ФАЙЗОБОД: ВАЪДАҲО ДАР НӮЛИ ЗОҒ?

Банда Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳастам. Аз соли 2020 то 2023 барои сохтани 1 мағозаи китоб бо дӯкони рӯзномаву маҷалла ба собиқ раисони ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода ва Холзода Бобишо Назрулло бо ариза муроҷиат карда будам.

Мехоҳам дар шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод мағозаи китоб ё дӯкони рӯзномаву маҷалла бисозам, аммо онҳо бо ҳар баҳона ба аризаи ман посухи манфӣ дода, ваъда медиҳанд, ки бо пайдо шудани қитъаи замин ҳатман дархости маро қонеъ месозанд.

Соли 2021 собиқ раис Миралӣ Раҷабзода ба рӯзномаи СССР гуфта буд, ки барои сохтани бинои китобхона ва дӯкони рӯзномаву маҷала бо Ҳокими Сафар 00,1 га замин ҷудо кардем, аммо ин дурӯғи маҳз аст, то кунун барои бунёди мағозаи китоб ё дӯкони маҷалаву рӯзнома замин ҷудо нашудааст.

Аз соли 2020 то ба имрӯз дар шаҳрак даҳҳо мағоза, дӯкони гӯшт, 8 дорухона бунёд карданд. Барои онҳо замин пайдо шуду барои сохтани мағозаи китобу газету журнал не!? Шояд мансабдороне, ки ба ноҳияи Файзобод меоянд, намедонанд, ки китобу рӯзнома ба мардум ғизои маънавӣ медиҳаду аз навигариҳои кишвар бохабар мекунад.

Дар шаҳри Роғун дар 2 ҷой, дар шаҳри Ваҳдат дар 4 мавзеъ дӯконҳои рӯзномаю маҷалаҳо ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ноҳияи Файзобод бошад дӯкони маҷаллаву рӯзнома умуман нест…

Ҳокими Сафар,

н. Файзобод

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube