СУҒД: АЗ «ФУРӮШ»-И САРБОЗОН ТО ФИРЕБИ ҲУКУМАТ

Дар мавсими имсолаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ҷамоат ва бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шеваи нави сарбозҷамъкуниро ихтироъ намудаанд. Акнун дар вилояти Суғд даъватшавандаи воқеиро аз хизмати Модар – Ватан гурезондану ба ҷои ӯ солдат харидан мумкин шудааст.

Тавре газетаи «Азия плюс» менависад, ин «навгонӣ» дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Айнӣ ҷой дошта, волидайни пулдор ҷои ба хизмати аскарӣ даъватшуда пул ҷамъ намуда, ба он нафаре медиҳанд, ки омода аст ба ҷои писари онҳо рафта хизмат кунад. Бо ин роҳ ҳам нақшаи ҷамоату ноҳия ва шаҳр пур гашта, ҳам оилаи камбизоати ба аскарӣ рафта соҳиби каме маблағ мегардад. Агар дар маҳалла ё ҷамоат касе хоҳишмандона ба ивази пул хизмати ҳарбиро бар дӯш нагирад, мансабдорони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо кормандолни комиссариат аз дигар ҷамоат ба қавле «призывник» ёфта, ӯро мехаранду бо ин роҳ нақшаи даъватро иҷро менамоянд-навиштааст Азия Плюс. Коре, ки дар ҳеҷ давру замон дар ягон вилоят ё шаҳру ноҳияи Тоҷикистон набуд…

Тавре ҳамсуҳбатони «Азия плюс» мегӯянд, мардуми бархе аз ҷамоатҳо дар даъвати баҳорӣ аз ҳар оилае, ки даъватшаванда дорад, 1000 сомонӣ ҷамъ менамоянд, ки гоҳо ин маблағ то 30 000 сомониро ташкил менамояд. Он, ки оё ин маблағ пурра ба даъватшавандаи ихтиёрӣ дода мешавад ё не, касе чизе намегӯяд. Вале ин муҳим нест, Муҳим он аст, ки чунин харидуфурӯши сарбоз оё фиреби давлату ҳукумат нест!? Суоли риторикист, ки бояд дар сатҳи баландтарини давлат матраҳ шавад ва фарзандони сарватмандону раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд пеш аз ҳама, дар сафи аввал ба хизмат раванд, то ин раванди бисёр нангин ва хавфнок саривақтӣ ислоҳ шавад.

 

ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТ 100% ИҶРО!

Хушбахтона, замоне, ки барои иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорӣ дар вилояти Суғд, масъулини давъат ба хариду фурӯши даъватшавандагон машғуланд, дар вилояти Хатлон бори аввал дар тули 10 соли ахир нақшаи даъват пеш аз муҳлат 100% иҷро гашт.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон итиллоъ медиҳад, дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулини ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд. Давоми моҳи апрел то имрӯз даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ пурра ҷамъбаст карда шуд.

Дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои даъвати ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба анҷом мерасад ва ин албатта натиҷаи дуруст ба роҳ мондани раванди даъват аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аст.

Брависсимо, раиси вилояти Хатлон!!!

М.Амин, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube