Мардуми шарафманди вилояти Суғд 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки падидаи нодир ва дастоварди беназир маҳсуб меёбад, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Нишондод, рақамҳо ва омори фаъолияти тамомии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят худ бозгӯи гуфтаҳои болост.
Буҷет: иҷро 105,3 %
Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1-уми июли соли 2024 ба андозаи 105,3 фоизи нақша иҷро гардида, 1606,8 миллион сомониро ташкил додааст.
Иҷрои қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1562,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,4 фоиз мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,2 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,5 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,9, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,9, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,7 фоиз ва ғайра маблағ сарф шудааст.
1162 корхонаи саноатӣ
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 12831,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 110,1 фоизро ташкил кард.
Дар соҳаи саноат 1162 корхонаи саноатӣ фаъоланд, ки аз он 38 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 769 корхона ё 66,2 фоиз нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштанд.
Истихроҷи ангишт афзуд
Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба маблағи 4043,9 миллион сомонӣ маҳсулот истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 237,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз зиёд аст. Зиёд шудани он асосан аз ҳисоби истеҳсоли ангишт ва ангишти бӯр 30,1 фоиз ва регу сангмайда 18,7 фоиз ба амал омадааст.
Ҳаҷми истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 3806,4 миллион сомонӣ ё 127,7 фоизро ташкил дода, асосан аз ҳисоби зиёд шудани истихроҷи конҳои филизӣ 3786,2 миллион сомонӣ ё 128,4 фоиз ба амал омадааст.
Дар навбати аввал – истеҳсоли хӯрокворӣ
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 7710,8 миллион сомонӣ ё 108 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 3300,4 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 267,5 миллион сомонӣ, дӯзандагӣ 129,0 миллион сомонӣ ва ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 694,1 миллион сомониро ташкил дод.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли орд 16,7 фоиз, консерва 20,7 фоиз ва меваи хушк 1,5 баробар ба амал омадааст.
Таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 1005877,8 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз зиёд шудааст.
Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа
Ҳаҷми таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 70405,8 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар афзудааст.
Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 12395667,1 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 26,3 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳосил ва фаровонӣ
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 109595,1 тонна ғалладонагиҳо ё 11 фоиз, 95117,5 тонна сабзавот ё 7,6 фоиз, 55559,1 тонна картошка ё 28,2 фоиз, 17496,7 тонна полизӣ ё 0,6 фоиз ва 110963,7 тонна меваҷот ё 22,1 фоиз зиёд истеҳсол шудааст.
Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил оғоз шудааст. Зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) аз майдони 33776 гектар дарав ва аз майдони 33022 гектар кӯфта шуд, ки ҳосили он 88806,1 тоннаро ташкил карда, ҳосилнокии он 26,9 сентнерро ташкил дод.
Аз майдони 2495 гектар замин 42051,0 тонна картошка ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он 168,5 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз майдони 2583,4 гектар замин 62090,5 тонна сабзавот, ки ҳосилнокии он 240,3 сентнериро ташкил медиҳад ва 444,2 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Зироатҳои полизӣ ҳамагӣ аз майдони 1124,9 гектар замин 16935,5 тонна сабзавот аст, ки ҳосилнокии он 150,6 сентнериро ташкил медиҳад.
Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 102555,9 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 фоиз зиёд мебошад.
Бунёди боғу токзорҳои нав ва барқароркунии он
Ҳамагӣ дар хоҷагиҳои вилоят то 1-уми июли соли 2024 дар майдони 468,5 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла дар майдони 66,8 гектар боғҳои нав бунёд ва 401,7 гектар боғҳо барқарор гардида, мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз кам ва 13,3 фоиз зиёд шудааст.
Аз масоҳати умумии боғҳои нав дар 40,3 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор (себ, биҳӣ, нок), дар 26 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор (зардолу, гелос, шафтолу) ва дар 0,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои субтропикӣ (хурмо, анор) шинонида шудааст.
То 1-уми июли соли 2024-ум 15 гектар токзор барқарор гардида, мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 фоиз кам шудааст.
Чорводорӣ
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 761,4 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 ҳазор сар ё 3,4 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 100,5 ҳазор сар ё 5,6 фоиз ва саршумори мурғ 1208,1 ҳазор сар ё 24,5 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 93,5 фоизи саршумори чорвои калон ва 86 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Бӯстон–20,1 фоиз, Гулистон–17,3, Зафаробод–10,5, Истиқлол–10, Шаҳристон–9,2 ва Мастчоҳ–9,1 фоизро ташкил дод.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар вилоят саршумори қутос 2108 сар буда, аз он дар ноҳияҳои Айнӣ 1107 сар, Кӯҳистони Мастчоҳ 917 сар ва шаҳри Панҷакент 84 сарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, бузҳои ангорӣ дар вилоят 33,2 ҳазор сарро ташкил дода, дар ноҳияҳои Ашт 12,5 ҳазор сар ва Бобоҷон Ғафуров 20,7 ҳазор сар мебошад.
Гӯшт: истеҳсол 11,3% зиёд аст
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 32353,8 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2023-юм 11,3 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон–28,6 фоиз, Деваштич–28,3, Бобоҷон Ғафуров–20,1 ва Истаравшан–18,9 фоиз зиёд намуданд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар вилоят 149750,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1-уми июли соли 2023-юм 5,8 фоиз зиёд шудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92 фоизро ташкил менамояд.
Хоҷагии ҷангал
Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 3477,9 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,6 баробар зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 68 тонна, сабзавот 10, мева 234,7, гӯшт 4, шир 7,7, тухм 4 ҳазор дона, пашм 1,1 тонна ва асал 1,2 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.
Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 115 сар чорвои калон, 3394 сар гӯсфанду буз ва 92 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Моҳидорӣ
Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 9513,9 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 441,8 тоннаро ташкил дод. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 46,3 фоиз, зағорамоҳӣ – 29, гулмоҳӣ – 1,7, амури сафед – 17,9, суфмоҳӣ – 0,6 ва дигар намуд – 4,5 фоизро ташкил намудааст.
Сохтмони асосӣ
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1248048,4 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 89,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 423689,6 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 33,9 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.
Фондҳои асосӣ
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 845052,9 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробарро ташкил додааст.
Ҳаҷми фондҳои асосӣ дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ 103504,8 ҳазор сомониро ташкил дода 12,2 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст.
Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ –238216,6 ҳазор сомонӣ ё 28,2 фоиз, соҳибкорони хусусӣ – 314150,1 ҳазор сомонӣ ё 37,2 фоиз, ҶДММ – 65713,1 ҳазор сомонӣ ё 7,8 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 199608,9 ҳазор сомонӣ ё 23,6 фоиз, корхонаҳои муштарак – 18908,1 ҳазор сомонӣ ё 2,2 фоиз, маблағҳои хориҷӣ – 3411,4 ҳазор сомонӣ ё 0,4 фоиз, ҷамъиятҳои саҳомӣ – 5044,7 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.
254793 метри мураббаъ хонаҳои истиқомати дар 6 моҳ
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 824358,8 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки 66,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба масоҳати 254793 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 108,3 фоизро ташкил медиҳад.
Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 180425 метри мураббаъ ё 70,8 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ 58449 метри мураббаъ ё 23 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ 15919 метри мураббаъ ё 6,2 фоиз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашударо сохтаанд.
Нақлиёт
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 20,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 114,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилӣ шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 18,5 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 15,8 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 1,6 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 99,6 фоизро ташкил кардааст) бор кашонида шудааст.
Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 2098,4 миллион тонна километр ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9 фоиз зиёд шудааст. Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 146,1 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 112,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 146 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 112,8 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 9,7 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 77,6 фоизро ташкил додааст) мусофир кашонида шудааст, бо нақлиёти ҳавоӣ 79,4 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 1,7 баробар) мусофир кашонида шудааст.
Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 2171,1 миллион мусофирон километрро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 22,2 фоиз зиёд мебошад.
Хизматрасонии пулакӣ
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми хизмати пулакии ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба вилоят хизмат расонидаанд, 2391,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2023-юм 3,5 фоиз зиёд шудааст.
Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 1192,9 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 49,9 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 14,9 фоиз зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 817,1 сомонӣ рост меояд.
Савдои чакана ва яклухт
Аз рӯи таҳқиқоти гузаронидашудаи дарҷгардида дар он таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумӣ 729,5 миллион сомонӣ ё 52,1 фоиз, молҳои ғайриозуқа 670,7 миллион сомонӣ ё 47,9 фоизро ташкил додааст, ки молҳои озуқаворӣ ба маблағи 58,8 миллион сомонӣ нисбат ба молҳои ғайриозуқа зиёд фурӯхта шудааст.
Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (18,1 фоиз), маснуоти қаннодӣ (6,6), орд (6,9), равғани растанӣ (5,2), сабзавот (2,9), ярма ва лӯбиёгӣ (2,4), қанду шакар (2,8), меваҷот (2,6) ва картошка (3,6 фоиз) афзалият дорад.
Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (34,5 фоиз), газворҳо (12,3), пойафзол (9,2), либос (6,1), мебел ва маснуоти қолинҳо (3,8), асбобу анҷоми барқӣ – маишӣ (3,4) ва зарфҳо (2,4 фоиз) рост меояд.
Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 374,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз зиёд шудааст.
Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Тибқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки вилояти Суғд дар моҳҳои январ–июни соли 2024 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1475,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2023-юм 9,2 фоиз ё 124,8 миллион доллар зиёд шудааст. Вилояти Суғд бо 61мамолик, аз он ҷумла бо 10 ҷумҳурии ИДМ ва бо 51 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 65,6 фоиз ё 967,8 миллион доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 34,4 фоиз ё 507,8 миллион доллар рост меояд.
Таносуби содирот дар моҳҳои январ–июни соли 2024 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 28,5 фоиз ва воридот бошад, 71,5 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ–576,1 миллион доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур–59,3 миллион долларро ташкил додааст.
Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2024 нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2023 бо мамлакатҳои ИДМ 15,5 фоиз ё 129,6 миллион доллар афзуда, бо мамлакатҳои хориҷи дур 0,9 фоиз ё 4,8 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Содирот: тухми паранда, чормағзи заминӣ ва сурма
Дар моҳҳои январ – июни соли 2024 содироти мол 420,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2023-юм 1,1 фоиз ё 4,5 миллион доллар кам шудааст. Дар моҳҳои январ – июни соли 2024 содироти меваи тару тоза 37,6 фоиз ё 3063,9 тонна, ангишт 20,2 фоиз ё 10214,3 тонна, маҳсулоти маъданӣ 25,9 фоиз ё 38807,9 тонна, семент 45,7 фоиз ё 115217,8 тонна, калобаи пахтагин 24,5 фоиз ё 508,9 тонна кам шудааст.
Дар навбати худ содироти тухми паранда 368,9 баробар ё 1250,9 тонна, меваи хушк 1,6 баробар ё 14418,0 тонна, чормағз 1,7 баробар ё 81,5 тонна, чормағзи заминӣ 45,8 фоиз ё 255,8 тонна, сурма ва маҳсулот аз он 27,4 фоиз ё 1480,6 тонна афзудааст.
Воридоти мол ба вилоят 1055,5 миллион долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2023-юм 14 фоиз ё 129,3 миллион доллар зиёд шудааст. Дар ин давра воридоти орд ба вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 баробар ё 11658,8 тонна, шакар ва маҳсулот аз он 3,5 баробар ё 25686,2 тонна, маҳсулоти макаронӣ 1,5 баробар ё 471,9 тонна, нуриҳо 1,6 баробар ё 12424,5 тонна, парандаи хонагӣ 1,6 баробар ё 28,4 тонна, биринҷ 32,8 фоиз ё 2788,4 тонна, нафт ва маҳсулоти нафтӣ 18 фоиз ё 22809,6 тонна, мошинолот ва таҷҳизот 11,5 фоиз ё 1718,1 тонна, тухми паранда 5,9 фоиз ё 19,9 тонна, гандум 10,4 фоиз ё 41532,4 тонна, равғани растанӣ 32 фоиз ё 5749,6 тонна зиёд гардидааст.
Шарикони асосии содиротӣ инҳоянд: Чин – 41,3 фоиз, Қазоқистон –27,2, Ӯзбекистон – 13,9, Эрон – 5,2, Русия – 4,9, Туркиё – 2,4, Италиё– 1,7 фоиз.
Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон –31,9 фоиз, Русия – 27,3, Чин – 13,9, Ӯзбекистон – 9,8, Ҷумҳурии Корея – 4,7, Беларус –2,3, Туркиё –2 ва Литва – 1,5 фоиз.
Бозори меҳнат ва музди меҳнат
Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-майи соли 2024-ум 441,6 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 289,6 ҳазор нафар дар бахши воқеӣ ва 152,0 ҳазор нафар дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.
Шумораи бекорони расмии бақайдгирифташуда то 1-уми майи соли 2024-ум 6,9 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 55,1 фоизро занҳо ташкил додаанд.
Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 0,8 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст. Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – феврали соли 2024-юм 1976,67 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 фоиз афзудааст.
Нархҳои истеъмолӣ
Аз аввали соли 2024 индекси нархҳои истеъмолӣ – 101,8 фоизро ташкил дод, аз онҳо молҳои озуқа – 101,4, молҳои ғайриозуқа – 101,8 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 103,9 фоиз мебошад.
Дар моҳи июни соли 2024 нисбат ба моҳи гузашта аз молҳои озуқаворӣ мушоҳидашуда бештар гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 1,6 фоиз, мош – 3,1, нахӯд – 3,9, тухм – 4,3 ва равғани пахта – 10,9 фоиз қимат шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамин давра орди навъи якум – 0,6 фоиз, сабзӣ – 0,8, шакар – 1,8, себ – 5,2, карам – 6,3 ва бехпиёз – 15,6 фоиз арзон шудааст.
Аз аввали сол аз маҳсулоти озуқаворӣ нахӯд – 5,5 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ – 6,1, лӯбиё – 9,1, мош – 9,9, биринҷ – 10,2, картошка – 17,1 ва себ – 59,4 фоиз қимат шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамин давра шакар ва равғани офтобпараст – 2,8 фоизӣ, орди навъи якум – 4,5, равғани пахта – 4,7, маҳсулоти макаронӣ – 5,4, тухм – 23,3, марҷумак – 23,4, помидор – 24,1 ва бодаринг – 67,6 фоиз арзон шудааст.
Дар моҳи июни соли 2024 индекси молҳои ғайриозуқаворӣ нисбат ба моҳи гузашта 99,9 фоизро ташкил дода, аз молҳои мушоҳидашуда бештар бензин – 0,4 фоиз ва гази моеъ – 6,1 фоиз арзон шудааст.
Тандурустӣ
Дар моҳҳои январ-майи соли 2024 аз рӯи маълумоти омори ҷорӣ 4096 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2023-юм 10,2 фоиз зиёд шудааст. Ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 34,9 фоиз ва бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 9,4 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.
Дар моҳҳои январ-майи соли 2024-юм 2567 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2023-юм 13,2 фоиз кам аст.
Пардохти нафақа ва кумакпулӣ
Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилояти Суғд маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 540,5 миллион сомониро ташкил додааст.
Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-июни соли 2024 бо назардошти бақияи аввали сол (0,7 миллион сомонӣ) 533,1 миллион сомониро ташкил кардааст.
Шумораи нафақахӯрон то 1-уми июли соли 2024-ум 253930 нафарро ташкил медиҳад.
12 000 иншоот – армуғони ҷашнӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 000 иншооти тайиноташ истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду барқарор намояд.
То ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Тавре ба мухбири СССР дар Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли 2024 дар вилоят таъмиру тармими 2077,0 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 1005,8 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 км таъмири асосӣ, 364,8 км таъмири ҷорӣ ва 528,9 км шағалпӯш мебошад.
Таснифи Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
Душанбе – Хуҷанд – Душанбе