ДАР ЯК САТР

9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 33-солагии Истиқлолияти Ватан муборак, ҳамватанони азиз!

 Дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти кишвар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати 4-уми НБО Норак ба истифода дода шуд, ки иқтидораш дар 1 шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.

 Шаршараи Ниагараи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 9 сентябр бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид: 1 октябр даъвати тирамоҳӣ, маъруфтар бо исми гӯшнавози «Облава» сар шуда, он то 30 ноябр давом меёбад.

   ВКД ҶТ эъон намуд, ки минбаъд ҷодупарастони Тоҷик, шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, ба Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд. Эҳтиёт ними ҳаёт дӯстон!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube