ГУРҶИСТОН НАРАВЕД!

Рафтед, бо FLY.tj наравед!!!

Ҳамааш аз он шуруъ шуд, ки баъди таблиғу ташвиқи Ҷамилаву Суҳробшо, ки ба таъбире “гӯшу парамро бурданд”, тасмими сафар ба Гурҷистонро гирифтам. Гирифтаму ба аҳли байт эълон кардам, ки меравам ба Тифлису Батуми ва лаби Баҳри Сиёҳ…

19.08.2024. Шом хаставу афгор ба хона баргаштам, ки чӣ ҷумбуҷуле ботинӣ эҳсос мешуд. Фарзандон, ба вежа келинамон, хеле шод буданд. Дарк кардам, ки чӣ гапе ҳаст… Шомро хӯрда будам, ки фарзандон ба ман хизматсайёҳӣ ё худ турпутёвкаи Гурҷистонро пешкаш намуданду гуфтанд:

Падарҷон бо очаамон ба Батуми истироҳат меравед!!!

Нимшӯхиву нимаҷиддӣ гуфтам:

  • О, модаратонро танҳо равон кунед, бе ӯ ҳамин Душанбе ҳам барои ман Батуми аст!!!

Хулласи калом, дигар илоҷе надоштам, ҷуз рафтан! Хонандаи некназар дарк кард, ки шумораи гузашта бо имзои и.в.сармуҳаррир-Ҷамила Ҳусейнова нашр шуда буд. Ҳама кору борро бар дӯши Ҷамила задаву дуову фотиҳаи Умари Шерхону таъкидҳои баргаштаи Идибек –“шеф, чача оред!” ва ҳушдори А. Собир “чачааш наор”-ро ҷамъу гирд карда, ба роҳ баромадам (Чача-майи дасткаши маъруфи гурҷист, ки 60-80 дараҷа дорад!). Мо Метавонем!

 

 Сомон-эйр ва парвози роҳат

21.08.2024. Соат ба вақти Душанбе 07:30 дақиқа. Дар фурудгоҳ маро Ҷамила интизор буд. Бо ҳидояти ӯ тавассути СИП ба толор ворид шудем, ки мусофирон ҷастухез доштанд-яке меғалтиду дигарӣ мехест. Бинам, толорро таъмир доранду сафолакҳо ҷо-ҷое маҳкам нашудаанд. Пештоз мегӯям, ки рӯзи дигар аллакай толор омода шуда буд. Фурудгоҳ пур аз гулдухтароне, ки тамрини пешвози меҳмони олиқадр Қосим-Жомарт Тоқаев-президенти Қазоқистонро доштанд.

Аслиддин Маликзода-муовини директори генералии фурудгоҳи байнулмилалӣ шахсан худаш ба корҳои бунёдӣ назорат мекард, ки ҳалолаш бод!

Парвоз басе хубу роҳат гузашт. Гулдухтарони Сомон-эйр доди хизмат доданд. Ҳарчанд ҷуз 2 бутерброд ба мусофирин ин ширкат ҷудо накарда будӣ. Дар бозгашт низ мо ин 2 бутербродро бо иштиҳои том хӯрдем. Ҳарчанд қаблан Сомон-эйру Тоҷик-эйр хуроки гарм медоданд дар роҳи дур.

 

 Салом Тифлис!!!

21.08.2024. Соат ба вақти Гурҷистон 12:05 дақиқа (вақти ин ҷо аз Душанбе 1 соат фарқ мекунад). Маринэ ном бонуи роҳбалад моро пешвоз гирифту гуфт, “7 рӯзи дигар гӯшу паратонро мебарам!”. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо бо маънои мусбияш Маринэ гӯшамонро бурд. Ӯ ҳар бинову ҳайкалу долу дарахтро бо ҷузъиёташ ба мо муаррифӣ менамуд. Пештоз мегӯям, гурҷиҳо, ҳатто гиди мо низ, русбадбинанд, зеро ҷанги 3-рӯзаи 08.08.08-ро, ки Дмитрий Медведев Осетияро аз Гурҷистон кашида гирифт, фаромӯш намекунанд. Ҳама русиро медонанд, вале бо ғазаб ба русӣ посух медиҳанд. Ҷавонон усулан бо англисӣ ҳарф мезананд.

Бо ин ҳама Маринэ аввалан моро ба шаҳри кӯҳнаи Тифлис бурд…

 

 Кӯҳнатаърихи гурҷиву кулӯхтаърихи мо

Шаҳри қадимаи Тифлис, ки 1500 сол умр дорад, онгуна зебо, дилчасп, дилбанд ва назаррабост, ки шуморо бар худ мафтун месозад! Роҳҳои ҳавоӣ (канатная дорога) касро ба баландӣ мебарад ва аз баландии парвози уқоб шумо шаҳрро тамошо мекунед. Калисо, куништ, дайр, масҷид, коху кушкҳои пурҷилло. Шаҳр дар ин 1500 сол 150 бор беш вайрону валангору забту озод ва сӯхтааст. Аммо гурҷиҳои боандеша тамомии шаҳрро таъмир карда, бар асли пешин баргардонидаанд. Зеро миллате шаҳр надорад-давлат ҳам надорад! Ва ин таъмиру тармим ҳамасола ҷараён доранд.

Стоп!!! Дар мо чӣ? То ба кай дасти тамаъ сӯи 4 тангаи сандуқи фарҳанги СММ ва ё худ ЮНЕСКО дароз карда, НАМЕГУЗОРЕМ ақаллан 1 ёдгории таърихиямон таъмиру бозсозӣ ва ба шакли қадима баргардон шавад?

Кори мо то ҳаддест, ки мабодо ёдгориеро таъмир кардан хоҳем, Раёсати ҳифзи ёдгориҳои меъмории Вазорати Фарҳанг кашталамонро мегирад, ки “арзиши таърихӣ” коста мешаваду “таърихамон зиён мебинад”. Ҳой мардум!!! Дар бораи кадом арзишу таърих ҳарф мезане(м)д? Ин факт, ки мо миллати қадимаем, дигар санад намехоҳад. Китоби “Тоҷикон” кофист!!! Пас, биоед, Ҳулбуку Кӯлоб, Саразму Шаҳритус, Тахти Қубоду Аҷинатеппаву Карони Дарвозро куллан аз нав созем. Албатта, бо усули қадима.

То кай бо кулӯху тахтасангу лойдевор фахр мекунем? Дигар ин аср замоне нест, ки зери тӯтаки ЮНЕСКО рақсем. Медонам, ки ин созмон барои “ҳифзи ин ёдгориҳо” чанд тангае ҷудо мекунад ва масъулин аз он ҳам мемонанд. Вале агар, фарзи мисол, Ҳулбуку Саразму Аҷинатеппаву Тахти Сангинро мисли гурҷиҳо таъмир ва ба туристон пешкаш кунем, садҳо миллион доллар ба буҷҷаи кишвар мерезад.

Кумитаи сайёҳӣ!!! Аз хоби гарон хез. Пешниҳод намо. 100% бар боварам, ки сарвари давлат ин иқдомро ҷонибдорӣ мекунанд. Зеро беҳтарин муаррифии миллат ин таҷдиду таъмир ва ба сайёҳон пешкаш кардани шаҳрҳои қадимаи мост. Мо, ки дигар даъвои Самарқанду Бухоро надорем, пас бо ҳамин хоктӯдаи Ҳулбуку кулӯхчуқурии Саразму тахтасангҳои Тахти Қубод то куҷо туристонро ҷалб мекунем?

Бархӯрди мо ба таърихи қадимамон бояд иваз хӯрад! Аҳсанту офарин бар Раҷаббой Аҳмадзода, ки қалъаи фарсудаву лойдевори Хуҷандро навсозӣ ва онгуна зебо кард, ки мардум фавҷ-фавҷ ба ин макон омада, кайфийяти назар мегиранд. Шумо ҳам кунед, муҳтарам масъулини дигар шаҳру навоҳӣ. 1 кунҷаки Саразму Ҳулбукро шишакорӣ карда монеду дигарашро бо усули меъмории қадим ободу зебо намоед. Бовар кунед, турист барои кулӯху хоктӯда ҳаргиз намеояд. Аз гурҷиҳо омӯзед охир. Мо Метавонем!

 

Батуми…нарааавед!!!

22.08.2024. Соат ба вақти Тифлис 10:00 дақиқа. Автобусе, ки сари чамбаракаш Вожа ном гурҷие менишасту ман ҳамоно исмашро “Вожак” гузоштам (хеле шод шуд!), моро сӯи Баҳри Сиёҳ кашид. Хизмататон арз кунам, ки дар ин мавсими туристӣ одаму нақлиёт ба ҳадде зиёд аст, ки мо аз ситами “пробкаҳо” соати 23 шаб расидем. Ҷои зикр аст, ки моро дар ин байн ба мавзеъи Боржомӣ бурданд. Ҳамон обе, ки муаррифии Гурҷистон гаштааст. Вале бовар кунед, ин ҳама реклама асту бас. Оби Шоҳамбарии мо аз ин Боржомӣ бартарӣ дораду камбудӣ на. Ва дар “зеботарин” меҳмонсаройи Орби Сити ҷо шудем…

 

 Рааафтед, Орби Сити наравед!

Орби- Сити-Д, ки мо ҷой гирифтем, яке аз сумбулаҳои Батумист. Дар тамомии тоблуҳои таблиғии Батумӣ маҳз акси ин 3 бино дида мешавад. Вале дар асл ин меҳмонсаройи “берунхандону дарунгирён” буда. Дар тӯли 4 рӯзе, ки мо дар ин ҷо ба сар бурдем, ЯГОН бор хонаҳо поккорӣ нашуданд! На собун дораду на шампун ва на кофеву на чойи қоқ. Сачоқ, ки баъди баҳру борон тар мешуд, ҳатто иваз намекарданд! “Шароити сагона!”-гуфти Бобои Ғулом, ки ҳамкорони ширкати FLY.tj барои туристони тоҷик муҳайё кардаанд!!!

Баъдан ба мо гуфтанд, ки ин Орби Ситии дар акс зебо аслан меҳмонхона не, ки меҳмонсарой ё худ аппартамент аст. Ин аппартаментҳоро чанд пулдори зираку авомфиреби эронӣ иҷора гирифта, дар айни авҷи мавсим пешкаши ширкатҳои туристӣ мекардаанд. Албатта, ширкатҳои дигар кишварҳо, ки шаҳрвандони худро иззат мегузоранд, аз хизмати арзонтараки ин эрониҳо рӯ тофтаанд. Илло ширкатҳои туристии тоҷикӣ, ки бо усули «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал карда, барои 4 танга даромад, имиҷи давлату миллатро пушти пой мезананд. Зеро беҳурматие, ки дар ин Орби Сити-Д ба 1 туристи тоҷик мекунанд, дар ягон гӯшаи дигари олам дучор намеояд!

 

 FLY.tj бо думи шер мебозад!!!

Зимнан масъулини ширкати сайёҳии FLY.tj БОЯД гӯштоб шавад, то минбаъд сайёҳони ватаниро чунин хор накунад. Зеро обрӯи 1 турист дар хориҷа ин имиҷи 1 давлат аст! Мо нек медонем, ки барои обрӯи миллату давлат ва ҳар шаҳрванди кишвар Пешвои миллат чӣ қадар талошҳо мекунанд. Аммо FLY.tj ин ҳама заҳамоти Сарвари давлати моро ба ҳеҷ баробар менамояд!!! Набояд чунин бошад. Турист, ки пул дод, ба ӯ шарту шурути маъмулии инсонӣ бояд таҳия кард. Ана ҳамин бархӯрди бади худи ширкати сайёҳист, ки кормандони ин аппартамент туристони тоҷикро ҳатто одам ҳисоб намекунанд. Дағалу дурушт гап мезананд ва сарашон доду фарёд мебардоранд. Бовар кунед, чунин бархӯрди таҳқиромез, шароити бади буду бош ҳатто дар Маккаву Мадина нест, ки мо роҷеъ ба антисинтария ва шароити бади миёнҳмонхонаҳои он навишта будем. Хамӯшии тоҷикони мо ба бархӯрди бади ширкатҳои сайёҳӣ обрӯву имиҷи миллату давлатро акунан дар Аврупо, ки Гурҷистон ҷузъи ӯст, резонида истодааст.

Бо 1 ҳарф ё FLY.tj бояд ҳамкорони хешро иваз намояду бо Орби Сити-Д ҳамкориро қатъ ва ё ҳукумат ин ширкатро бандад!!! Хас каму ҷаҳон пок.

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

 Баҳри Сиёҳ ё рӯзи сиёҳ?

Дуруст аст, ки барои дами беғам задан дар лаби Баҳри Сиёҳ метавон тамомии азобу азияти роҳу адами шарту шурут ва антисанитарияро таҳаммул кард. Вале чӣ мегӯед, ки 4 рӯз борони сахт бориду мо аз ин кайфийят низ маҳрум мондем. Яъне боз ҳам ширкати сайёҳии FLY.tj медонист дар Батуми боронгарӣ мешавад, вале новобаста ба ин моро фиреб кардаву пуламонро гирифта, ба ин макон овард, то мо 4 рӯз дар хона ёзида, аз тиреза ба олам нигарем. Бидуни 1 рӯзе, ки моро Маринэ ба сайри ғору шаршараи Каён бурда буд.

27.08.2024. Соати 10:00 ба роҳ баромада, соати 19:17 дақиқа ба Тифлис расидем. То ҷо ба ҷо шудем, ки шаб ҳам фаромад. Афгору лакот хобидем, то рӯзи 28.08.2024, соати 10:00 ба Душанбе фирор кунем ва аз ситами ширкати сайёҳии FLY.tj халос хӯрем. Мо Метавонем!

 

С. Мизроб

Душанбе-Тифлис-Батуми-Тифлис-Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube