ЭЙ ЗАН, БИИСТ!!!

(Ин навиштаи ман барои бонувон аст. Мардон нахонанд ҳам мешавад)

Бархе чизҳое, ки менависем, нохушоянд ҳастанд. Ғаши бархеро меоранд. Лекин чораи дигаре надорем аз гуфтан. Барои чӣ мегӯем? Чунки дард дорем! Дард!

Кӯдакиҳои шойиста доштем. Ҷавониҳомон ҳам ба некӣ оғоз шуда буданд. Дӯст медоштем. Зиндагӣ оғоз карда будем. Меёфтем. Шояд имрӯз дар Сарзамини худ мезистем, ободу орому осудатар аз ҳар кас, лекин…соли 1991-92 ва муллову наҳзатӣ омад.

Омад? Неъ!  Овардем! Наомад!!!

Аз хомию содагии мо суъистифода карда, сари миллат гапи “ришу ҳиҷоб” бор карданд. Бисёриҳотон медонед, ки бо ин гапҳои сохтагӣ ба ҷони ҳамдигар задем, 200 ҳазор куштем, 200.000 ҷони азиз бохтем, 1 миллион нафар муҳоҷир шудем. То имрӯз дарбадарем.

Ҷавонии моро дуздиданд, ҳамин муллоҳо барои латтаи сиёҳи арабӣ! Орзуҳои моро шикастанд. Ояндаи моро дар Сарзамин сиёҳ карданд. Ҳарчи доштем барои ҳамин 1 пора латтаи арабӣ дуздиданд, рабуданд. Метавонистем донишвари хубе, сармоядори хубе, муллои хубе… шавем. Лекин ҳамаро аз даст додем ва он чи дорем, дорем…

 STOP! Мехоҳед ҳайвон шавед???

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард!!!

Хоҳарони хубам, ки дар шабакаҳо сахт барои бозгашти он рӯзҳо пофишорӣ мекунед, ростӣ дилам баротон месӯзад. Бовар кунед, режиме, ки шумо болои худ омаданашро мехоҳед, агар омад, худкушӣ хоҳед кард. Худсӯзӣ хоҳед кард. Чаро?

Барои он ки дар Исломе, ки имрӯз мехоҳанд саратон бор кунанд, 1 зан бештар аз 1 ҳайвони хонагӣ нест. Ин рост аст. Дини инҳо ҳаминро тақозо дорад. Дар дини мо зан норасо аст, ноқисулақл аст. Ба гунае, ки дар кишварҳои озод кас наметавонад саги худро бе гарданбанд берун кунад, дар дини имрӯза ба ном «исломистон» ҳам зан наметавонад бе марди маҳрамаш берун ояд. Зан ҳич ҳақе барои кор кардан, роҳбар будан, устодӣ кардан надорад! Ҷуз хонадорӣ ҳич ҳақи дигаре надорад!

Онҳое, ки шуморо ҳайбале мекунанд, барои василаи рӯзгорашон аст. Барои “даъват” пул мегиранд ва шуморо ғӯли биёбон мекунанд.

Касоне, ки режими толибро “ин Ислом нест” мегӯянд, рӯшонро сиёҳ мекунанд. Исломи ноби инҳо ана ҳамин аст! Толиб ягон кори ғайриисломӣ надорад! 100 дар 100 зиндагии мардумро зери Шариати Ислом дароварда аст. Даркор нест дурӯғ гуфтан.

 Аз мулло ҳазар!!!

Гумон накунед, ки агар давлатро ба муллоҳое супоред, ки ғайри дуову дуруд ва куфу суф чизе намедонанд, фардо шуморо ҳамнишини фариштагон мекунанд. Онҳо нахуст шуморо метозанд. Ба гунае, ки имрӯз толибон дар навбати аввал ҳамун занону духтарони “фаъол”-у “муборизини ҳиҷоб”-ро ҳамроҳи зангиҳои ҳамсангарашон тохта истоданд, шумо-бонувони Тоҷикро низ хоҳанд тохт. Чунки шуморо бештар аз 1 ҳайвони хонагӣ намешиносанд. Мо дида будем инро дар соли 1992. Чӣ фаромӯш карде(м) д).

Шахсан ман муллоеро мешинохтам, ки духтарашро ба аскари рус ба шавҳар дода, аз тохтутози шаръии муҷоҳидини наҳзатӣ наҷот дода буд дар ун солҳо. Ӯро мефаҳмам.

Ихтиёран банда нашавед, хоҳарон!

Хоҳарони хубам! Барои ман на гармасту на сард, ки шумо бо дасти худ чӣ рӯзе сари худ хоҳед овард. Ояндаи шумо дар низоми исломӣ бардаи ҷинсӣ аст, дигар ҳич. Ба Эрон нигоҳ накунед, мазҳаби онҳо шиъа асту фиқҳи мазҳаби шиъа барои зан каме сабукиҳо қоил аст.

Мо суннӣ ҳастем ва дар мазҳаби мо зан 1 ҳайвони хонагӣ шинохта мешавад. Пурсед муллоҳои боимонро. Агар имон доранд, росташро мегӯянд!

Ояндае, ки шумо мехоҳед, бардаи ҷинсӣ будан аст. Бардаи ҷинсӣ, ҳамоно сексуальное рабство!!! Агар ин рӯзро барои худ орзу доред, Худо ба ҳамроҳ, лекин ҷавониҳо, орзуҳо, озодиҳои миллионҳо тоҷикистонии дигарро надуздед, ки намехоҳанд чун шумо буда бошанд. Инҳо мехоҳанд дин, илм, озодӣ, фарҳанг, кор, фаъолият ва муҳимтар аз ин ҳуқуқи чун зан-инсон зиндагонӣ кардан дошта бошанд….

Ба зиндагӣ дар кишвари дунявӣ арҷ гузоред, зиндагии заминии худро арзанда созед, ун тарафашро Худо шоиста мекунад… Вале агар намехоҳед дар Тоҷикистони дунявӣ ва демокротӣ ва ҳуқуқбунёд чун Инсон зиндагӣ кунед, хезеду равед имороти исломии ҳамсоя, 1 чашед лаззати ҳиҷобро, чун ҳайвони хонагии толибони паштуни биёбонгард зиндагонӣ кунед, шояд андешаатон дигар шавад.

Вале он гаҳ дери дери дер мешавад…

 

Сафват Бурҳонов

Берлин, махсус барои бонувони СССР-хон

 

АЗ РЕДАКСИЯ: АГАР 27 ИЮН НАМЕБУД…

Матлаби журналисти саршиноси Тоҷики муқими Германия, муаллиф, дӯст, яке аз асосгузорони газетаи мардумӣ, Сафват Бурҳонов, дар арафаи таҷлил аз 27 солагии имзои Протоколи Сулҳу Ваҳдати миллӣ (27.06.1997) ба дасти чоп расид. Зеро ба назар мерасад, ки мардуми мо, ба вежа бонувони Тоҷик ун рӯзҳои шуму наҳсро фаромӯш кардаанд, ки ба ном муҷоҳидини наҳзатӣ дар деҳоти кишвар, ба вежа мавзеъи кӯҳманзар, бонувони хурду бузург, ҳатто занҳои никоҳии муаллиму журналист, коммунисту кормандони давлатро, мегирифтанд ва бо ин иддао, ки никоҳи ишон раво нест, бе талоқи шаръӣ никоҳи нав мебастанду таҷовузу озори ҷинсӣ мекарданд. Фаромӯш кардӣ, эй зан, ун рӯзҳоро???

 Фаромӯш кардӣ, ки бибият барои раҳоӣ аз таҷовузи ҷинсӣ туи 8,9,10 соларо, ки тибқи «шариат»-и нонавиштаи ин педофилҳои наҳзатӣ, никоҳат равост, ба танат либоси бачагона пӯшонида, ба Душанбе дуздида меовард, то мулло Абдуллову Алии Бедакиву Ҷагаву Ризвону Гитлер таҷовузат накунанд???

Ин ҷо 3 қиссаи ҳузн мекорем:

Огаҳон қисса мекунанд, ки яке аз занҳои Мирзо Ҷага-қумандони номӣ, дар Амрико шавҳари яҳудӣ кардааст! Зеро ин бечора онгуна аз ситами ин «муҷоҳиди барҳаққ» ба дод омада, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз вартаро дар издивоҷ бо душмани ислом дидаву аз кишвар фирор кардааст.

 Дигар қиссаи ҳузн ин аст, ки зани 1 беномуси дигар, ки аз ислом фарсахҳо дур ҳам бошад, мубаллиғи наҳзат дар Аврупост, низ аз рафтору кирдори ин ба ном «мусалмон» ба фиғон омада, ба нишони эътироз шавҳари яҳудӣ карда, дар Олмон ба сар мебарад.

Эй зан! Бин, ки хонумҳои худи ин муллову муҷоҳидину мубаллиғини раддаи №1 чигуна аз ин ба ном мусалмонон ба дод омадаанд? Ҳарчанд онҳо низ сароғоз дар сар фикри давлати исломӣ ва ҳиҷобу хитоб доштанд.

 1 қиссаи дигарро Маъсума Турфе-собиқ корманди радиои ВВС ва Озодӣ нақл карда буд. Ин зан, ки аз Эрон ба Аврупо фирор кардааст, мегуфт, шахсан ман зи сари беақлӣ дар сафи аввали муборизони ҳиҷобу сатру давлати исломӣ дар Теҳрон будам. Вале чун муллоҳои охунд сари қудрат омаданду ҳуқуқҳоям куллан поймол шуд, дарк кардам, ки фиреб хӯрдаам, вале акнун дер шуда буд. Ягона роҳи наҷотро дар ин дидам, ки ба Аврупо фирор кунаму то охири умр заҳри ғурбати ғарибӣ чашам…

     Эй зан! Имрӯз боз ба кому доми ҳаминҳо афтидаӣ? Ҳоло ҳам, ки вақт ҳаст, аз роҳи бад баргард. Атрофи Ҳукумате, ки бар мо Сулҳ, бар миллати аз ситами муллоҳо титу пареш Ваҳдат ва шахсан ба туи гирифтор Озодӣ ва Ҳуқуқ оварду чун 1 Инсон ба ҷамъият баргардонид, васлат кун. Зеро танҳо дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати Марказӣ ва Давлати Тоҷикистон…Мо Метавонем!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube