САФАРИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ӮЗБЕКИСТОН

26.09.2024. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати калони корӣ, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣиқтисодӣ, илмӣтехникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.

Нахуст, аъзои ҳайати вилояти Хатлон бо раиси вилояти Сурхондарё Қосимов Улуғбек Бердиқобилович аз минтақаи озоди тиҷоратии “Айритом” воқеъ дар ш.Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид ба амал оварда, бо натиҷаҳои ислоҳот дар самти рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар ин ҷо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки дар минтақаи озоди тиҷоратии “Айритом” аз Афғонистон, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон тоҷирон ба кор машғул ҳастанд. Ҳудуди он 36 гектарро ташкил мекунад ва 400 мағоза дар 4 блоки савдо ҷойгир аст. “Айритом” дорои маҷмааи савдо, биноҳои истеҳсолӣ ва анбор, инчунин маркази логистикӣ буда, дар ин ҷо меҳмонхона, дармонгоҳи тиббӣ ва маркази таълимӣ ҷойгир аст.

Давлаталӣ Саид ва Улуғбек Қосимов масъалаҳои рушди муносибатҳои ҳамкории мутақобиларо дар марҳалаи нав баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар рафти гуфтушунид масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, рушди муносибатҳои 2 вилоят дар марҳалаи нав баррасӣ шуданд. Роҳбарон изҳор доштанд, ки барои роҳандозии ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва гуногунҷанбаи байниминтақавӣ манфиатдор мебошанд.

Инчунин дар бораи таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва харитаҳои роҳ барои татбиқи он мувофиқа карда шуд. Пасон ҳайати вилояти Хатлон аз корхонаҳои бузурги истеҳсолии н.Термиз дидан карда, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли қолинҳои ҶДММ «Термиз милли қолинҳо», ҶДММ «Афросиёб парранда» истеҳсоли хуроки чорво ва ҶДММ «Gold Dried Fruits Export» ва аз корхонаҳои коркарди меваю сабзавот шинос шуданд.

Давлаталӣ Саид дар фарҷоми сафар ба ба раиси вилояти Сурхондарё пешниҳод намуд, ки бо истифода аз иқтидори соҳибкории минтақаи мазкур метавонанд лоиҳаҳои нави ояндадорро дар Тоҷикистон амалӣ созанд.

О.Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube