Агар ҷойи ҳазорон-ҳазор сар гӯсфанди ҳисориву тонкоронӣ, фарзи мисол, 3 нафар футболист дар ҳадди Рустам Ятимов тарбият кардаву мефрӯхте(д)м, ҳам буҷа ғанӣ мешуду ҳам Тоҷик номдор ва муҳимтар аз ин ҳам худи мо сарватмандтар! Вале ба кӣ мегӯй? – гуфти Одина Ҳошим, чун мо гӯсфандпараст шудаем…ва ба назар мерасад, ки бе бозгашт!!!
Суруку рамаи гӯсфандонро танҳо ҳангоми убури мавсимияшон метавон мушоҳида кард, ки то кадом ҳад ҳудуд надоранд. Ва ин ҳама гӯсфандони шаҳрнишинонанд. Ман дақиқан намедонам, вале ҳини гашти мошинро суст кардан, аз подабон пурсӣ, ки рамаи кист, ҳатман номи ягон генерал ё амалдори воломақомро мегирад. Шояд дурӯғ гӯяд. Барои тарсондани суолдиҳанда. Вале шояд рост гӯяд ҳам.
Дар ҳар сурат, рамаҳо кунун моли чӯпону колхозу совхозҳо нестанд ва ана инро ҳама нек медонад!
Воқеан ҳам дар бораи колхозу совхозҳои зотпарварӣ ҷои афсӯсу дастбарсарзаниҳост, ки онҳо дигар вуҷуд надоранд. Фарзи мисол, гӯсфанди қароқулӣ ба номи академик Қароқулов гузошта шудааст, ки даҳсолаҳо талош карда, ин навъи гӯсфандро кашф ва ба табиату одамон эҳдо намуда буд.
Пурсида мешавад, просто савол, ки аз ин миллионҳо адад гӯсфанд, ҳазорон суруку рама, магар 1 агроном ё 2 олиме баромадааст, ки навъи нави гӯсфандеро, чорпоеро кашфу пешкаши табиат ва ҷамъият карда бошад?
Мутмаинан, нест ва намебарояд!
Зеро ҳоло муҳим теъдод аст ва нарх. Барои сарватмандони мо муҳим зоту пот нест.
Ва ин доду ситад дар ҳолест, ки чарогоҳҳо аз байн мераванд. Имрӯз мардуми оддӣ ҷое надорад, молу чорвои худро чаронанд. Атрофии деҳот, ба вежа дар кӯҳманзар комилан аз ҷониби афроди шаҳрнишин ғасб шудаанд. Чарогоҳ дигар моли деҳқону кишоварз, фермеру чорводор нест.
Чӯпонҳо низ дигар ун чӯпонҳои даврони советӣ нестанд, ки дар бораашон очерку мақолаҳо шеъру достонҳо менавиштанд. Инҳо чӯпонҳои кирояанд. Моли сарватмандонро мечаронанд ва бар ивазаш моли худро низ афзоиш медиҳанд.
Барои ин чӯпонҳо, даҳмардаҳо муҳим нест, гӯсфанду бузу хару асп чӣ навъанду чӣ зоте? Муҳим саршумор ва тамом!
Ба пиндори сирф фардии ман, ки хеле омиёна аст, зеро ман шаҳрнишинаму аслан намедонам чорводорӣ чист, вале замини чарогоҳҳои атрофии деҳотро БОЯД ба мардум бозгардонид! Инҳо бояд гову мол, бузу гӯсфанд тарбият кунанд. Барои худ. На мисли шаҳршинон барои афзудани ғарами пул. Деҳқон агар мол надошта бошад, ҳол ҳам надорад. Ва боз мо менолем, ки чаро даҳоқин аз деҳот фирор карда ба шаҳр меояд?
Урбанизатсия-шаҳрнишинӣ хатароти зиёд дар пай дорад. Бинед, мактабҳо дар дилхоҳ шаҳрҳо намерасанд, ҷойи кор нест, кӯдакистонҳо пур, болнисаҳо моломол аз одам, нақлиёти мусофирбар камчину пуродам. Сабаби ин чист? Албатта, урбанизатсияи сунъӣ!
Мардум, ки дар деҳот бе замин монд, бе чарогоҳ монд, мекашад худро сӯи шаҳр. Ин ҷо ақаллан аробае пайдо мекунаду таксиву автобусе, то нон ёбад.
Дар деҳот дигар ингуна имконият нест ва ё агар ҳаст хеле маҳдуд аст. Зимнан агар чарогоҳҳо ақаллан дар масофаи 5-10 км дур аз деҳот пурра «бесоҳиб» шаванд, яъне аз сарватмандон гирифтаву онҳоро холӣ боқӣ гузорем, ва намонем, дигар касе онро соҳибӣ кунад, пас мардуми деҳа соҳиби ҳама чиз мешавад!
Ба мардуми Тоҷик танҳо замин диҳед, ӯ рӯзгорашро шоҳона пеш мебарад. Зеро миллати мо воқеан ҳам мардуми меҳнатдӯсту қаноатпеша аст.
Дар шуравӣ бар ивази 50-70 сомонӣ шабу рӯз дар замини пахта кор мекард. Зеро медонист, ки гову хару бузу гӯсфандаш чарогоҳ дорад. Хонаи тоҷик бе молу ҳол набуд. Ҳоло дар бархе маврид хонаи 1 деҳотӣ меравӣ, чун шаҳрӣ зиндагонӣ дорад:
-Ширро мехарад!
-Нонро мехарад!
-Равғанро мехарад!
-Гӯштро мехарад!!!
Шиори «хариду хуриш», ки дар собиқ мо шаҳриёнро деҳотиён механдиданд, имрӯз ёри қишлоқиҳо ҳам шудааст.
Дар аксари маврид, инҳо ҳамун афродеанд, ки дар гузаштаи начандон дур фахри деҳоти тоҷик буданд. Зеро замини чарогоҳ орӣ, холӣ, озод буд.
Чӣ мегӯед, одамоне ин чарогоҳҳоро гирифтаанд, онро шодобу нурполо кардаанд? Хоки думушта! – гуфти Бобои Ғулом. Инҳо дар чарогоҳҳо ҳатто 1 ниҳол намешинонанду 1 кило доруву пору намерезанд. Инҳо заминро гирифтаву ба рамабонҳо мавсимӣ аренда медиҳанд.
Рамаҳо шахсӣ, чарогоҳҳо хусусӣ. Ин аст, ки агар саршумори ин бузу гову гӯсфанд миллиард адад ҳам шавад, нархи гӯшт поин намеравад.
Воқеан ҳам нархи гӯшт ҳамакнун марзи 90-сомониро убур кардааст! Ва ист фармуданӣ ҳам нест. Яъне афзоиши саршумори рама, шахсикунонии чарогоҳҳо дархӯрди дарди мардум ва давлат нест. Пас чӣ бояд кард?
Дақиқан намедонам, вале чизе бояд кард охир. Коршиносони соҳа хубтар медонанд, вале ман боз ҳам сари он пофишор мемонам, ки чарогоҳҳоро ба халқ, ба раъият, ба деҳқон, ба табиат ва кишоварзи ддӣ, ба қишлоқнишинҳо бояд бозгардонид…
Рӯиҳамрафта, масъулин ва чиновникҳо набояд бо гӯсфандпарварӣ машғул шаванд. Фурӯшанд рамаҳои барзиёди худро аз маблағро барои баландбардории имиҷи Давлату Миллат ба варзиш резанд, Хайри ҷорӣ ҳамин аст.
Бовар кун, хонандае, ки рамаву гову гӯсфанду чарогоҳ дорӣ ва аз ман ҳамин ҳоло меранҷӣ, наранҷ, зеро ману ту бисёр сарватмандонро дидем, ки рафтанду аз худ танҳо ҷанҷолу хархаша ва рамаву чарогоҳ ба мерос монданд…Маъзарат, бархе ба боҷаҳояшон!!!
Пас биё, аз худ некӣ мерос гузоре(м)д. Хайри ҷория тарбияти 1 варзишкорест, ки обрӯи ватанамонро мевардорад.
Шумо бо 2 чашми сар дидед, ки 1 ҷавони миллатпарварда бо исми Исмоили Маҳмадзойир дар ҳамин Олимпиадаи Париж 10 млн нафар сокини Тоҷикистонро гирёнд. Ва ин оби дида-гиряи шодӣ буд!!!
Оре, маҳз «капиталовложение»-и Исмоил ба соҳаи гӯштини ҷудо сабаб шуд, ки дар таърихи худ, нахустин бор Тоҷикистон, соҳиби 2 медали биринҷӣ дар 1 самти варзиш шуд.
Комил Мирзоалӣ низ маблағгузорӣ ба бокс намуду соҳиби медали биринҷии саввум дар ин намуд шудем. Дар ҷамъ ин 2 тан тавонист Тоҷикистонро муаррифӣ намудаву парчами моро 3 бор партавафшон кунанд.
Пурсида мешавад, оё магар инҳо наметавонистанд ин пулро низ ба рамапарварӣ резанд???
Бас аст! Мо акнун 33 сол шуд соҳибдавлатем. Зимнан тафаккури гӯсфандпарастиро бояд ба варзишпарастӣ иваз кунем. Ҳам нафъ мегиред, ҳам суд ва низ обрӯ касб мекуне(м)д.
Шояд нафаре пурсад, ки сардабири СССР худаш дар соҳаи спорт чӣ коре кардааст, ки зиёдаравӣ мекунад? Аввалан ман сарватманде нестам, мисли шумо. Вале бо ин ҳама газетаи мардумии СССР варзишгоҳе сохтааст, ки дар он тӯли 13 сол беш аз 100 нафар наврасону ҷавонон машқу тамрин кардаву имрӯз 10 танашон дар клубҳои бузурги Лигаи Олӣ ва боқӣ Лигаи 1-уми мамлакат мебозанд ва дур нест, ки медалҳои Мундиалро ба Душанбе оранд!
Ман ва мо (ҳамфикронам) ба ин бовар дорем. Мо Метавонем!
Вале агар шумо низ бо тими мо пайвандеду паҳлуи президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рост шавед, мутмаинан футболи мо ҷаҳонро тасхир мекунад.
Ятимовҳоро парваред, ҷойи гӯсфандоне, ки пеш аз худи мову шумо фано мешаванд.
Сахт гуфтам? Барои худатон гуфтам. Мо Метавонем!