш мекунад. Пас дар Тоҷикистон Нигинаро чи гуна қадр кардаанд?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube