Гузорам ба диёри зебоманзари Кангурт афтид. Азбаски кайҳо орзуи зиёрати мақбараи шоири тавонои Хатлонзамин, охирин намояндаи равияи Бедил, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ доштам, қарор додам, ки ба пояи ҳайкалаш сар ба саҷда орам.
Медонистам ва шоҳиди ҳол будам, ки Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик Анвар Бозорович Қурбонов Куллиёти шоирро омода намуда, ташкилкунандаи асосии поягузории мақбараи шоир ба шумор меравад. Ҳамчунин аҳли адабу фарҳанги ҷумҳурӣ чанд сол муқаддам 150 – солагии зодрӯзи адиби машҳури Машриқзаминро дар шаҳраки Кангурт бо тантана қайд намуда буданд.
Ҳатто дар хоттир дорам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ зодаи ин диёри орифон мебошанд, саъю талош доштанд, ки осори ин нобиғаи аср ба феҳрасти ташкилоти байналхалқии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Ҳамаи ин чорабинӣ бешубҳа обрӯю манзалати шоир ва мутафаккирро ба арши аъло расонда буд.
Илова бар ин қайд карданиям, ки бобати эҷодиёти оламшумули ин адиби нотакрор аз ҷониби нависандагон чандин асарҳои бадеӣ офарида шудааст, ки ин аз бузургдошти фарзанди баруманди диёри орифони Кангурт гувоҳӣ медиҳад.
Вале ҳамин ки ба муҷассама наздик шудам, ҳуш аз сарам парид. Болои таҳкурсии муҳташам ҷисми хурдакаку назарногире шинонда буданд, ки ҳеҷ ба қадру шуҳрати шоир мувофиқат намекард. Аламовараш он буд, ки фаши саллаи шоирро на дар китфи чап, балки дар тарафи рост овехтаанд, ки ин хилофи талаботи шариат ба шумор меравад.
Ҳисси дардноке вуҷудамро фаро гирифт. Ба худ савол медодам, ки ҳини поягузории ин марқад намояндагони шуҳратманди диёр, аз қабили Убайдулло Раҷабов, Фаттоҳ Одина, Чиллахон Холов (илоҳо руҳашон шод бод), Тӯрахон Аҳмадхонов, Саидқул Билолов, Лутфулло Давлатов, Маҳмасаид Шоҳиён ва қаламбадастони Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мутасаддиёни Ҳукумати ноҳияи Темурмалик дар куҷо буданд, ки ба чунин таҳқири таърих роҳ доданд?
Аз ин рӯ, аз тамоми мақомоти дахлдор ва аҳли зиёи кишвар хоҳиш ва талаб мекунам, ки ҳайкали барқади Шоирро поягузорӣ намоянд, то ки насли ояндаи диёри Кангурт ба мо ворисони таърих санги маломат назананд.
Зариф ҒУЛОМИ Кангуртӣ,
адиб