РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ПАРТОВ КАШ!

Газетаи мардумии СССР тасмим гирифт, то дар ободию оростагии шаҳри Бохтар ҳисса гузошта, тибқи супориши редаксия ба кормандони идораи Хоҷагии манзилию коммуналӣ барои кашонидани партов кӯмак намояд.  Мо метавонем!

 

Аз мост, ки бар мост

30.08.2024. Соат бо вақти Душанбе 14:30 дақиқа. Барои кумак ба ин мардуми меҳнаткаш, ки воқеан барои бархе кори онҳо ифлостарин менамояд, мо дасту остин бар зада, ҳамроҳашон барои тозагӣ мадад расонидем. Кори онҳоро нафароне барои худ шояд ор донанд, бехабар аз он ки ҳамин партовҳои сахти маишӣ ва сохтмоние, ки мо мутаассуф чанд метр дуртар бурдан намехоҳему назди дару дарвозаю подъезду домҳо ғарам мекунем, маҳз бо дасти онҳо бардошта мешавад.

Имрӯз сокинон шиква аз он доранд, ки партовҳо туда мегарданду онҳоро нафаре намекашад. Агар ба гузаштаи чанде пеш ва имрӯз диққат диҳем, шаҳр бамаротиб тоза гашта истодааст. Чандин қуттиҳои патовпартоӣ гузошта шуда, сокинон барои истифода ба онҳо дастрасӣ доранд. Ва шояд айби худи мо шаҳрнишинон аст, ки фарҳанги шаҳрдориро риоя намекунему мегузорем то партовҳо ҷамъ гарданду сарбориҳо оранд.

Ҳангоми иҷрои супориши навбатӣ эҳсос кардем, ки на ҳама ба ивази пул ҳам бошад, ба чунин корҳои ифлос даст мезанад! Ва гумон доред, онҳое кормандони ин корхона ҳастанд, ки маҷбуранд барои қути лоямут даруни партов дароянд?! Неъ ҳаргиз! Онҳо ҳам мисли мову шумо соҳиби оила ҳастанду зиндагии осуда доранд. Вале обод кардану ҳисса доштан дар пешравиро авлотар медонанд.

 

«Домсозон» асосгузори партови Бохтар

Дар шаҳри Бохтар имрӯз 55 нуқтаи партовпатоӣ фаъол аст ва аксарияти партовҳоро пасмондаҳои масолеҳи сохтмонӣ ташкил медиҳад. Мо шоҳиди он гаштем, ки ҳангоми кашонидани партовҳо нуқтаи аз ҳама калонтарин ҳам пур аз пасмондаи сохтмонист. Агар ҳамаи партовҳои шаҳр маишӣ бошанд, пас аз ифлосии шаҳр касе сухан намегӯяд. Зеро тавоноии Корхонаи манзилию коммуналӣ қисман барои кашонидани онҳо басандагӣ мекунад. Дар ин кор бояд соҳибкорону домсозон бо ин корхона фаъолияти дуҷониба дошта бошанду ҳангоми гузоштани асоси бинои навбунёд чанд қуттие пеши домҳо гузоранд. Бо ин восита ба тозагии шаҳр мусоидати дуҷониба фароҳам меояд.

Ба гуфти Мирзомурод Қувватов, сармуҳандиси корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар дар 1 шабонарӯз аз шаҳр наздики 290 тонна партов берун карда мешавад. Имрӯз шумораи нақлиёти партовпартоӣ дар коргоҳи номбурда 21 ададро ташкил дода, аз онҳо танҳо 8 – то мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

 

Реҷа муҳим аст

Корхонаи мазкур худмаблағгузор буда, ҳангоми пурра ҷамъоварӣ намудани ҳаққи хизмати коммуналӣ партовҳоро дар 1 ҳафта 2- 3 маротиба метавонад тоза кунад. Тавре дар сӯҳбат бо мухбири рӯзномаи мардумии СССР корманди корхонаи болозикр иброз дошт, дар ин амал раисони маҳаллаҳо камфаъоланд:

– Оғози соли хониш ба шаҳр аз кунҷу канори кишвар садҳо донишҷӯву корафтода меҳмон мешаванду сукунат ихтиёр мекунанд. Ва иддае мардум аз он гила доранд, ки маҳз онҳо шаҳрро ифлос мекунанд. Чунки дар шаҳр омада зистан қоидаҳои худро дорад. Муҳит дигар мешавад. Барои ин раисони маҳаллаҳо фаъолмандӣ бояд нишон диҳанд. Барои пешрафти кор мо бояд реҷаи муайянро ба роҳ монем. Агар аз соати 6- и бегоҳ то соати 6- и субҳ барои партофтани партов иҷозат дода шаваду дигар вақт маҳдуд мо сарфаҳми кори худ меравем, аммо агар мушоҳида кунед, мардум шабонарӯзӣ 24 соат бе реҷа партов меоранду дар дилхоҳ гирду гӯша мерезанд, ки ин аз руи инсоф ҳам нест, –  гуфт ҳамсӯҳбати мо

 

Ҳавасмандӣ ҳаст, масъулияти мардум не…

Дар корхонаи мазкур бештар аз 90 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки ҳамарӯза корҳои назаррасеро дар самти ободӣ ба сомон мерасонанд. Аз музди маош то ҳавасмандкунӣ коргарон розиянд. Дар иду ҷашнҳо кормандон қадр мегарданд.

Мирзоалиева Раҷабгул, коргари ҳамин корхона, афзуд, ки баъди ба муҳоҷират рафтани шавҳараш хост дар ин корхона фаъолият пеш барад. Тавре ӯ мегуяд баробари маош инчунин онҳоро тез – тез ҳавасманд мегардонанд.

   – Аксарият ба мо нигариста, шояд фикр доранд, ки мо аз маҷбурӣ даст ба ҳамин корҳо мезанем, аммо ин фикри онҳо ғалат аст. Зан ҳам бошем дар баробари мардон барои зиндагии хуб доштан талош мекунем, –  мегӯяд апаи Раҷабгул.

Дар ҳавои гарм СССР тасмим гирифт, ки қадре ҳам бошад ба ин коргарон кӯмак карда, дар тозагии шаҳр саҳм дошта бошад. Ва мо дасту остин бар задему дар мошини махсусе, ки бо он партов мекашанд, сари чанбарак нишастему партов тоза кардем. Ва зери бӯву тафи дамгир, аҳсан хондем ба онҳое, ки барои ободию поккорӣ машғуланд.

 

Волидон масъулият эҳсос кунанд

Шаҳри Бохтар, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон мебошад, мусаллам аст, ки ҳам аҳолӣ ва иҷоранишинҳое, ки дар биноҳои навбунёд иқомат мекунанд, бояд масъулият эҳсос кунанд, то мушкилӣ пеш наояд.

Имрӯз мебинем сокинон на реҷаи партофтани партовро риоя мекунанд, на ба ҷойҳои муайяншуда мебаранд. Партовҳои аксар оилаҳоро кӯдакон меоранд, ки ин аз бемасъулиятии волидон дарак медиҳад. Кӯдак сарфаҳм намеравад, ки ба куҷо барад ва дар натиҷа дар дилхоҳ ҷой партовро оварда мерезад. Мехоҳем нисбати ҳамин гуна волидон ҷаримабандӣ муайян гардад. Вагарна пеши ин кор гирифта намешавад, –  мегӯяд корманди дигари муассиса, ки худро Аслонбӣ Сафарова муаррифӣ кард.

 

Ҳавасмандии бештар боиси пешрафти кор

Аз сӯҳбат бо ин коргарон пай бурдем, ки онҳо мехоҳанд соҳиби маоши бештар бошанд. Ва яқинан дар ҳолати баланд кардани музд, мо метавонем нақшаи пурраи кормандони ин корхонаро аниқ намоем. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамаи оростагиҳои шаҳр мазҳ бо дасти онҳо сабз мегардад.

Имрӯз аз дилхоҳ нафари шаҳрнишин суол кунем, ки чаро нисбати супоридани ҳаққи хизмати коммуналӣ бепарво ҳастанд, посухҳои гуногуну баҳонаҳои бешуморе пеш меоранд, ки гӯё онҳо саривақт партовҳоро тоза намекунанд. Аммо тавре масъулон иттилоъ доданд, корхонаи мазкур худмаблағгузор буда, дар ҳолати пурра ҷамъоварӣ намудани ҳаққи хизмати коммуналӣ партовҳо саривақт тоза карда мешаванд.

Мо сокинону шаҳрнишинону меҳмонон набояд ба ин ҷиҳати масъала беэътино бошем. Зеро агар Мову Шумову Онҳо дар тозагии маҳалли худ ҳисса нагузорем, пас кӣ ба ҷояшон ҷамъиятро обод мекунад? Барои ин амалҳои дар назар оддӣ масулияти баланди Ватандорӣ доштан зарур аст.

 

Бохтарро мисли Кӯлоб тоза мекунем???

01.09.2024. Ин субҳ шаҳри Бохтарро тозаву озода дарёфтам. Дар шаҳр шумораи зиёди донишҷуён, кормандони касбу кори гуногун пайи кору пайкори хеш буданду дар шаҳри тоза муйсафедон сайру гашт доштанд. Агар дар муқоиса бо шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб Бохтари имрӯзаро муқоиса намоем, рӯз ба рӯз ба онҳо баробар шуда истодааст. Ва агар ҳамаи мо новобаста аз КӢ буданамон барои ободӣ ва пешравӣ талош намоем, Бохтар чун нигини пурҷилое дар чашм медурахшад. Мавзӯъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

Қосимзода Нуриддин, СССР,

вилояти Хатлон  

     

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube