Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби халқӣ, раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони халқӣ, Қаҳрамони милии Доғистон меҳмони идора шуда, гуфт, ки чанд пешниҳод бобати солимгардонии насли наврас дорад.
– Тандурустӣ ва ташаккули ҳаёти солимро бояд аз мактаб сар кард ва барои ин барномаи махсусро бояд ба фаннҳои дарсӣ илова намуд. Кӯдакон аз хурдӣ чен кардани набзи дил, расондани ёрии аввалин зимни ҳолатҳои фавқуллода, фишорсанҷӣ ва рӯдашуиро бояд ёд бигиранд. Рӯдашӯи муҳим буда, аз даҳҳо бемориҳои дарунӣ пешгирӣ мекунад ва инро ба ҳар 1 кӯдак аз овони хурдӣ бояд талқин сохт. Ман бо ин пешниҳод ба масъулини соҳаи маориф дар сатҳи болотарин муроҷиат кардам ва агар ин пешниҳод дастгирӣ ёбад, беҳтарин кор хоҳад шуд. Мақсади ман-одамон бояд бемор нашаванд ва ақаллан 100 сол умр бинанд.