Ҳафтаи сипаришуда ба телефонҳои мобилии сокинони мамлакат СМС -паёмаке ирсол шуд, ки интиқолдиҳандаи он Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мо аслан ба ин гуна паёмакҳо одат ҳам кардаем. Зеро ҳар рӯз аз шабакаҳои мобилӣ паёмакҳои гуногун ба муштариён равон мегардад, ки ба ин ё он опсия ворид шудани муштариро изҳор медорад. Аммо ин маротиб СМС – паёмаки кумитаи мазкур аз дигар паёмакҳо фарқ дошт.
Бақайдгирии электронӣ
Тавре дар сомонаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ гуфта мешавад, минбаъд шаҳрвандон тавассути сайт худро ба қайд гирифта, метавонанд барои баргузории тӯй ё маросими мотам тавсиянома бигиранд.
Дар кумитаи номбурда гуфтанд, ки ин иқдом аз оғози соли 2024 ҷорӣ шуда, барои осон кардани раванди бақайдгирӣ пешбинӣ шудааст. Ва ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо нарафта, маъракаи худро, аз хона, тавассути интернет ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон аст.
Иҷозатномаи электрониро метавон дар сомонаи www.tanzim.tj сабтином карда, ба даст овард. Ҳангоми ворид шудан ба сомонаи номбурда 2 тугма – “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” ва “бақайдгирии маросими азодорӣ”, пайдо мешаванд. Ҳангоми пахши тугмаи “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” равзана барои ворид кардани маълумот боз мешавад.
Дар ин равзана мебояд намуди чорабинӣ – тӯйи арӯсӣ ё домодӣ, намуди маърака – оши тӯй ё зиёфат, маълумоти шахсӣ, аз қабили ному насаби арӯсу домод, шаҳрвандӣ, суроға ва рақамҳои телефон, суроға ва вақту санаи баргузории чорабинӣ ва ҳатто забҳ кардан ё накардани чорворо ишора карда, нусхаҳои шиноснома ва маълумотнома аз САҲШ-ро оид ба аризаи қайди никоҳ пешкаш кардан лозим аст. Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, дар ҳолати маъқул донистани он, ба шумо иҷозатномаи электронӣ фиристода мешавад.
Тартиби бақайдгирии маросими азодорӣ низ ҳамингуна аст, танҳо ҳуҷҷатҳои лозима фарқ мекунанд.
Мардум ҳоло омода нест!
19.10.2024. Тайи чанд соли охир мардуми мо аслан туй ва дигар маросимҳои худро дар рӯзҳои истироҳат мегузаронанд. Зеро ҳарчанд тибқи қонун дар рӯзҳои корӣ баъди соатҳои 18, маърака иҷозат ҳаст, аммо аксарият рӯзҳои истироҳатро мусоид шуморида, ин рӯзҳои орӣ аз корро муносиб медонанд.
Нуриддин Холов, сармутахассиси бахши Танзим аз шаҳраки Балхи н. Ҷ. Балхиро ёфта, хостем аз мӯҳтавои паёмаки навбатии Кумита шинос шавем. Дар аввал худро корманди нав гуфта, нахост сӯҳбат кунад, аммо чун гуфтем аз рӯзномаи мардумии СССР ҳастем, розигӣ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамон талаботҳои пешина бо ворид кардани андак тағйирот ба мардум осонтару дастрастар гардонда шуд. Зеро пеш барои барӯйхатгирии ҷашну маросимҳо сокинон бо нофаҳмиҳои зиёд рӯ ба рӯй мешуданд. Ҳамаи ин ғамхориҳо барои осон шудани кори маъракадор равона шудааст.
– Мардум омада мегӯянд, ки ҳамин гуна паёмак ворид шудааст. Аммо аз маъно ва дар кадом ҳолат чи кор карданашон пурра огаҳ нестанд. Тибқи Талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (тӯйҳои домодиву арусӣ), баргузории танҳо 1 маърака бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй (оши наҳор) барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст. Яъне, хизматрасонӣ ба Шумо мефаҳмонад, ки ҷашну маросимҳо тариқи онлайн ба қайд гирифта шуда, дар ҳолати дар доираи он амал кардани шаҳрвандон аз тарафи бахши мазкур монеагӣ карда намешавад, гуфт ҳамсуҳбати мо.
Фейк ё ҳақиқат?
Ба ақидаи бисёре аз сокинон ҳоло ин паёмаки Кумитаро ҳамчун фейк қабул кардаанд. Барои пурратар бо мафҳуми чунин тағйирот шинос шудани мардум, бояд кормандони бахши мазкур бо омма корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Дар тағйир кардани банду моддаҳои Конуни Ҷумхурии Тоҷикистон қисме аз маъракаҳои бемаъние, ки дар пай танҳо исрофу харҷи зиёд дошт, аз байн бардошта шуд. Амсоли ҳамин маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, муборакбодӣ манъ карда шуд.
Тӯйбошӣ СССР
Чун бо супориши редаксия мо бояд дар маъракае ширкат мекардем, ниҳоятан дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар оилае, ки тӯйи домодиву арӯсӣ мегузашт, меҳмон шудем. Соҳибхона худро Давлат ном гирифт. Баъди хурдани зиёфат мо пурсон шудем, ки Шумо барои гузарондани маъракаи худ тавсиянома дастрас кардед? Дар ҷавоб соҳибхона иҷозатномаи бахши танзиму анъанаро нишон дода, гуфт, ки дар телефонам пеш аз туй СМС – паём омад, ки бояд аз хизматрасонии онлайнӣ истифода барем. Аммо мо аз шакли пешина истифода карда, маъракаро дар ин рӯз гузоштем. Гумон мекунам, ҳоло мардуми мо алалхусус мардуми русто барои чунин хизматрасониро қабул кардан, омода нестанд! Барои ин корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва фаъолон бояд баргузор кард.
Дар маъракае, ки мо будем, танзими вақту меҳмон ва хурду хӯрок риоя шуда, бо одоби баланди меҳмоннавозӣ, ки хоси миллати меҳмондӯсти тоҷик аст, арӯсӣ баргузор шуд. Исрофкорие, ки солҳои пешин буду мо аз ҳадду ҳудуди инсонгарӣ мебаромадем, дида намешуд. Чун гузаштаи начандон пеш, аз пушти маъракаҳо мардум қарздор шуда, чунон ба сарфу харҷи беҳуда роҳ медоданд, ки сарҳисобашон гум мешуд, аз байн рафтан дорад. Хушбахтона, дар натиҷаи таъсири қонунҳои амалкунанда, исрофкориҳо маҳдуд шуда, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Агар ҷое ҳам таънагарон фитна ангезанд, қонуни Танзим бар даҳони эшон хок мепошад!
Муоинаи тиббӣ ҳатмист!
Дар доираи пажуҳиши ин матлаб, бо Ҳасан Адиров ном ҷавоне шинос шудем, ки барои таҳлили хун ба маркази КАТС- и ноҳия муроҷиат мекард. Тавре Ҳасан гуфт, нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаасту волидон хостанд ӯро оиладор кунанд. Барои ин ҳам худаш ва ҳам духтаре, ки бо ӯ оиладор мешавад, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ин дар асл кори хуб аст. Набояд фаромӯш кард, ки муоинаи тиббии ҳатмии пеш аз издивоҷ бар дӯши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат буда, он баръакс барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои ирсӣ ва сироятист. Кормандони бахши танзими шаҳру ноҳияҳо бе хулосаи муоинаи тиббӣ тавсиянома барои баргузории тӯю сур намедиҳанд. Инро набояд фаромуш кард, навхонадорони азиз!
Навгониҳо фаҳмонда шаванд
Пештар тибқи муқаррарот замимаи сеюмро кормандони бахши мазкур дида, баъдан дар асоси он хулоса бароварда, тавсиянома пешниҳод мекарданд. Аммо ҳоло ин онлайнҳо то куҷо кори мардумро осон мекунад? Ба назари сармутахассиси бахши танзиму анъанаи н. Ҷ. Балхӣ Нуриддин Холов ин аз 1 ҷиҳат амали беҳтарин аст. Чунки мардум дигар сарсон намешавад. Аммо барои пурра омухтани ин хизматрасонӣ вақт лозим!
Тасмими нави Кумитаи дин хуб аст, аммо моҳияти дарки ин хизматрасониро бояд сокинон хуб сарфаҳм раванд. Ҳамаи он иловаҳое, ки дар қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, баҳри беҳтарсозии зиндагии шаҳрвандон аст, лек то иҷрои ин амалҳои манфиатнок кормандони бахшҳои болозикрро мебояд аз кабинетҳои худ берун баромада, миёни мардум бошанд ва бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон