РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ПИСТАВУ БОДОМ ХАР!

Нархи дандоншикан

Имрӯзҳо дар тамоми маъракаҳои мардумӣ мо дар рӯйи хон сар карда аз шириниҳои гуногун хушкмеваро низ мебинем, ки бо 1 дидан ҳаваси кас меояд. Аммо кам касон андеша мекунанд, ки арзиши он дар бозор чӣ қадар ва чанд пул аст. Ин ҳафта бо супориши редаксия ман хушкбор, хосса пиставу бодом харидам. Рафтеееем!

25.08.2024. Соат ба вақти Бохтар 11:15 дақиқа. Ба бозори ҶДММ “Фаровон” омада, ба растаи пистафурӯшон даромадам. Аммо ба ғайр аз ин раста боз савдогарон маҳсулоти худро дар дигар кунҷу канори бозор ҳам ба фурӯш гузошта будаанд. Мо сараввал аз ин раста дидан кардем. Ростӣ, дар аввал намои зоҳирии пиставу бодом, мавизу тут, чормағзу кешю одамро ба худ ҷалб мекунад. Аммо ба қавле “Обро дида мӯза каш”-  гуфтани хирадмандон ҳам беасос набудааст. Чун аз нархаш пурсон шудам, ҷайбам ба хотир омад…

Бар замми ин қадар гарон будани нархи хушкмева ин бозор ҳамеша пур аз харидор аст. Пистаи маъмулии туркӣ ва бодоми афғонии бозорҳои моро метавон ба руйхати маъмултарин донагиҳо шомил кард. Зеро ҳамасола 100 –  ҳо тонна ин навъи донагиҳо ба кишвар ворид мегардаду талабот ҳам ба онҳо зиёд аст. Боғбонони мо ҳам барои бозори ин намуди маҳсулоти хориҷиро ба даст гирифтан ҷаҳд доранд.

Мушоҳидаҳои шахсӣ бозгуйи онанд, ки имрӯз на ҳама дар кишвар барои хариди хушкмева дастрасӣ доранд. Ба вежа мардуми миёнаҳол. Зеро агар ба намуди диққатҷалбкунааш назар кунӣ, дигар камбудиҳои маърака 1 суй мемонад, чун нархаш гарон аст.

Намо ҳаст, мазза не

Зимни боздид аз растаи донафурӯшон бо нафароне вохӯрдем, ки ё тӯй доштанд ё маърака. Ва онҳо новобаста ба нархаш навъҳои хориҷӣ интихоб мекарданд! Чаро маҳсулоти ватанӣ истода, мардум рӯй ба моли хориҷ мекунанд? Ё гумон доранд, ки сифати молу маҳсулоти хориҷ авлотару беҳтар аст? Ба хаёлам масали “Оби дари хона беқадр” расид, ки ҳақ бар ҷониби гӯяндаи он аст!

Ин навъҳо, ки дар назар зебоянд, лекин намудҳои худӣ таъму лаззати дигар доранд. Бояд гуфт, ки иқлим ва хоки Тоҷикистон барои парвариш ва нашъунамои ҳама намуди маҳсулот мутобиқ аст, аммо мутаассуф ҳоло ҳам аксар маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷ ворид мегардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамаи навъҳои ин маҳсулоти “сари сабади маъракаҳо”- ро дар ватанамон имкони парвариш аст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар Хатлон, дар н. Ҷайҳун бинобар талаботи зиёди аҳолӣ ба пистаи туркиву бодоми афғонӣ, боғи бунёд ёфта, аллакай соли сеюм аст, ки ин ниҳолҳо самар меоваранд. Масъулон ният доранд, ки аввал бозорҳои худиро таъмин ва баъдан содироти онро ба роҳ монанд. Умри ин дарахтон бошад то 400 солро дар бар мегирад. Масоҳати пистазори ин минтақа 36 г- ро ташкил дода, дарахтон нашъунамои хуб доранд, мегӯяд мутахассисони соҳа.

Аммо ногуфта намонад, ки таъми пистаи маҳаллӣ ва бодомҳои бобоӣ дигар аст, ки дигар.

 

Хӯрданаш ҳам дандон шиканад!

Барои лаззату маззаи пиставу бодоми хориҷию маҳаллиро қиёс кардан мо аз чанд донаи он чашидем. Дар гирди мо харидорон зиёд буданд. Ҳама медонем, ки даҳони на ҳама донаҳои навъи маҳаллӣ боз аст, аммо хушмаззаанд. Аз навъҳои хориҷӣ бошад ҳамаашон бомазза, лек пистаи тоҷикӣ лаззати дигар дорад. Танҳо интихобу тавоноӣ аз мост, ки ба кадоме дастрасӣ доред(м).

Солҳои пеш ба ноҳияҳои дур сафар мекардему дар кӯҳҳо анбӯҳи зиёди дарахтони пистаҳои худрӯйро вомехурдем ва ҳар кас дар роҳ метавонист аз он донае чанд бихурад. Ё дар роҳҳо наврасони пистафурӯшро медидем, ки дар даст ҳамели пиставу бодомҳои намакин назди мусофирон меомаданд. Ба назар чунин мерасад, ки бунёд кардани боғҳои писта ва шинонидани он дар мавзеи камоб манфиат дорад.  Тавре ба мо аз раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун иттилоъ доданд, дар ноҳияи мазкур майдони кишту парвариши пиставу бодомҳои хориҷӣ васеъ мегардад, ки ин ҳама барои қонеъ кардани талаботи сокинон ва кам кардани маҳсулоти воридотӣ мебошад. Ба иддаои мутахассисони соҳа, дар мавзеи камоб, бунёд кардани пистазор ба ноҳиядорон нафъи калон хоҳад овард.

Писта ва саломатӣ

Чун ҳама медонем писта ба саломатии инсон манфиат дорад ва он ба гуфте гуё ба мардон фоидаи бештар доштааст. Лекин харидорони он дар рӯз асосан занҳо буданд. Чун рӯзи супориши мо ба рӯзи истироҳатӣ иттифоқ афтод, табиист, ки туйю маърака ҳам дар ин рӯзҳо зиёд аст. Бо Мавлуда Мадалиева, зани туйдоре сӯҳбат намудем, ки донагӣ харид мекард. Ва зимнан иброз дошт, ки бе ин пиставу бодом ягон дастархон зеб надорад.

– Ман медонам, ки нархаш дандоншикан асту мардуми одӣ аз пешаш шояд чашм пушида гузаранд. Лекин туй бе ин, ба қавле зеби хон намешавад! Беҳтар мебуд, нархи пиставу бодоми маҳаллӣ қадре поин мешуду ҳама аз он харидорӣ карда метавонист. Зеро мебинем, ки имрӯз нархи ҳамон навъҳо ҳам гарон шудаанд. Ин гаронӣ ба сари пистаҳои маҳаллӣ ҳам омадааст, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

 

Ман ва писта

Новобаста ба нархи гарони ин маҳсулот ман тибқи супоришоти редаксионӣ ва хоҳиши хонандагон 0,5 кг пистаи маҳаллӣ ва 0,5 кг бодомӣ афғонӣ харидам. Чун нархҳо якхел буд, ба ман лозим нашуд, ба дигар кунҷи бозор равам, зеро медонистам, ки нархи он дар ҳама ҷо якранг аст. Лекин маро 1 чиз ба андеша бурд, ки оё дар хориҷ ҳам пиставу бодоми моро парвариш мекарда бошанд? Дар ҳоле, ки қисмате аз мо ба сифати маҳсулоти хориҷӣ боварии бештар дорему истифодаи онро беҳтар мешуморем. Хориҷиҳо ҳам навъҳои моро кишт мекарда бошанд?

 

Пистаҳои Хатлонӣ куҷоянд?

Тавре ба мо Мираҳмад Давлатов, муовини раиси Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон иттилоъ дод, масоҳати умумии ҷангали вилоят 344 ҳазору 411 га – ро ташкил карда, аз он 77 ҳазору 350 гектар пистазор аст. Саволе ба миён меояд, ки ҳамон пистазорҳои номдори Хатлон дар ҳамаҷо маъруф буданду даҳони ҳамагӣ бо он ширинком, куҷо шуданд? Пистаро на фақат мевааш қиммат шудааст, ҳатто чӯби онро савдогарону ошпазон барои омоданамоии хӯрокҳои худ дар ошхонаҳо ҳам бо нархи боло мехаранд.

Ва саволи дигари матраҳ ин аст, ки кай мо бозорҳои ватаниро бо маҳсулоти сирф маҳаллӣ таъмин мекарда бошем? Ва ё агар кишти ин навъҳоро афзун намоем, оё нарху навои онро метавонем барои истеҳсоли ватанӣ буданаш поин барем? Зеро фарзи мисол ҳамин офтобпарасте, ки имрӯз миёни ҳамагон бо номи “Чемпион” машҳур асту истеҳсоли хориҷа аст, дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷойи дигар намуди офтобпарастҳоро гираду бозори тоҷирони моро коҳиш диҳад. Чӣ расад ба пистакору бодомфурӯш…

Пайгири мавзуъ мемонем.

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube