Давлаталӣ Саид тайи 2 сол аст, ки ба унвони раиси вилояти калонтарини ҷумҳурӣ – Хатлон адои вазифа менамояд. Ва давоми фаъолияташ худро минҳайси роҳбари кордону шоиста нишон дода, пайи ободии ин минтақа талош дорад. Бо иштироки бевоситаи Давлаталӣ Саид 100-ҳо бинои маъмуриву маишӣ ва ҳамзамон коргоҳу корхонаҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин аз масъулиятнокии раиси вилоят дарак медиҳад. Мавсуф, ки замони кор дар симати муовини аввали Сарвазири мамлакат яке аз менеҷерҳои қавии блоки иқтисодии кишвар буд, ҳамакнун донишу малака ва таҷрибаи ғании худро баҳри ободии вилояти Хатлон сарф менамояд, ки ҳалолаш бод.
Варзишпарвар
Давлаталӣ Саид, ки аз мактаби сиёсати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон сабақ омӯхтааст, худро дар ин самт яке аз шогирдони ин абармарди дунёи сиёсат нишон дода, дар вилояти Хатлон ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ ва азнавсозии иншоотҳои варзишӣ далели онанд, ки дар Хатлон ба варзиш диққати ҳамаҷониба равона карда мешавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки сар аз соли 2025 танҳо аз ин вилоят ҳамакнун 4 даста дар Лигаи Олии футболи кишвар мебозанд. Инҳо Равшани Кӯлоб, Ҳосилоти Фархор, Вахши Бохтар ва Ҳулбуки Восеъ мебошанд.
Соли пур аз баракат
Соли 2024 соли пурбаракат ва дастовардҳо ба шумор меравад, зеро бо шарофати қадами мубораки Сарвари маҳбуби миллат, ки давоми сол 5 маротиба ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки Президенти кишвар 62 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Илова ба ин, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздики 100 биною иншооти дигар бо дарназардошти зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Роҳандозӣ намудани тадбирҳои муайян ва меҳнати софдилонаи заҳматкашони вилоят мусоидат кард, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3% афзоиш ёфта, ба 27,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ҳиссаи он дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27,2% баробар аст. Аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет 2,8 млрд. сомонӣ ва ё 81,3 фоиз барои пардохти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 778,0 млн. сомонӣ ва ё 22,8% зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи истеҳсолӣ равона намуд, ки дар натиҷа ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 17% афзуда, ба 1776,4 сомонӣ баробар шуд. Дар маҷмӯъ, давоми 5 соли охир дар вилоят ҳисоби миёнаи музди меҳнат наздик ба 75 фоиз (аз 1016,5 сомонии соли 2020 ба 1776,37 сомонӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ) ва ҳисоби миёнаи нафақа 50 фоиз (соли 2020-ум 311,4 сомонӣ, ба 1.12.2024-ум 469,1 сомонӣ) зиёд гардидааст, зеро раиси вилояти Хатлон хуб дарк менамояд, ки бо баланд бардоштани музди маоши кормандон сифати кор беҳбуд шуда, некӯаҳволии мардум боло хоҳад рафт.
Некуаҳволии мардум
Тавре ба хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР дар Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, айни ҳол дар вилоят 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1,7 млрд. доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гаштааст.
Ҳоло дар вилоят 52 ташкилоту корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дошта, бештари маблағҳо аз Россия (40,2 %), Чин (37,1 %) ва Эрон (18,4 %) ворид гардидааст. Дар ин давра, гардиши савдои хориҷӣ ба 407 млн. доллар расонида шуд, ки аз ин нишондиҳанда 188,5 млн. доллар содироти молу маҳсулот ва 218,4 млн. доллари дигарро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад. Гардиши мол ба 16,3 млрд. сомонӣ расонида шуда, дар қиёс нисбат ба дурнамои пешбинишуда 101,9 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,1 фоиз таъмин гардид. Тадбирҳои андешида замина фароҳам овард, ки давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 67158 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 4518 ҷоий кори доимӣ (5773 мавсимӣ) таъсис дода шавад.
Истеҳсолот дар масири рушд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 35,6 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.Тибқи ҳисобот, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1,1 млн. тонна, пахта 162,2 ҳазор тонна, картошка 250 ҳазор тонна, сабзавот 1,9 млн. тонна, полезӣ 860,5 ҳазор тонна, мева 356,6 ҳазор тонна ва ангур ба 115,5 ҳазор тонна расида, суръати афзоиш, ба истиснои пахта аз 8,4 то 34,0 банди фоизиро ташкил медиҳад. Яъне бо суръати афзоиши молу маҳсулот, Хатлон дар ояндаи наздик яке аз вилоятҳои содироткунанда унвон хоҳад шуд.
Дар самти “Саноатикунонии босуръати кишвар” дар вилояти Хатлон тадбирҳои муайян роҳандозӣ гардида, корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 11,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати рушдро ба маблағи 734,7 млн. сомонӣ ва ё дар сатҳи 6,7% таъмин карданд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард 54,6 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 5,1 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти барқ 39,8% ва дигар хизматрасониҳо 0,5 фоизро ташкил дод. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 819 адад ва номгӯи маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 183 намуд расида, дар ин самт корҳои натиҷабахш идома дорад.
Роҳҳо навсозӣ мешаванд
Лозим ба таъкид аст, ки зимни раёсати Давлаталӣ Саид дар миқёси вилоят ба масофаи 2571,7 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи умумии 228 миллиону 559 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 58,2 миллион сомонӣ зиёд буда, аз ин ҳисоб 263,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 345 километр сангфарш, 1963,1 километр таъмири ҷорӣ ва 136 адад пулу қубурҳо таъмир гардидааст.
Бояд қайд кард, ки бо саҳми соҳибкорон ба маблағи 181 миллион сомонӣ 251,3 километр роҳ таъмири асосӣ, 310,7 километр сангфарш ва 40 адад пулу қубур таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Яъне дарвоқеъ соле, ки сипарӣ мегардад дар вилоят соли бобарор буд.
3765 иншооти ҷашнӣ тайёр!
Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар маҷмӯъ бунёд ва азнавсозии 6260 адад иншоот, ба ҳолати 1 ноябри соли 2024 дар 3765 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 60,1 % ва нақшаи солҳои 2024, ки 1240 иншоот мебошад, иҷроиши он 1360 адад ё ин, ки 109,6 фоизро ташкил мекунад.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 адад иншооти соҳаи маориф – дорои 1123 синфхона барои 28150 ҷойи нишаст дар як баст ва дар 2 баст барои 56300 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд, ки ин бори дигар аз масулиятнокии раиси кунунии Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид далолат мекунад.
Ба соҳаи тандурустӣ низ раиси вилоят ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати ҷиддӣ дода, аз аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 адад муассисаи соҳа ба маблағи зиёда 182 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 40 адад толору майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои наврасону ҷавонон шароити муносиби машқу тамрини бадан фароҳам гардид. Дар ин давра варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 763 медали тилло, 670 медали нуқра ва 881 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 2314 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 265 медал зиёд мебошад.
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
