ҲИСОБОТ-2024

Сутун бар Боми Миллат қомати мост:

Ва медонӣ, Чаро? Мо Метавонем!!!

Дуруд хонандаи гиром, бародари шафиқ ва азизтарин рафиқ! Ман ба ту муроҷиат дорам, оре, ҳамин туе, ки фикр дорӣ, «наход маро сардабир дар назар дошта бошад?». Зеро ман ин соат маҳз барои ту менависам, бо ту суҳбат мекунам ва бар ту ҳисобот месупорам, ки дар тули 16 соли наврасӣ, фардо мо акнун ба синни нимаболиғи 17 – солагӣ мерасем, чӣ кору бор, бурду бохт, пешравӣ, рушд, фаъолияту эҷод доштаем…

СССР ягона газетаест, дар куллияи олам, ки ҳамасола дар зодрӯзаш ба хонандаи худ, яъне туи азиз рапорт медиҳад. Зеро Мо Метавонем!

Дар тули ин 16 сол, яъне 5840 (+3,1) рӯз, 140160 соат, 8 409600 дақиқа, 504 576000 сония – нафас бо ҳам будем ва газетаи мардумӣ барои ту, хонандаи азизаш, 832 Сухани рӯз нигошта, сардабири он, шахсан, 825 Сармақола, ба таъбири журналистикаи касбии даврони шуравӣ, «передовица» нигоштааст.

Дар тули 16 сол танҳо 8 маротиба, ман ин рубрикаро ба дигарон тақдим кардам, зеро дидам, ки матлаби хонданиву хубтаре нигоштаанд. Хонандаи ҳушманд он матолибро дар хотир дорад. Воқеан ҳам, ман ифтихормандам, ки баъди ин 8 «уступка» хонандагон маро сарзаниш мекарданд, ки набояд ин корро мекардам. Мо Метавонем!

Коллективи кори мо, Ҷамила Ҳусейнова, Идибек Маҳмудҷонов, Умари Шерхон, А. Собир, Омирона Достиева, Нуриддин Қосимзода, Модари матбуоти Тоҷик – Гулчеҳра Фозилова, апаи Зебо, Аброр, Алии Беҳудуд, Саймурод Носиров пайваста дар хидмати хонанда қарор доштанд ва ба ҳар зангу паёмак ҳатман посух мегуфтанд. 30 хабарнигори мардумӣ дар тули ин 16 сол бо шумули садҳо муаллифи доимӣ дар газетаи мардумӣ дарди ҷамъияту мушкили мардумро матраҳ месохтанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки СССР ягона газетаи профессионалӣ дар кишвар маҳсуб меравад, ки «сеткаи барномавӣ»-саҳафоти билоиваз дорад. 7 саҳифаи аввали мо дар тули 834 ҳафта ва 832 шумора (2 бор панҷшанбе – рӯзи газета ба таътили давлатӣ рост омадаву мо нашр нашудаем!) бе тағйир чоп мешаванд. Зеро рубрикаҳои ин саҳафот билоивазанд. Ва аммо дар ин 7 саҳифа мо кӯшиш кардем, дарди дили хонандаро нашр созем.

Минҷумла, 825 сармақола (саҳ-2), 763 супориши редаксионӣ (саҳ-3), 834 матлаби таърихӣ (саҳ-4), 3328 меҳмон (саҳ-5, боло), 5408 занги телефонӣ (саҳ-5, подвал), 10816 смс-паёмак, 1081 сурат-носталжи, ҳазорон-ҳазор (сарҳисобашро ҳатто худамон наёфтем) СССР ва РССТ муаммои накшода ва 870 аниқ…дот аз зиндагонии адибону журналистони Тоҷик (саҳ-7) нашр кардем. Мо Метавонем!

Дар ҷамъ газетаи мардумии СССР, ки ҳамеша дар поси манофеи миллат қарор дораду бо душманони дохиливу берунӣ ҳарб менамояд, дар тӯли 16 сол, 4160 матлаби патриотӣ нигоштааст. Саҳафоти 8,9,10,11,12 барои ин матолиб хизмат мекарду хоҳад кард.

Сафват Бурҳонов, Раҷаби Мирзо, Хуршед Фозилов, Аҳмади Иброҳим, Суҳробшои Фаррухшо, Шаҳрзоди Амин, Акрами Санг, Сайёд Ғаффор, Шоираи Раҳимҷон, Шералӣ Давлатов, Ситора, Исмоил, Шуҳрат, Нурулло, Ориф…аз зумраи афродеанд, ки дар саргаҳи таваллуди СССР меистоданд. Бархе дар зиндонанду зумрае дар дигар расонаҳо фаъол. Вале мо ишонро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Мо Метавонем!

Бархе тангназарон моро санги маломат мезананд, ки чандин коргаратон фавтидааст. Чаро? Зеро мо онҳоро, мисли шумо, фаромӯш намекунем. Мо ҳатто муаллифони фавтидаи берунӣ ва мавсимии хешро дар хотир дорем (ниг ба саҳ 8-9). Зеро шиори мост:

– Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!!!

Ва низ ишон то дами марг бар СССР ва хонандагони худ содиқ буданд ва барои ту, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, ман киро дар назар дорам, хизмат мекарданд!

– Раҳими Ашроф, Одинашо Муродов, Бахтиёр Сафаров, Шарифи Мисайзод, Меҳрубон Салимшоев, Аслиддин Достиев…

…абадан бо мо хоҳанд монд ва СССР то ҳаст, онҳоро ба боди фаромӯшӣ нахоҳад дод. Мо бо истифода аз имконот, китоби хотирот ва маҷмуаи мақолаҳои ишонро чоп мекунем ва дар ин кор таҷрубаи хубе ҳам дорем. Минҷумла, тули чанд соли ахир мо китобҳои «Акбари Бузург» (дар бораи Акбари Саттор), «Гуфтугӯ бо табиат» (Мақсудҷон Ҳусейнов), «Аввалу охири ишқ» (гулчини ашъори Шарифи Мисайзод), «Бобои Эшон» (7 мақолаи А. Достиев) ва ғ. ба дасти чоп додем.

Хабарнигорони мо, ки мутаассуф дар ҷавонӣ аз ҷаҳон рафтанд – Баҳодур Уроқов, Меҳрӯзиддин Болтаев ва муаллифи ҳамешагиямон Иқбол Тешаев, пайваста аз минтақаи конфликт бо қирғизҳо матлаб менигоштанд ва ҷисман дар окопи ин набард қарор доштанд. Меҳрӯзиддини нозанин ҳини наҷоти ҳамватани худ, ки сахт маҷруҳ буд, аз ҷониби террористони қирғиз, дар марзи Ворухи Тоҷикон кушта гардид. Иқбол аз тири душман не, вале аз фикри душман ҷон ба ҳақ дод. Баҳодур 4 фарзанди хурдсолашро ба ватан мерос гузошта, худ аз дарду ранҷи равонӣ фавтид. Ҷои миннат на, ки ҳиммат аст, СССР ягон муаллиф ва хабарнигори худро фаромӯш намекунад. Зимнан фарзандони Баҳодур Уроқов, ки ягона ноновари хонадон раҳматӣ будӣ, имрӯз дар канори газетаи мардумӣ қарор доранд ва то мо ҳастем, СССР падари инҳост. Мо Метавонем!

Дар саҳифаи аз ҳама пурмоҷарои мо, ки набардҳои равонӣ, психологӣ, иттилоотӣ ва таърихӣ давом доранд, дар тули ин 16 сол, СССР 2912 матлаб нашр кард. Ва аҳамият деҳ, хонанда, муаллифи тамомии ин мақолот танҳо хонандагони мо мебошанд. Редаксия ба ҷанҷоли дохилихонаводагии аъзои Ихвон ал СССР дахолат намекунад. Ва аз ҳама аҷиб ин аст, ки муаллифони мо баъди соату рӯзу сол баҳс карданҳо, дар охири кор…дӯсту рафиқ мешаванд. Зеро (ҳамаи) Мо Метавонем!

Саҳифаи 14, ки бо рубрикаи Мо ва фаҳанги мо ба ин соҳа бахшида шудааст, ҳудуди 3328 бор ба овони шуравӣ муруре карда, адибони саршиноси адабиёти советии Тоҷикро бо шумули устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Миршакар, А. Сафар, Қ. Киром, Лоиқ, Бозор, А. Шукӯҳӣ, Қаноат, Гулназар, Гулрухсор… муаррифӣ кардааст. Осори шуарои номдори муосир, М. Ғоиб, Ҳақназар, Хосият, Фарзона, Гурез Сафар, Давлат Раҳмон, Д. Сафар, Руъё, Офоқ, Хайрандеш, Озар, Ораз, А. Зевар, Шуҳрат Шоҳ, О. Раҳмон, И. Зарифӣ, Д. Айниддин ва 101 муаллифи шоиртабиатро мо ба мардум пешкаш намудаем.

Саҳифаи 15 ва ё худ Газетаи Мардумӣ, ки рамзи халқӣ будани рӯзномаи мост, 5824 матлаби хабарнигорони мардумии худро нашр кард, ки боварманд мегӯям, чунин дастовардро ягон газета дар ягон давру замон ва ягон давлату сохтори давлатдорӣ на дошту на дорад. Мо Метавонем!

Саҳифаи 16 ё Газетаи Раисон 4160 бор ба кору фаъолияти раисони шаҳру навоҳии кишвар рӯ оварда, бурду бохти онҳоро инъикос намудааст, ки нишони олии демократӣ ва озодандешӣ дар кишвари мост.

Дар ҷамъ, тули 16 сол, газетаи мардумии СССР 45 ҳазору 309 мақола, пешниҳод, гузориш, репортаж, аксҳои мондагор, очерки таърихӣ, паёмаку пешниҳоду латифаву шеъру матлаб нашр кардааст, ки ҳалоли ту бод, хонанда. Зеро бе туву бе аъзои Ихвон ал СССР ин кор ба мо муяссар намегардид. Мо Метавонем!

Бо ин ҳама муҳимтарин коре, ки мо дар тули 16 сол кардем, ин ҳам буд, ки мо таърихи 100-солаи давлати навини Тоҷиконро, ки дар соли 1924 таъсис ёфтааст, варақгардон намуда, бар гӯши ҷаҳониён расонидем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сола не, ки 100 сола аст. Ва низ 16 сол аст, мо ба идеологҳои давлатӣ ин нуктаи басо муҳимро гӯшзад карданием, ки дар баробари истиқлолият, ки 33 сола шуд, аз 100 – солагии давлатдории худ низ бояд ҷашн гирифт. Даркор мешавад.  Мо Метавонем!

Ва аз ҳама муҳими муҳим:

– 17 солагиамон муборак бод, хонанда!!!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube