Амнистия 100-сола шуд!

Аз қабули аввалин санадҳои ҳуқуқии дар бораи авф дар Тоҷикистон қабулшуда зиёда аз 100 сол сипарӣ гашт

Тоҷикистони имрӯза ин меваи қарори маъруфи ҷаласаи Бюрои Сиёсии КМ РКП(б) аз 12-уми июни соли  1924 «Дар бораи тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна» буда, дар ин асос 14-уми октябри соли 1924  Тоҷикистон ҳамчун РАСС Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳукумати таъсисдодашудаи ҷумҳурии ҷавон баъдан аз Тошкент таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сусиёлистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум охирҳои моҳи феврали соли 1925 ба пойтахти худ, деҳаи Душанбе ворид гашт. Баъди чанде, возеҳтараш 15-уми марти соли 1925 аз тарафи роҳбари Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар ҳузури намояндагони амлокдориҳо ва вилоятҳо, низомиён ва аҳолӣ гирду атрофи Душанбе, Эъломия оиди таъсиси аввалин давлати миллии тоҷикон бо номи Тоҷикистон қироат гашта, Ҳукумати вақти инқилобӣ он замон дар пойтахти тозаинтихоби тоҷикон ба кор шуруъ намуд.

 Авфи №1 барои босмачиҳо

Табиист, ки таъсиси ҷумҳурии ҷавон ба солҳои пурошӯбу нороому ҷанги хунини шаҳрвандӣ рост омада, роҳбарияти вақти ҷумҳурии ҷавон тамоми мушкилиҳои вуҷуддоштаи ҷомеаи онвақта ва вазъи нобасомони сиёсиву иқтисодии мавҷудбуда ва дар ин асос миссияи таърихии худро дар назди миллати тоҷик ва назди Ҳукумати Шуравӣ низ хело хуб ҳис мекард. Маҳз натиҷаи омӯзиш ва маълумоти аниқ доштан оид ба вазъи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ буд, ки яке аз қарорҳои аввали қабулнамудаи ҳукумати вақти давлатдории тоҷикон баъди 1000  соли бедавлатӣ ин қабули қарор дар бораи авф буд.

14-уми марти соли 1925 Қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии мухтори Шуравии Сусиёлистии Тоҷикистон «Дар бораи авфи босмачиёни собиқ» бо имзои роҳбари Кумитаи Инқилобии кишвар – роҳбари вақти тоҷикон Нусратулло Махсум ба тасвиб расид. Матни ин қарор, ки яке аз аввалин қарорҳо дар давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад чунин аст:

-Бо  сабаби таъсис ёфтани  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, ки он асосҳои  ҳукумати шӯравии  коргару деҳқони Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, Кумитаи Инкилобӣ  ба хотири ба меҳнати осоишта баргардонидани он коргарону деҳқононе, ки бар бар асари  андешаҳои тираи худ, зери таъсиру  роҳбарии ходимони амирӣ  ва подшоҳӣ  ба муқобили ҳукумати шӯравӣ бо яроқ  дар мубориза қарор доранд қарор мекунад:

  1. Тамоми коргару деҳқони дар шайкаҳои босмачиён, чун йигитҳои қаторӣ ва ҳамчунин чун қумондонҳои отрядҳои «қурбошӣ» фаъол намуда, бо ихтиёран таслимшавӣ бо яроқи дасташон аз санаи 15-уми март то санаи 15-уми июни соли 1925 аз тамоми пайгирӣ ва нисбати  тамоми  аъмоли содиркардаашон  озод карда шуда, ба онҳо озодӣ ва дахлнопазирӣ пурра кафолат дода мешавад.
  2. Тамоми гумоштагону думравони босмачигарӣ, ки аз кирдорҳои худ сидқан пушаймон гашта, дар ин хусус ба мақомотҳои шӯравӣ дар мӯҳлати дар банди 1-и қарори мазкур омада ва кафолат доданашон  барои  дастгирӣ накардани босмачигарӣ, аз тамоми пайгирӣ, нисбати тамоми аъмоли содирнамудаашон  озод карда шуда, ба онҳо озодӣ ва дахлнопазирӣ пурра кафолат дода мешавад.
  3. Тамоми йигитҳо ва қурбошиҳое, ки дар мӯҳлати ишорагашта ба ҳукумати шӯравӣ таслим нашуда, роҳзаниро давом дода, хоҷагии халқро вайрон менамоянд ғайриқонунӣ эълом карда шуда, қатъи назар аз оне, ки чунин нафарон дар ҳангоми ҷанг ва ё баъдан ихтиёран ба ҳукумати шӯравӣ таслим мешаванд, бо тамоми  ҷиддияти қонунҳои замони инкилобӣ пайгирӣ  хоҳанд гашт.
  4. Тамоми гумоштагону думравони босмачигарӣ, ки дар мӯҳлати дар банди 1-и қарори мазкур омада, ба мақомотҳои шӯравӣ ташриф наоварда, аз кирдорҳои худ самимона пушаймонӣ изҳор накарда, ба шайкаҳои босмачиён ёрии худро давом медиҳанд, ҳамчун хоинони халқи меҳнатии тоҷик эълон карда шуда, ҳангоми дастгир намудани ин гуна ашхос бо тамоми ҷиддияти қонунҳои замони инқилобӣ ба ҷазо кашида хоҳанд шуд.
  5. Ба шуъбаи ташкилии Кумитаи Инқилобӣ супорида шавад, ки матни дахлдори муроҷиат ба босмачиён, Комиссариати адлия бошад бо мақомотҳои ба муқобили босмачигарӣ муборизабаранда, дастурамали лозимаро барои иҷрои қарори қабулгашта, кор карда бароянд.
  6. Фаъолгардии қарори зикршударо (қувваи қонунӣ пайдо намудан) тариқи телеграф амалӣ намоянд.

Авфи №2

 Баъди қабул гаштани ин қарор, ҳамчунин дар рӯзи эълон гаштани Эъломияи таъсис ёфтани  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, 15-уми марти соли 2025  боз Қарори Кумитаи Инқилобӣ  бо номи «Дар бораи авф ба муносибати таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистон» қабул гашт. Ин ҳарду қарор аз тарафи роҳбари вақти Тоҷикистон, Нусратулло Махсум дар он замони дур, аз минбар қироат ва ба самъи иштирокчиёни ҳамоиши эъломи таъсиси ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон расонда шудааст.

 Дар матни қарори дуввум чунин омадааст:

«Рӯзи эълони таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рӯзи иди бузургтарин барои меҳнаткашони Тоҷикистон маҳсуб меёбад (мана барои чи камина дар тамоми мақолаҳоям менигорам, ки рӯзи таъсисёбии ҷумҳурии Тоҷикистон ва эъломи он бояд ҳама вақт бо тантана ёд карда шавад, зеро аз ин рӯйдод мо муқаддастар ҷашне агар мантиқан андешем надорем – муаллиф).

 Дар ин рӯзи барои Тоҷикистон бузургтарин бар асари таъсиси РАСС Тоҷикистон, Кумитаи инқилобӣ кӯшиш менамояд, ки ба меҳнати осоишта коргарону деҳқононеро, ки бар асари андешаҳои тираи худ худ, зери таъсиру роҳбарии ходимони амирӣ ва подшоҳӣ ҷиноят содир намудаву ба ҷумҳурӣ зарар расондаанд, бо назардошти ба онҳо додани имконият барои бо меҳнати шахсӣ   гуноҳи худро назди ҳукумати коргару деҳқон аз байн бурдан қарор мекунад:».

Бояд гуфт, қарор дар бораи ин авф нисбати қарори авфи босмачиён васеътар буда, аз 9 банд иборат, илова бар ин банди 1 аз 3 зербанд ва банди 4-ум бошад аз 6 зербанд иборат мебошад.

 Банди 1, зербанди “а”:

Тамоми маҳбусони дар маҳбасхонаҳои ҶМШС Тоҷикистон ҷазоро адонамудаистодаи мӯҳлати ҷазояшон то 2 сол, қатъи назар аз кадом мӯҳлати қисми ҷазоро адо намуда озод карда шаванд.

Дар банди 2 бошад чунин омадааст:

Ба прокуророн ва мақомоти судӣ супориш дода шавад, ки парвандаҳои ҷиноятии дар тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доштаро, ки ҷазо дар ҳудуди беш аз 1 сол маҳрумӣ аз озодӣ муқаррар ва то 15-уми марти соли 2025 содир гаштаанд, қатъ намоянд. 

Тибқи банди 3-и қарор омадааст, ки тамоми судҳо бо парвандаҳои ҷиноятҳои то 15-уми марти соли 1925 содиршуда, ки ҷазои ниҳоӣ бо онҳо маҳрумӣ аз озодиро ба муҳлати бештар аз 1 сол талаб мекунад, агар дар баррасии судӣ қарор дошта бошанд, аз се як ҳиссаи ҷазо кам карда шавад.

Дар банди 5 чунин омадааст, ки ашхоси шартан аз озодӣ маҳрум гашта, бо пуррагӣ аз ҷазои ба онҳо таъингашта озод карда мешаванд.

Тибқи банди 6 -и қарори мазкур иҷрои он ба комиссиюни марказии дар шаҳри Душанбе таъсисгашта, аз ҳисоби намояндагони Кумитаи Инқилобӣ, Комиссариати халқии адлия, Комиссариати халқии корҳои дохила ва Прокуратураи ҳарбӣ, дар маҳаллаҳо бошад аз тарафи комиссияҳои вилоятӣ аз ҳисоби намоядагони вилоятии Кумитаи Инқилобӣ, Комиссариати халқии адлия, намояндагони ҳарбӣ, ваколатдори мубориза бо босмачигарӣ таъсис дода мешавад.

Тибқи банди 7 Комиссариати халқии адлия муваззаф гардонида шудааст, ки дастурамали амалисозии қарори мазкурро кор карда барояд.

Тибқи банди 8-уми қарор бошад муқаррар гаштааст, ки фаъолият оид ба  амалигардонии қарори мазкур то 1- уми июни соли 1925  ба охир расонида шавад.

Тибқи банди 9, фаъолгардии қарори зикршуда (пайдо намудани қувваи қонунӣ)  бояд тариқи телеграф амалӣ гардонда шавад.

Қарори муҳим

Қабули ин санадҳои ҳуқуқии то андозае ҷанбаи сиёсӣ дошта, дар он замон, ки ҳаракати босмачигарӣ дар Бухорои Шарқӣ давом дошта, водии Ҳисор, Вахш ва Кӯлоб макони аслии босмачигарӣ маҳсуб меёфтанд, саҳлу сода набуд. Дар ин асос, аз саҳифаи таърихи ташакулли ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон маълум аст, ки қабули ин санадҳои  ҳуқуқӣ  низ дар роҳи ба ҳаёти осоишта баргардондани қисмати зиёди мардуми деҳқону чоряккори кишвар ва даст  кашидан аз муборизаи яроқнок ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, нақши калидӣ бозид.

Ахиран гурӯҳҳои зиёди босмачиён бо роҳбаладии қӯрбошиҳои худ бо яроқҳои дасташон ба ҳаёти мулкӣ баргаштанд. Ҳамчунин ба муносибати эълом гаштани Тоҷикистони Шуравӣ шаҳрвандони зиёде низ вобаста ба содир намудани ҷиноятҳо, аз зиндонҳои мавҷудаи он замон озод карда шуданд.

Аз матни ин қарорҳо бармеояд, ки он давра аллакай дар Бухорои Шарқӣ мақомоти давлатии шуравӣ мисли судҳо (аслан судҳои халқии қозигӣ), мақомоти прокуратура ва аҷибаш ин аст, ки низоми прокуратураи ҳарбӣ низ амал мекардааст (шояд он ба прокуратураи ҳарбии корпуси 13-уми Армияи Сурх дар Осиёи Миёна, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати шуравӣ, аз соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ фаъолияти он нисбати низомиёни шуравии Бухорои Шарқӣ низ  роҳандозӣ мешуд рабт мегирифт).

 Бояд гуфт, ки дар матни қарорҳои мазкур дар номи моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ номи ҷумҳурӣ мавҷуд нест. Меандешам, ки он замон дар кишвари мо, ки ҷумҳурии мухтор буд, ҳанӯз Кодекси ҷиноятӣ таҳия нагашта (кодекс дар ин ҷумҳурӣ соли 1926 таҳия ва қабул гашт)  дар чунин ҳолат аз КҶ РСФСР шояд истифода бурда бошанд. Бо ин вуҷуд, ана ҳамин қарорҳои аввалини доир ба авф қабулгашта, баъдан институти қонунгузории авф ва бахшиши гуноҳро дар Ҷумҳурии Шуравии Сусиёлистии Тоҷикистон поягузорӣ намуда, онро то ба давраи имрӯзаи  кишвари соҳибистиқлол, шурӯъ аз 9-уми сентябри соли 1991 оварда расонд, ки ин институт имрӯз такмил ёфтаву қонунҳои зиёде доир ба авфу бахшиш қабул гаштаанд.

Варқаи Зайниддин,

ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи1,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube