ПАХТАИ ТОҶИК ҚАДР ДОРАД?

Дар ҳақиқат пахта дар давлати мо қиматашро гум кардааст. Дар ин бора 2 сол боз тавассути газетаи СССР мегӯему менависем, вале масъулони соҳа чаро посух намедиҳанд?

Тобистони имсола ҳарорати гармӣ аз 55 дараҷа гузашт. Табиист, ки ҳосили пахтаро гармсел дар ин давра нобуд кард. Ин ҳам бошад офати табиист. Давлат инро ба деҳқон ҷуброн мекунад ё не? Агар имкони ҷуброн набошад, ақаллан нархи пахтаро то дараҷаи соли 2022 боло бардоштан мумкин аст-ку? Соли 2022 мани муалифи ин сатрҳо 1 килограм пахтаамро 13 сомонӣ фурухтам, дар соли 2023 бошад 1 кг ба 5 сомонӣ баробар шуд. Ва ин дар сурате, ки нархи хароҷоти парвариши пахта ҳамон хел бе тағйир монд.

Сабабаш дар чист? Кӣ инро ба деҳқон мефаҳмонанд. О, пахта боигарии давлат буд ку! Имрӯз боигарии кист? Инро кӣ шарҳ медиҳад?

Савдогаре, ки пахтаро аз деҳкон бо нархи 5 сомонӣ мехарад фақат кунҷораашро 5 сомонӣ мефурушад. Нархаш, равғанаш, пасмондаи чигит (шелуха)-и инҳо куҷо шуданд? Ягон кас аз он муҳтарам соҳибкорон дар ин бобат мепурсида бошад? Умуман нархи харду фуруши пахтаро кӣ танзим мекунад, ақаллан хаминашро мефаҳмидем.

Ягона соҳае, ки даромаднок буд, ин пахтакорӣ буд, аммо ин ҳам бошад бо ин нарху наво зараровар шуд. Акнун деҳқон заминро чи кор мекунад? Вазорати кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо дар ин бора ягон чиз мегуфта бошанд? Манфиати деҳқонро кӣ ҳимоя мекунад?

Чи хеле, ки халқ мегӯяд: «Аҳволи мусибатзадаро мусибатзада медонад». Соҳибкороне, ки масъалаи хариду фуруши пахтаро то ба ин ҳад поин овардаанд, дарк намекунанд, ки деҳқон дар чӣ аҳвол аст? Канӣ бародарию баробарӣ?

Хушвақт Хошоков,

н. Дӯстӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube