БА УМЕДИ «ОШИ ҲАМСОЯ» ТУРБ НАТАРОШ

Қадриддин Тоҳиров, сокини деҳаи Ҳазрати Бурх, ҷамоати деҳоти Меҳвари н.Панҷ ба редаксия занг зада (тел: 903334593), гуфт, ки фарзандаш дар шаҳри Калугаи Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад.

– Ман ба хабаргириаш рафта, хостам ба шуъбаи нафақаи ш.Калуга муроҷиат кунаму аз он ҷо нафақа гирам. Чунки соҳиби 2 шиноснома ҳастам, яъне душаҳрвандӣ дорам. Дар онҷо аз тағйиротҳои кишварашон огоҳам намуданду гуфтанд, ки барои гирифтани нафақа камаш бояд 12 сол таҷрибаи корӣ дар ФР дошта бошам. Баъди бозгашт ба н.Панҷ аз нафақаи ҳармоҳаи мегирифтаам ҳам маҳрум шудам. Ба тамомии сохтору идораҳо арз кардам, мутаассифона қазияи ман то ҳол ҳалли худро намеёбад. 3 моҳ боз нафақа намегирам.

Аз редаксия: Хонандаи муҳтарам! Шумо, ки бо умеди нафақаи бештар тарки Ватан кардаву аз нафақаи ин ҷо низ даст кашида, ба Россия рафтед, вале чун талабот иваз шудааст, дубора баргаштед, бубахшед, вале сазои нафар(он)е, ки бо доштани 2 шиносномаву душаҳрвандӣ фахр карда, бо умеди пули бештаре ба Россия мераванду онҷо ба худ нафақа мекунанд, ҳамин аст! Ватанро бояд дӯст дошту аз он рӯ нагардонд! 1 бурда нони Ватан роҳати ҷон аст!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube