БАР ИВАЗИ ХОНАИ ХУБ ЧОРДЕВОР?

Ҳоҷӣ Нуров, хонандаи доимии газетаи мардумӣ, сокини ш.Душанбе ба редаксия занг зада, гуфт, ки 1 муаммо ӯро нигарон кардааст.

– Сохтусоз солҳои охир дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба маротиб авҷ гирифтааст. Ин албатта хуб аст, вале 1 чиз нофаҳмост, ки чаро ширкатҳои сохтмонӣ бар ивази бинои шаҳрванд ё замини ҳавлӣ, ки таъмир дораду бо тамомии асбобу ашёи рузгор таъмин аст, баъди бунёди бинои нав хонае медиҳанд, ки аз чор девори холӣ иборат аст? Ба қавли имрӯза КОРОБКА медиҳанду бас! О, лоақал ба мардум, ки замину хонаашро гирифтед, хонаи навро бо таъмир супоред, ки шаҳрванд боз 1-2 соли дигар дар пайи таъмири он азоб накашад?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube