АКБАРИ БУЗУРГ

(28 август Рӯзи Бузургдошти Хотираи Акбари Саттор)

Акбари Саттор яке аз бунёдгузорони матбуоти хусусии даврони навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Оғози замони соҳибистиқлолӣ, ҳине ки дар кишвар ҳанӯз алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагаштаву иқтисодиёт хароб ва рӯзномаҳо ба гоҳнома табдил шуда буданд, бо таъсиси газетаҳои «Дайджест-пресс» (18.11.1994) ва «Чархи гардун» (25.4.1996), «Авиценна» (16.10.1998) ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ халои иттилоотиро пур кард ва мардумро дубора ба рӯзномахонӣ рӯ овард.

ПАНДГУНАҲОИ АКБАРИ САТТОР:

«Худо ба мард ҳеҷ чиз надиҳаду саодати оилавӣ диҳад».

***

«Ҷашни зодрӯз сирф маъракаи хонаводагист. Ман, «Кока кола» ва «Марс» ба реклама эҳтиёҷ надорем».

***

«Бовар кун, аз мурдани ту ба ман ҳеҷ фоидае нест. Пас намуру зиндагӣ кун».

***

«Сайёфи Мизроб, журналистро ба Кӯлоб, Эмомалиро (Э. Сайдамирзод, рӯзноманигор) ба Дарвоз, Равшанро (Равшани Махсумзод, нависанда) ба Бойсун, Боймуродро (Б. Шарифзода, адабиётшинос) ба Элоки Файзобод бурдану мардумро азоб додан чӣ даркор? Ҳамаатонро дар Мортеппа (ноҳияи Ҳисор, зодгоҳи Акбар – У. Ш.) мегӯронаму баъд худам дар паҳлуятон мехобам».

ҲОЛНОМА

Сатторов Акбаралӣ Қурбоналиевич (10.2.1965, деҳаи Мортеппа, ноҳияи Ҳисор – 28.8.2015, ҳамон ҷо), журналист, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2006-2015).  Пас аз хатми мактаби миёнаи №25-и зодгоҳ соли 1982 ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуд. Июни 1983 – июли 1985 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР. Соли 1987 таҳсилро дар факултети журналистикаи Университети давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба номи А. А. Жданов идома дода, онро соли 1990 хатм кард.

Аз август то ноябри соли 1990 мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), ноябри 1990 то ноябри 1994 мухбир, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» буд.

Аз 18 ноябри соли 1994 директори генералии ҶДММ «Чархи гардун». Июли 2006 – 2011 то 28  августи 2015 раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Ба бештар аз 30 давлати дунё сафар дошт…

Моҳи декабри соли 1994 рӯзномаи хусусии «Дайджест-пресс»-ро асос гузошт. Баъдан, ҳафтаномаҳои «Чархи гардун» (25.4.1996), «Авиценна» (16.10.1998), «Время-деньги», «Алладин» ва «Зан ва мард» созмон ёфтанд. Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Шурои миллии муқовимати зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи 14 маҷаллаву рӯзномаҳои кишвар, узви ҳайати Шурои илмию таҳририи «Энсиклопедияи миллии тоҷик», узви Шурои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон. Гузориш, новелла, очерку мусоҳиба ва мақолаҳояш дар 7 нашрияи хориҷӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, қазоқӣ ва чинӣ нашр шудаанд. Бо медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ордени «Ҷасорат»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 17 медали Россия ва ИДМ қадр шудааст.

НАҶОТБАХШ

Бо таъсиси Нашрияи хусусиаш «Дайджест-пресс» (соли 1994) нафарони зиёдеро гирд овард.  «Дайджест-пресс» аз шумораҳои аввалинаш серхаридортарин газета дар кишвар гашта, 100 журналисти касбӣ, нависандагону ҳунармандон, олимон, ҷавонон ва кормандони гуногунсатҳи техникӣ дар он ҷамъ омада буданд.

Ба баракати иқдоми неки Акбар нафарони зиёде соҳиби ҷойи кор, нонпулӣ шуданд. Рӯзи тақсими «Дайджест-пресс» маҷмаи «Шарқи озод» бозорро мемонд. Паҳнгарони рӯзнома – кампирону мӯйсафедон, нафарони басо ниёзманди қишри ҷомеа аз фурӯши рӯзнома қути лоямут дармеёфтанд.

Бо таъсиси газетаи тоҷикии «Чархи гардун» (25.04.1996), Акбар ҳамсабақони донишгоҳӣ, журналистони кордидаро ба кор ҷалб кард. Ба ҷуз ин ҳама, Акбар ба як идда шахсони солдидаи ниёзманд нафақапулии ҳармоҳа (ҳарҳафтаина) таъин карда буд. Аз ҷумла, ба Абдулло Дӯст (Хоксорӣ), Аслам Адҳам, Обид Умаров, Ҳошим Гадоев. Бузургтарин хизмати вай дар зарфи 21 сол (1994-2015) ҷалби одамон ба кори нашри рӯзномаҳо, таъмини кор ва наҷоти пиронсолон аз ҳисоби фурӯши газетаҳо буд, ки ин далел бебаҳс аст.

ТАЛАФОТ

28.08.2015. Шомгаҳӣ хабари марги нобаҳангоми раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов барқосо паҳн шуд. Ӯ ҳамагӣ 50 сол умр дид. Ӯ ба қавлаш вафо накард ва аввалтар аз дӯстони қаринаш – Сайёф, Эмомалӣ, Равшан ва Боймурод дар баландии оромгоҳи деҳаи Мортеппаи Ҳисор маскан гирифт…

Инак, соли 9-ум аст, ки раис Акбар моро тарк гуфта ва 9 соли расост, ки ӯро доираи аҳли назар ҳар лаҳзаву ҳар соат ба некӣ пеши рӯ меоранд. Бавижа, он дӯстоне, ки имрӯзҳо дар бинои нашриёти «Шарқи озод» фаъолият доранд, зеро Акбар дар зарфи 21 соли будубош дар ин маҷмаа чандин ҳуҷраву ошёнаҳоро дидаву хуш рӯзҳоеро пушти сар кардааст. Аз қабати 6 ба 4-ум, аз 4 ба 3-вуму дувум ва ниҳоят дар ошёнаи якуми бино, назди фаввораи нашриёт, шафати дарахти сершоху барги зардолу орамид.

Идораи «Чархи гардун», ҳуҷраи кории Акбари Саттор маъвогаҳи дӯстону шахсиятҳои номвари ватанию меҳмонони хориҷӣ, макони суҳбатҳои дилнишини журналистони дуру наздик буд. Ба хотири дӯстону ҳамкорон чанд соли охир Акбар қаҳвахона (бар)-и худ – «Де-факто»-ро созмон дод. Ҳамаро дар як марказ, дар як ошёна: идораи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҶДММ «Чархи гардун» (идораи ҳамаи рӯзномаҳояш), қаҳвахонаи «Де-факто», ҷамъ овард.

Акнун вақти роҳату фароғаташ расида буд, ки… Ҳайҳот! Сад дареғ!..

Умар АЛӢ

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube