Солҳои охир дар бораи соҳаи маориф зиёд мегӯянду менависанд, вале кор ба ҷои хуб шудан, бар акси ҳол мешавад.
– 1 масъалае, ки омӯзгоронро нигарон мекунад ин ҳуҷҷатҳои нодаркори такрор ба такрор чопшуда аст, ки тибқи супориш «аз боло» онҳоро муаллимони вилояти Суғд бояд харидорӣ намоянд. Барои мисол «Дафтари кории роҳбари синф», «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда» ва боз чандин нақшаҳои дигар, ки омӯзгорро робот мегардонад. Ин қадар дафтару нақшаҳо чӣ лозим? Муаллим кай барои эҷод вақт пайдо намояд? Шояд ҳамин харҷҳои бемаъниву маоши кам аст, ки муаллимро муҳоҷир мекунад?
Зикриё Дилшод, н.Мастчоҳ
