Дуздии президентӣ

03.01.2026. Дар тамомии арзу тӯли таърихӣ барои нахустин бор Президенти 1 давлатро “спецназ”-и дигар давлат дуздид. Аз китоби афсона, ба вежа “Самаки Айёр” хондаем, ки ҷосусони Хуршедшоҳ ину он шоҳро медуздиданд ва ё деву париҳо аҳли байти Хуршедшоҳро мерабуданд, ки Самак рафта онҳоро бозпас дуздида меовард. Аммо имрӯз, ки “афсона ба ҳақиқат табдил ёфт”, ҳама шокӣ шуд.  Ин ҳангома, сенсатсия ҳам не, нонсенси сиёсист, аммо маълум шуд, ки дар асри 21 ҳама кор шуданаш мумкин будааст….

Пештоз мегӯям, ман тарафдори Николас Мадуро-президенти Венесуэла нестам. Шояд зиддаш будам. Аммо шеваи рабуда шудани ӯ маро низ чун тамомии ақлҳои комил, нигарон кардааст. Ин чист? Зӯрҳо дигар метавонанд, тамомии президентҳои табъи дилашон набударо бидузданд ва дар давлати худ суд кунанд???

Тафсилоти мавзуъ

1. Амалиёти ИМА

03.01.2026. Бо дастури вежаи Доналд Трамп (Конгресс баъдан гуфт, ки ҳатто аз ин амалиёт хабар надошт), Иёлоти Муттаҳида амалиёти низомиеро дар Венесуэла оғоз карданд, ки ҳадафи он боздошт ва барканор кардани Николас Мадуро, президенти интихобшудаи ин кишвар буд. Дар ин амалиёт ҳавопаймоҳо, чархболҳо, ҷузву томи ҷангии тахрибкунанда ва ҷангҷӯёни махсуси ИМА (спецназ) ба қисматҳои муҳими низомии Каракас-пойтахти Венесуэла ҳамла карданд. Ҳуҷум онгуна барқосо буд, ки низомиёни венесуэлӣ ҳатто нафаҳмиданд, ки сарварашонро бурданд. Гуфта мешавад, Мадуро, ки бар халқи худ бовар надошт, такя бар ҷондорон ё худ телехҳои Куба зада буд. Кубагиҳо коре накарданд ва ё нахостанд, ин дигар суоли овезон аст. Зеро ҳар президент бояд танҳову танҳо бар халқи худ такя кунад…

2. Дар хона дастгир шуд

 Ба иттилои расонаҳо, Мадуро ва ҳамсараш Цилия Флорес аз «рахти хоб-спалня»-и манзили шахсиашон дар Каракас рабуда шуда, ба Иёлоти Муттаҳида интиқол ёфтанд. Суоли матраҳ ин аст, ки айби Ледии №1 дар чист, ки ӯро низ бояд зада-зада ба Амрико бубаранд? Воқеан ҳам дар сару рӯи Мадуро ягон захме нест, вале Бонуи №1 аз зарби шалоқ чанд «фингалу синяк» дорад-навиштаанд расонаҳои амрикоӣ. Ҳамин аст эмансипатсияи таърифии олами зӯр???

3. Интиқол ба Иёлоти Муттаҳида

Мадуро ва Флорес ҳоло дар Додгоҳи федералии Ню-Йорк зери айбҳои марбут ба нарко-терроризм, нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва содироти маводи мухаддира ба Амрико муттаҳам шуда, зиндониянд.

4. Мадуро чӣ мегӯяд?

Мадуро дар додгоҳ гуфт, ки «манро рабуданд, дуздиданд» ва ман ҳанӯз худро президенти қонунии Венесуэла мешуморам. Ӯ айбҳоро рад ва худро “шахси бегуноҳ” номид.

5. Ҷомеаи байналмилалӣ чӣ мегӯяд?

Ин амал барои аввалин борест, ки 1 президенти хориҷӣ бо истифода аз нерӯи мустақим дастгир ва ба кишвари дигар бурда мешавад, ки аксари коршиносон онро бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мешуморанд. Дуруст аст, ки ИМА чанд генероли «нон-грант» ё худ номақбули худро, аз миёни артиши исломии Эрон дар хориҷа кушта буд. Слободан Милошевичи сербро баъди ҷанги чандсола ҳабс ва дар таърихи 11.03.2006, дар зиндони СММ дар Гаагаи Нидерланд, баъди ҳукми Додгоҳи байнмулмилалӣ қатл карданд. Ҳамин моҷаро сари Саддом Ҳусейн низ омад: президенти 5-уми Ироқро баъди амалиёти «Тӯфон дар биёбон» спецнази Амрико ҳабс кардаву дар таърихи 30.12.2006, суди Ироқ ба ӯ ҳукми қатл дода буд. Вале инҳоро баъди ҷанги воқеӣ дастгир ва суд карданд. Мадуроро бошад…дуздиданд!!!

6. Додгоҳи ИМА чӣ мегӯяд?

  • Мадуро ва ҳамсараш Цилия Флорес дар Додгоҳи федералии Ню-Йорк ҳозир шуданд ва бар зидди онҳо айбҳои ҷиноии нарко-терроризм, содироти моли мухаддира ва нигаҳдошти силоҳ эълон шудааст.
  • Вакилони дифоъ мегӯянд, ки раванди дастгирӣ ва интиқоли онҳо ғалат аст, зеро президенти хориҷӣ бояд зери ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимоя шавад.
  • Баррасии навбатӣ дар додгоҳ дар моҳи марти 2026 барпо хоҳад шуд. То он вақт Мадуро ва ҳамсараш дар зиндон боқӣ мемонанд.

7.  Далелҳои ҳуқуқӣ ва баҳсҳо

  • Вакилони дифоъ иддао мекунанд, ки ӯ ҳамчун сарвари давлат ҳуқуқи дастнорасӣ (иммунитет) дорад ва ИМА ҳақ надошт ӯро ба зӯр ба додгоҳ бикашад ва ҳатман бояд озод шавад. Куба, Хитой ва Русия ин амалиёти маъмурияти Трампро “таҳдиди ҷиддӣ ба ҳуқуқи байналмилалӣ” хонданд
  • Бразилия, Чили, Мексика, Колумбия гуфтанд, ки ин амалиёт занҷираи амният ва сулҳро комилан дар Амрикои Лотинӣ шикаст.
  • Созмонҳои минтақавӣ ва ғайриқонунӣ (масалан, ҲАМАС, Ҳизбуллоҳ, ки террористӣ хонда шуда, дар аксар кишварҳо манъанд) ИМА-ро айбдор карданд, ки “агрессияи террористӣ кардааст”.

8. Тарафдорони амалиёт

  • Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои узви НАТО аз ин амалиёт ҷонибдорӣ карданд ва онро 1 такони ҷиддӣ барои мубориза бо фасод ва мушкилоти нарко-терроризм номиданд.
  • Бархе раҳбарони Ғарб, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, гуфтанд, ки эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ ва ҳаллу фасли сулҳомез бояд ҳифз шавад.

9. Дар дохили ИМА кӣ чӣ гуфт?

  • Бархе намояндагони Конгресс, усулан аз ҳизби демократ гуфтанд, ки ин амалиёти дуздии Мадуро бе иҷозати Конгресс сурат гирифт ва ғайриқонунӣ аст.
  • Баъзе аъзои Конгресс, аз ҳизби ҷумҳурихоҳони Доналд Трамп, баръакс ин амалро дар мубориза бо фасод ва маводи мухаддира зарурӣ хонданд.

Хулосаи воқеа

Ба ҳамин тартиб дастгир ва интиқоли Мадуро ба ИМА воқеаест, ки ба далелҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бахши муҳими баҳсҳои байналмилалӣ шуда, баъзе мамлакатҳо (усулан аъзои НАТО ва шояд аз тарси спонсори №1) онро таҳкими адолат меноманд, ағлаби кишварҳои дигар бо шумули Россия, Хитой, Куба, кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Африқо онро алорағми тамомии қонунҳои байналмилалӣ ва таҳдиди сулҳ унвон карданд.

Мадуро кист?

Николас Мадуро — сиёсатмадори венесуэлиягӣ, аз соли 2013 то соли 2026 президент (раиси ҷумҳури) Венесуэла, ки баъди фавти Уго Чавеси номӣ, воқеан ҳам Душмани №1-и Амрико, сари кор омада буд.

Номи пурра: Николас Мадуро Моро

Санаи таваллуд: 23 ноябри 1962, Каракас, Венесуэла

Ӯ худро ҷонибдори идеологияи чавизм — сиёсати коммунистӣ-социалистие, ки аз президенти пешини Венесуэла Уго Чавес мерос мондааст, медонад.

Мадуро шогирди дасти рости Чавес буда, раиси Ассамблеяи Миллӣ, вазири умури хориҷӣ ва муовини президент буд.

Пас аз марги Уго Чавес соли 2013, Мадуро дар интихоботи махсус ғолиб омада Президент интихоб шуд.

Аз оғози президентии вай, иқтисодиёт дар Венесуэла вазъи бисёр сангин пайдо кард: гиперинфлятсия, камбуди молҳои аввалия (аз ҷумла хӯрок, доруворӣ) ва таварруми пул ба миён уфтод.

Вай барои идора кардани кишвар қудратҳои фармоишӣ (decree powers) гирифта, эътирозгаронро саркӯб, даҳони матбуотро баст.

Интихоботи ӯ дар соли 2018 ва махсусан 2024 аз ҷониби мухолифон ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ғайриодилона ё муғойир ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ шуданд. Аз соли 2020 Амрико Мадуроро барои вайрон кардани қонунҳои зиддимоддӣ ва фасод айбдор карда, дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дод…

Пас аз рабудашавии Мадуро, Делси Родригез и.в. президенти муваққатӣ таъин шуд. Вале бону Делси баръакси хостаҳои Амрико дар нахустин баромадаш Вашингтонро ба одамрабоӣ муттаҳам кардаву гуфт, «Президенти Венесуэла Николас Мадуро мебошад ва ӯро бояд ба ватан баргардонид»…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube