(P.S: постскриптуми пеш аз навиштор) То ними навишта расидаму ба худ гуфтам, ки чаро менависӣ? Барои кӣ менависӣ? Ба кӣ даркор аст ин навистанҳо???, ки хонанда надоранд?)
Бовар ба Худо чист? Оё кас метавонад Худоро бе диндорӣ ҳам шинохта бошад? Оё барои шинохти Худо воситае даркор ҳаст ё не?
Ба ҳамин гуна пурсишҳо мағзҳои ҷӯяндаро пайваста банд медоштаанд.
Як кӯшише барои пайдо кардани посухҳо ба ин пурсишҳо аз дидгоҳи донишварӣ:
Бовармандӣ ва пояҳои бовар ба нерӯҳои фаробудӣ (Худо, табиат, шайтон…) бисёр печида гап аст. Бо равоншиносӣ, биологияи эволютсионӣ, нейробиология ва мардумишиносӣ бастагии сахт дорад. Барои фаҳмидани он ки чаро одамон боварманданд, якчанд пояҳои донишварии ин падидаро баррасӣ мекунем.
- Назарияҳои эволютсионӣ
Биологҳои эволютсионӣ бар он гумонанд, ки бовармандӣ ҳамчун рафтори мутобиқшавӣ аст, ки барои зинда мондан ва ҳамгироии иҷтимоӣ созгорӣ кардааст. Назарияҳои бунёдӣ чунинанд:
Бовар ба устураҳо, афсонаҳо ва расму оинҳои муштарак ба гурӯҳҳои одамон барои ба ҳам омадан, ҳамзистӣ кардан ва баланд бардоштани шанси зинда мондан ёрӣ мекард. Ин бовармандии ҳамагонӣ ҳисси вобастагиро эҷод мекард ва барои яксӯ кардани нофаҳмиҳо дар миёни мардуми боварманд ба як бовар, ёрӣ мекард. Бовари ҳамагонӣ, ё ба як чиз бовар кардани як гурӯҳи одамон, агрессияи одами ибтидоиро барҳам мезад.
Дигар ин ки боварҳо ҳамчун як роҳи истодагарӣ бар афсурдагӣ ва тарс аз марг, бемориҳо ва падидаҳои табиии пешгӯйӣ нашаванда (заминҷунбӣ, сел, сӯхтор…) пайдо шуда метавонистанд. Бовар ба нерӯҳои бартар, тарсҳои табиии одамонро кам мекард.
Бовар ба нерӯҳои фаротабиӣ рафтори одамонро мулоимтар мекард ва меъёрҳои ахлоқӣ месохт ва тарс аз шиканҷаи “болойӣ” як равиши зиндагии осудатарро месохт.
- Нейробиологияи бовармандӣ
Омӯзишҳои лаборатории мағзи сар нишон медиҳанд, ки ҳангоми намозгузорӣ, ниёйишҳо, ҳар кори вобаста ба бовари динӣ баъзе қисматҳои мағзи сар фаъол мешаванд.
Фаъолшавии қисматҳои мағзи сар, ба монанди қисми шаммаи вақтӣ, баданчаи бодомгун ва прексунус, бо эҳсоси рӯҳонӣ ва таҷрибаҳои мистикӣ вобастагӣ дорад. Инчунин, қишри пеши камар бедор мешавад, ки ифротӣ, экстремист шудани мо аз кори ҳамин пораи мағз вобастагӣ дорад.
Нейромедиаторҳо: Таҷрибаҳои мазҳабӣ метавонанд бо афзоиши сатҳи допамин, серотонин ва окситоцин вобаста бошанд, ки ҳисси қаноатмандӣ ва беҳбудиро зиёд мекунанд, изтиробро коҳиш медиҳанд ва ба вобастагии иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ бонувон (окситотсин) бештар боварманд ҳастанд.
- Паҳлуҳои генетикӣ
Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки бовармандӣ метавонад ҷанбаи генетикӣ дошта бошад:
Гени VMAT2 (“гени Худо”): Ин ген бо танзими нейромедиаторҳо, ба монанди серотонин ва допамин вобаста аст, ки роли асосиро дар таҷрибаҳои мазҳабӣ ва рӯҳонӣ мебозанд.
Омӯзиши дугоникҳои якрага нишон медиҳад, ки заминаҳои генетикӣ метавонанд то 30-40% гуногунии бовари диниро шарҳ диҳанд. VMAT2 як ген аст, ки барои бовармандии инсон кор мекунад ва аз генҳои дигар бештар омӯхта шуда аст. Генҳои дигаре низ ба монанди DRD4 (рецептори дофамин D4), SLC6A4 (транспортери серотонин, бештар бо номи 5-HTTLPR ошност), OXTR (рецептори окситоцин), COMT (катехол-О-метилтрансфераза), MAOA (моноаминоксидаза A) ва …, ки барои бовармандии инсонҳо кор мекунанд.
Гузашта аз ин бовармандӣ паҳлуҳои дигаре дорад, монанди:
4.Заминаҳои равонӣ
- Назарияҳои маърифатӣ
- Гиперагентӣ
- Эвристика ва ғаразҳо
- Паҳлуҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ…
мешавад ин шуморро ба дарозо кашид, ки майдоне фарох барои омӯзишу пажӯҳиш фароҳам аст.
Агар сода бигӯем, бовармандӣ (имон) дар сиришти ҳар одам гузошта шуда аст. Инсон наметавонад бе бовар зиндагии комил дошта бошад. Бовар (имон) монанди чашму гӯшу дасту пою… як элементи сиришти инсон аст. Аз ин рӯ намешавад боварро аз инсонҳо гирифт. Ягона роҳи “таъсиррасонӣ” ба боварҳо ҳамин аст, ки ба ҷои як бовар бовари дигаре пешниҳод шавад. Таҷрубаи коммунистон нишон дод, ки ба ҷойи бовари динӣ пешниҳод кардани бовари наве монанди “коммунизм” у “кпсс” у… низ бебунёд будаанд. Сарсахттарин коммунист ҳам дар тангдастӣ “Худо” мегуфт.
Аз ин боз бар меояд, ки боварро ҳам ҳамчун як элементи бунёдӣ, сириштии инсон бояд пайваста омӯхт ва камбудҳояшро “даво” кард. Ҳарчи, ки дар сиришти инсон ҳаст, пухта нест ва коркард мехоҳад.
Сафват Бурҳонов,
Олмон