ҲАҚ БА ҲАҚДОР…

Аз ғалабаи халқи советӣ бар фашизми Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур мешавад. Ба назар то ба ҳол гӯё сарриштаи мавзуи ин ҷангро бакуллӣ матраҳ намудаем, аммо маълум мегардад, ки ҳоло ҳам на…

Ин маротиб аз як гӯшаи ин мавзуъ аз зафарёрони диловар, аз дорандагони унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистони азиз ёдовар хоҳем шуд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг, тули ҳаштод сол дар бораи таърих, рухдоду воқеаҳои гуногун, қаҳрамониҳои фарзандони диловари миллат ва ғайра муддавом мегӯем. Ин мавзуро муаррихон, олимон, шоирон, нависандагон, драмматургҳо, таҳиягарони театру кино мунтазам  пайгирӣ менамоянд…

Давоми ду даҳсолаи аввали баъдиҷангӣ ҷангноманависон шумораи барандагони унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советиро аз Тоҷикистони офтобрӯя 25 нафар ва бо сипарӣ шудани чанд соли дигар шумораи ононро 45 кас муайян намуда буданд. Ҳар яке аз кошифони ин асрор мани худро доштанд ва меҳисобиданд, ки он чун аст. Бисёриҳо дар ин ҷода қаламфарсоӣ намудаанд, аммо ба андешаи инҷониб ду тан аз онон – Раҳмон Сафарови ҷонфидо, адиби ҷангноманавис ва муаррихи маъруф Лидия Петровна Сечкина дар ин раҳ басо ранҷ бурдаанд.

 

Ҷангноманависон

Ахирӣ соли 1985 шумораи сарбозони ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушаррафгаштаро 63 нафар ном бурд. Ҳамчунон, дар кишвар муҳаққиқони зиёде дар мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рисолаҳои илмӣ навиштаву соҳибунвон гаштаанд. Хизмати чанде аз онҳо – Ҳасанбой Шарифов, Сайфиддин Раҳимов, Марям Бозорбоева, Маҳмадазим Бобохонов, Ғафур Шерматов, Ваҳҳобҷон Набиев, Давлаталӣ Алимов ва даҳҳои дигар сутуданист.

Соли 2015 банда маҷмуаи тадқиқот, очерку мақолаҳои хешро таҳти унвони «Пурдил» (нашриёти «Шарқи озод»)-ро ба нашр расондам. Дар ин китоб шумораи барандагони унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистонро ба 66 нафар расондам. Баъдан ҳам, ҷустуҷӯ ва қаламфарсоиро бобати ин мавзуъ бас накардаам. Бар он боварам, ба гуфтаи мӯйсафедони кӯҳистон «решаи онҳо дар тарист»…

Устоди равоншод Сайфиддин Раҳимов, зимни суҳбати ёдмоне бо мухбири ҳафтавори «Вечерний Душанбе», гуфта буд, ки шумораи қаҳрамонон аз Тоҷикистон 72 нафар аст. Мутаассифона, аз муаллими муҳтарам рӯйхат-ҳуҷҷате рӯи даст надорем. Аз он маврид то ҳол ман ин мавзуъро ба ҳоли хеш нагузоштаам ва баҳри пайдои қаҳрамонон пайваста дар талошам…

7-уми майи соли 2024 рӯзноманигори қобил Одил Нозир хушхабаре расонд: «Акаи Умар, боз як қаҳрамонро ба рӯйхататон биафзоед. Абдулло Шогиев, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз шаҳри Кӯлоб!…». Гуфтам, чӣ хуш!…

Воқеан, то ба ҳамин дам номи Абдулло Шагиев – «Қаҳрамоне аз Кӯлоб» (ба таъбири онҷониб), дар рӯйхати банда набуд. Бо шунидани ин ном ба қомуси озод муроҷиат намудам. Саҳеҳ будааст, чунин қаҳрамон мавҷуд будаву ба шаҳри Кӯлоби РСС Тоҷикистон алоқаи мустақим доштааст…

 

Таҷриба ва тартибот

Ба андешаи инҷониб, ба рӯйхати мазкур ворид намудани дорандагони унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (тоҷику тоҷикистониҳо) бояд ба чунин ранг сурат бигирад. Ин таҷриба дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ СССР роиҷ аст:

  1. Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, ки дар ҳудуди РСС Тоҷикистон таваллуд шудаанд.
  2. Нафароне, ки бо падару модарони хеш аз солҳои 20-уми асри гузашта ба ин сӯ, ба Тоҷикистон омадаанд.
  3. Аскарону афсарон ва генералҳое, ки дар қисмҳои ҳарбии (полку корпусҳои савора) пеш аз ҷанг, дар қаламравии Тоҷикистон ташкил шудаву аз ин ҷо ба фронт сафарбар гаштаанд.
  4. Аскароне, ки дар полку корпусҳои дар Тоҷикистон ташкилёфта, аз дигар кишварҳо хизмат намудаву бо душман дар разм буданд.
  5. Аскарону афсароне, ки пеш аз ҷанг дар қисмҳои ҳарбӣ, дар Тоҷикистон адои хизмат намудаанд.
  6. Тоҷикон-қаҳрамононе, ки дар собиқ ҷумҳуриҳои бародарӣ зодаву ба камол расидаанд.
  7. Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, ки пас аз пирӯзӣ дар ин ҷанг ба Тоҷикистон омадаву дар ин диёр зиста, қисме макони охират дарёфтанд.

 

Шагиев

Абдулло Файзраҳмонович 23-юми феврали соли 1907 дар шаҳри Уралск, уезди Уралск, вилояти Уралск (ҳозира маркази маъмурии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ)-и Ҷумҳурии Қазоқистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тотор, узви ВКП(б) аз соли 1941.

Падару модари ӯ аз губернияи Қазон ба Уралск омадаанд. Падараш дар сафи Армияи Сурхи коргару деҳқон, дар задухӯрдҳои Ҷанги гражданӣ ҳалок гаштааст.

Абдуллоро амакаш Фахрӣ Шагиев аз Ҷамбейт, ки кулбаеро дар Уралск харида буд, тарбият кардааст. Номбурда пас аз синфи сеюм ҳамчун қассоб ба кор мебарояд. Соли 1929 дар 22-солагӣ Абдуллоро ба аскарӣ мегиранд ва ӯ то соли 1931 хизмати ҳарбии ҳатмиро дар Армияи Сурхи коргару деҳқон ба поён мерасонад.

 

Кӯлоб

Баъди адои хизмати ҳарбӣ, Абдулло Шагиев бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Кӯлоби РСС Тоҷиктистон меояд. Солҳои 1935-1940 дар ҳайати полки кавалерии (савораи) қӯшунҳои ивазшавандаи Уралск дар Тоҷикистон хизмат мекунад.

Қабл аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Абдулло бо аҳли оилааш ба авули Тошработи ноҳияи Чаршангински вилояти Чорҷӯи РСС Туркманистон омада, ин ҷойро макони сукунат ихтиёр мекунанд. Мавсуф чанде ҳамчун агент (гумошта, вакил)-и «Уполнаркомзаг» фаъолият менамояд.

Моҳи сентябри соли 1941 ӯро дигарбора ба сафи Армияи Сурх даъват мекунанд.

 

Фронт

Сарбози корозмуда Абдулло Шагиев хизматро дар ҳайати полки 213-уми савораи дивизияи 61-уми савораи корпуси 4-уми савора оғоз намуда, бар зидди немисҳои истилогар дар разм мешавад. Аз рӯи ахбор, Шагиев дар муҳорибаи назди Сталинград корнамоӣ нишон медиҳад.

Сарбози шуҷоъ А. Шагиев аз моҳи ноябри соли 1942 ҳамчун пулемётчӣ (сардори пулемёт)-и эскадрони полки 58-уми савораи гвардиягии дивизияи 16-уми савораи гвардиягии корпуси 7-уми савораи гвардиягӣ бо душман ҷангидааст. Ҳини убури дарёи Днепр, 3-юми октябри соли 1943, ба соҳили рости дарё, дар вилояти Гомели Белоруссия дар амалиёт ширкат варзида, ду соат бо дастааш мавқеи ишғолкардаашро то омадани неруи тоза нигаҳ дошта, қаҳрамонона бо душман меҷангад.

 

Қаҳрамон

Аз диловарию қаҳрамонии аскари ботаҷрибаи ҷангдида фармондеҳӣ қоил монданд. Бо нишони сипос, баъди ин корнамоӣ ҳуҷҷатҳои Абдулло Шагиевро барои дарёфти мукофоти олӣ пешниҳод мекунанд.

15-уми январи соли 1944 бо фармони Президиуми Совети Олии СССР дар бораи мукофотонии унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ба генералҳо, афсарон, сержантҳо ва ҳайати қатории Армияи Сурх, барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ дар ҷабҳа бар зидди немисҳои истилогар ва нишон додани матонату қаҳрамонӣ ба сержанти гвардия Шагиев Абдулло унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, бо супурдани ордени Ленин ва медали «Ситораи тилло», дода мешавад.

 

Рухсатӣ

Пас аз сарфароз гаштан ба унвони қаҳрамонӣ, моҳи майи соли 1944 сарбози ҷасурро барои хабаргирии аҳли хонавода ва хешу табор рухсатӣ доданд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Абдулло Шагиевро дар Туркманистон, ба пленуми комитети партиявии вилояти Чорҷӯй даъват мекунанд.

Ҳини танаффус, як гурӯҳ ҷанговарони маъюби бо сабабҳои бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба хона ҷавобшуда, ба А. Шагиев аз кирдорҳои ноодамгаронаи котиби якуми комитети партиявии ноҳия Амонов шикоят карданд, ки ҳангоми дар фронт ҷангидани онҳо, котиби райком завҷаҳои онҳоро ба ҳамхонагӣ (ишқварзӣ) маҷбур мекардааст.

Мақомоти партиявӣ ба муроҷиати Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Абдулло Шагиев фаврӣ эътино карданд. Сари бод Амоновро ба ҷабҳа, ба штрафбат раҳнамун сохтанд. Бо ҳамин, котиби шаҳватпараст дар ҷанг беному нишон шуд.

 

Таҳсил

Тобистони соли 1944 қаҳрамони ватан Абдулло Шагиевро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи кавалерии Байрақи Сурхдори ба номи Армияи 1-уми савора, ба шаҳри Шадрински вилояти Қурғон фиристоданд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ, лейтенанти хурди гвардия А. Шагиев хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ идома дод.

Баъди рухсат шудан аз хизмат, вай ба деҳаи Тошработ, ба назди аҳли хонаводааш, баргашта, дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ ифои вазифа менамояд.

Соли 1952 А. Шагиевро мудири анбори марказии ОРС, дар кони сулфат (гидромез)-и стансияи Мукрии ноҳияи Чаршогани вилояти Чорҷӯ таъин карданд.

 

Ниқор

Чун шахси бовиҷдон Абдулло Шагиев баробари ба кор омадан аз мақомоти болоӣ дархост то анборро, ки дар зарфи 4 сол ягон бор тафтиш (ревизия) нашуда буд, бисанҷанд. Ревизорҳо омада, ба таҳқиқ пардохтанд.

Дар интиҳои тафтиш муайян гардид, ки анбори марказӣ дар ин давра 179,4 ҳазор сӯм (рубль) камомад доштааст. Ҳамаи гуноҳро ба гардани ҷанговари қаҳрамон Абдулло Шагиев бор карда, ӯро айбдор ва ба муҳлати 12 сол равонаи зиндон карданд. Суд, ҳамчунон, молу мулки сарбозро мусодира намуд. На дар суд ва на баъдан Шагиев ба гуноҳ иқрор нашуд ва он ҳила-бозиро ниқори дастаи хешовандони собиқ котиби якуми райком Амонов арзёбӣ намуд.

Болои сӯхта намакоб, 2-юми январи соли 1959 Президиуми Совети Олии СССР бо фармон Абдулло Шагиевро аз унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва ҳамаи мукофотҳои ҷангӣ маҳрум гардонд.

 

Талош

Пас аз ҷавоб шудан, Абдулло Шагиев шаҳри Зарафшони РСС Ӯзбекистонро макони сукунат ихтиёр намуд. Ӯ пайваста дар бораи бегуноҳиаш ба мақомоти болоӣ арз мекард. 11-уми июли соли 1976 Суди халқии шаҳри Зарафшон доғи судии Абдулло Шагиевро бекор намуд. Ин ғалабаи якуми сарбози матин буд.

Қаҳрамон ва аҳли оилааш ҳамоно ба мақомоти умумииттифоқ барои барқарор кардани адолат муроҷиат мекарданд. Бо ин мақсад, онҳо ба шаҳри Чу, вилояти Ҷамбули РСС Қазоқистон, кӯч бастанд. Чанд сол пас, возеҳтараш соли 1984, хонаводаи Шагиевҳо озими РСФСР (Россия) шуданд. Нахуст, дар деҳаи Милники, пас дар рустои Сигаевои ноҳияи Сарапулски РАСС Удмурдистон зистанд.

Дар аввали соли 1986 онҳо ба деҳаи Новокабановои ноҳияи Краснокамски РАСС Бошқирдистон, наздикии шаҳри Агидел, ки духтарашон мезист, кӯчиданд.

 

Адолат

Абдулло Шагиев ягон рӯз аз мубориза баҳри адолат даст накашида, барои барқарор кардани бегуноҳии хеш муборизаро идома медод. Дар натиҷаи муроҷиатҳои пайваста, пас аз 36 сол (1956-1992), Президенти Федератсияи Россия ба ин масъалаи пурмуаммо нуқтаи тамат гузошт.

Борис Николаевич Елтсин бо тасвиби як фармон аз 3-юми апрели соли 1992 унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советии Шагиев Абдулло Файзраҳмоновичро барқарор намуд. Инчунин, дигар мукофотҳои ҷангии сарбози шуҷоъ: медали «Ситораи тилло» №3023, ордени Ленин № 16681, ордени Ҷанги Ватании дараҷаи II (6.4.1945), медалҳои «Барои хизмати ҷангӣ» (12.12.1942), «Барои мудофиаи Сталинград», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»-ро баргардонданд. Имтиёзҳои Абдулло Шагиев ҳамчун Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ барқарор шуд.

Абдулло Шагиев сар аз соли 1992 дар шаҳри Агидел умр ба сар мебурд. Ҳукумат моҳи октябри соли 1992 расман тамоми мукофоту ҳуҷҷатҳояшро, ки ҳангоми ҳабс шуданаш гирифта буданд, бозпас ба соҳибаш баргардонданд.

 

Хонавода

Соли 1926 Абдуллоро дар 19-солагӣ амакаш Фахрӣ Шагиев хонадор карда буд. Ҳамсараш Фаттоҳова Зинат Абдураҳмоновна ҳини издивоҷ 14-сола буд. давоми умр онҳо соҳиби 10 фарзанд шуданд. Зану шавҳар, ҳамзамон, писархонд доштанд, ки ӯро низ баробари фарзандони хеш ба камол расонданд.

 

Мамот

Ниҳоят ҳақ ба ҳақдор расид. Абдулло Шагиев бо хотири ҷамъ пас аз чанд моҳи ба тасвиб расидани фармон – 3.4.1992 (13 моҳ) ва баъди рӯи даст гирифтани ордену медалҳо ва ҳуҷҷатҳо – октябри соли 1992 ҳафт моҳи дигар умр дид.

Абдулло Шагиев 4-уми майи соли 1993 дар шаҳри Агидели Ҷумҳурии Бошқирдистон, дар 86-солагӣ вафот карда, дар гӯристони деҳаи Новокабаново, деҳоти Новокабановои ноҳияи Краснокамски Ҷумҳурии Бошқирдистон ба хоби абад рафт.

 

Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube