Мизоҷони муҳтарам! Қаллобон аз номи провайдерҳо бо шумо дар тамос шуда, баромада ваъда мекунанд, ки насли нави алоқа 4g, 5g ё дигар пайвастшавӣ ба интернетро насб ва пешниҳод мекунанд, ки файли ба воситаи месенҷерҳо равонкардаро дар мисоли Ватсап, Телеграм ва дигар расонаҳои иҷтимоӣ кушоед. Қатъиян ин файлҳоро накушоед ва ба зангҳои ношинос ҷавоб надиҳед, зеро ба ин васила ба ҳамёнҳо ва маблағҳои шумо дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои шуморо медузданд.
(Ҳушдор аз ширкатҳои мобилӣ ба мизоҷон)
Пулситонӣ аз ҳамёни кортии каси дигар
18.02. 2026. Соат ба вақти Душанбе 10:44 дақиқа. Тариқи СМС ба телефони ҳамкори мо А.Собир аз тарафи «Амонатбонк» паёмак омад, ки аз ҳамёни корти нафақагирии шумо 1500.00 сомонӣ маблағ гирифта шуд. А.Собир бо ҳайрат ба ман рӯ оварда. Пурсид, «кӣ гирифта бошад?».
Ба ин нигоҳ накарда, ки бояд маҳз дар ҳамин рӯзи чоршанбе – ҷаласаи редаксионии идора иштироки ҳама шарт буд, маслиҳаташ додем, ки ҳанӯз дер нашуда, ба бонк раваду аниқ кунад, пешдастӣ намояд, вагарна дар ҳақиқат дер мешуд ва маблағашро бозгардонданаш шояд номумкин мегашт.
Агар чаққонӣ намекардем!
Ҳамкори мо фавран роҳи бонкро пеш гирифта, омадан пас, такудавашро нақл кард. Аз ҷумла, гуфт, ки ба филиали бонки мазкур дар маҳаллаи Сирки давлатӣ ба хотири наздик буданаш рафта, маслиҳат гирифтам, ки чунин ҳолатҳоро фақат дар офиси асосӣ воқеъ дар ҳудуди собиқ Чойхонаи “Роҳат” дида мебароянд. Тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ худро ба он ҷо расондам. Расидан замон телефонамро бароварда, нишон додам ва паёмаки шубҳанокро арзашон кардам. Аз пурсупосу аниқ карданҳо 3 соати расо вақтам беҳуда гузашту дар бонк гӯё, ки дар банд мондам. Хайрият, ки кор бо хубӣ анҷом ёфт ва ман пулҳоямро тавассути кӯшишҳои кормандони бонк баргардондам.
Бинобар ин, ҳамчун шахси аз сараш гузашта гуфтаниам, ки барои ба доми қаллобони интернетӣ наафтидан, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед. Корту рақам ва рамзи корти худро ба касе маълум накунеду ба дасте надиҳед. Онро маҳфуз доред!
Хушбахтона, мо сари вақт қаллобони интернетиро боб намудем. Ташаккури зиёд ба кормандони Амонатбонк, ки ба таври оҷилӣ ба мушкилии мо расидагӣ карданд ва маблағро баргардонданд. Агарчӣ маблағ баргардонда шуд, вале қаллоб мушаххас нагардид. Дар ҳоле ки қаллобон метавонанд имрӯзҳо чандин касонро, ки, шояд аз пиронсолӣ, беморӣ, сарфаҳм нарафтан ба амалиёти бонкӣ, ғафлатзадаанд, ғорат кунанд. Дар шароити пешрафти технологӣ бояд ин кор, яъне муайян ва ҷазо додани қаллобон аз тарафи ниҳодҳои дахлдор чандон мушкил набошад.
Ҳушдори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Дар пасманзари шикоятҳо аз зиёд шудани қаллобон ба муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд. Хадамот 18-уми феврал дар изҳороте гуфт, ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун аз муштариён коди SMS, рақами корти бонкӣ ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Хадамоти алоқа, «баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими интернети 4G ё 5G ба телефонҳо занг зада, кӯшиш мекунанд, маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқиро гиранд». Мақомот мегӯянд, ки дар сурати гирифтани рақам ё коди махфӣ аз муштариён қаллобон метавонанд, ки ба корти бонкӣ ва ҳамёни мобилии шахс дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои онро азхуд кунанд.
Таваҷҷуҳ: дар изҳороти Хадамоти алоқа омадааст, ширкатҳои мобилӣ ҳеч гоҳ аз муштариён рамзи тасдиқ ё (SMS-код), рақами корти бонкӣ ва рамзи махфии барномаи насбшуда дар телефонро намепурсанд.
Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки ба занг ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, пайванд ё «ссилка»-ҳои шубҳанокро накушоянд ва барномаҳои номаълумро дар телефон насб накунанд. Ҳафтаи равон чандин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоси шахсони ношинос ва талаб кардани рамзи паёмак шикоят карданд. Ба гуфтаи муштариён, афроди ношинос аз хориҷа, аз ҷумла аз Қирғизистон ва Русия занг зада, бо баҳонаи васлу танзими интернети 5G рамзи паёмаки ирсолшударо мепурсанд.
Нисбати кортҳои бонкии худ бе тараф набошед!
Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати кортҳои худ бетараф набошанду ҳар лаҳза дар 1 рӯз на кам аз 3 бор пулҳои кортии худро назорат намоянд. Дар ҳолатҳои шубҳанок бошад, ҳатман бо бонкҳо дар тамос гарданд. Мо Метавонем!
Дар ҳамин маврид: Гадоии «телеграммӣ» ба дӯстон
09.03.2026. Соат бо вақти Душанбе 16:19 дақиқа. Ин лаҳза ба «Телеграмм»-и ҳамкорон аз рақами чандин журналистони шинохта ба ҳамкорони мо дар СССР СМС- паёмак меояд, ки дар он гуфта мешавад:
«Салом Шумо метавонед ба ман 2100 сомонӣ барои 3-4 соат қарз бидиҳед?».
Хайрият, ки мардум имрӯз каме пухтаву нисбат ба чунин СМС-паёмакҳо ҳушёртар шудаанду дарҳол ба қавле «удалить» карданд. Бачаҳо дар Фейсбук навиштанд, ки ин паёмакҳоро аз номи онҳо, қаллобони интернетӣ паҳн карда, саҳифаи Телеграммашон шикаста шудааст:
Эҳтиёт нисфи киса!
Душанбе Ситиро шикастанд?
2 ҳафтаи ахир ҳисобу китоб дар маъруфтарин бонки муосир Душанбе Сити (ДС) хеле бад гардид. Масъулин дар суҳбати бе микрофон гуфтанд, ки хаккерҳо системаи онҳоро низ шикастаанд. Аз ҳамёни мардум пул ғайб мезад ва ё бо ҳар роҳу васила 1 пардохтро 2 бор кашида мегирифтанд. Фарзи мисол, вақте сардабири СССР бо муовинаш барои 8 март ба аҳли бонувон туҳфа мехарид, дар мағозаи газворҳои пойтахт, 2 бор ҳамёнашро холӣ карданд. Ӯ мегӯяд:
04.03.2026. Соат ба вақти Душанбе Сити 13:08 дақиқа. Вақте мо 1480 сомонӣ ба корти Душанбе Ситии фурушанда гузаронидем, чанд дақиқа гузашту пул нагузашт. Зимнан амали аввалро лағв карда, дубора пул гузаронидем. Ин вақт яку якбора 2 бор, яъне 2960 сомонии моро Душанбе Сити канда гирифт. Хайрийят пеш аз интиқол мо сурат-ҳисобамонро аккосӣ карда будему фурӯшандаи Худотарс 1480 сомонии барғалат дуздидаи ДС-ро ба мо баргардонид. Воқеан ҳам атрофи ДС норозиву нороҳатиҳо зиёданд, ки дар шумораҳои баъдӣ сари он баҳс хоҳем кард. Шумо ҳам агар аз ин бонк ситаме дидаед, ба редаксияи мо нависед. Мо нашр ва пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!
Омиронаи Сайёф,
СССР
