Футбол –  идеяи миллӣ!

Чӣ ё кӣ халал мерасонад, ки дар Тоҷикистон футболро ба идеяи миллӣ табдил диҳанд?

Ба президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ба роҳбари дастаи “Истиқлол”, Шоҳрух Саидзода

Сабаби ба ин 2 нафар фиристодани ин нома он аст, ки маҳз ин ду шахсият андешаеро, ки солҳо боз дар сари ман чарх мезад ва то қадри тавон барои амалӣ шудани он мекӯшидам, эҳсос кардаанд ва барои амалӣ шудани он талош доранд.

Ҷонбозиҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва генерал Шоҳрух Саидзода дар таърихи футболи тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешаванд.

Агар аввалӣ дар душвортарин шароит футболи тоҷикро дубора эҳё карда бошад, дуввумӣ дастаи маъруфтарини кишварро сохт, шароит муҳайё кард то дар арсаи минтақавӣ аз он гӯянд. Яъне ин ду нафар ҳадафи маро дарк мекунанд ва хуб медонанд, ки бо ба идеяи миллӣ табдил додани футбол дар Тоҷикистон яқинан комёб хоҳем шуд!                                                    

Футбол варзиш нест…

Оре, Футбол танҳо як бозӣ нест, ин падидаест, ки одамони миллатҳои гуногун, дину ойинҳои гуногун, фарҳангҳои гуногун, ва синну соли гуногунро ба ҳам меорад. Дар ҳар як кишвар футбол ба таври худ қабул карда мешавад ва анъанаҳои беназири худро дорад, ки ҳувияти миллӣ ва рӯҳияи дастаро ташаккул медиҳанд.                                

Футбол бозиест, ки аҳамияти он кайҳо ба тамоюли ҷаҳонии муттаҳид кардани одамон табдил ёфтааст. Одамон аз гӯшаҳои гуногуни замин футболро тамошо мекунанд,  дастаҳои дӯстдоштаашонро ҳаводорӣ менамоянд, байни ҳам шартгузорӣ мекунанд ва натиҷаи бозиҳои футболро пешгӯӣ месозанд. Як қатор кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо футбол ба идеяи миллӣ табдил ёфтааст, бо сабаби бозиҳои муҳим дар ин кишварҳо дарсҳоро бекор мекунанд, рӯзҳои корӣ кам карда мешаванд, футболро дар ин кишварҳо ҳама дӯст медоранду маънои зиндагиашон шудааст. Дӯстдорони ҳақиқии футбол дар ҳама кишварҳо ҳастанд ва муҳаббати онҳо ба таври гуногун ифода карда мешавад. Мухлисони ашаддии футбол ягон бозии дастаи дӯстдоштаи худро аз даст намедиҳанд, пули охиринро барои иштироки одӣ дар варзишгоҳ ҳамчун тамошобин медиҳанд, то бозигарони дӯстдоштаашонро дар майдони футбол бинанд.

Дур намеравем: Ёд доред, дар солҳои 1980-1990 дастаи “Помир” – и Душанбе барои мо, тоҷикон аслан ба як идеяи миллӣ бадал шуда буд? Чӣ хурду чӣ калон, чӣ коммунисту чӣ атеист баробари он нафас мекашидем, баробараш ид мекардему мотам мегирифтем…

Мо ҳоло идеяи миллӣ надорем!

То аввали солҳои 2000  мегуфтанд, ки идеяи миллии мо ваҳдати миллист. Аммо агар имрӯз бигӯем, ки ин идеяи миллӣ ҳамоно боқист, пас масъалаи ваҳдати миллӣ ҳал нашудааст?

Маълум аст, ки бояд идеяи нав дарёфт. 1 журналисти хубамон пешниҳод карда буд, ки футболро бояд ҳамчун идеяи миллӣ қабул намоем. Он замоне буд, ки наврасони футболбози мо ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд. Фикри ҷолиб аст. Зеро варзиш барвақт ба як намуди сиёсат табдил ёфтааст. Барои мисол давлати Англия ватани футболи муосир ҳисобида мешавад. Маҳз дар ин ҷо дар асри XIX қоидаҳои бозӣ гузошта шудаанд, ки баъдтар барои футболи байналмилалӣ асос шуданд. Фарҳанги футболи Англия бо анъанаҳои хеш ва садоқати зиёди мухлисон маъруф аст. Яке аз хусусиятҳои калидии фарҳанги футбол дар Англия «фидоӣ будан» аст, – муҳаббати қиёснашаванда ба дастаи худ. Варзишгоҳҳои Премер – лигаи Англия ҳамеша лабрези мухлисон ҳастанд ва мухлисон дастаи худро фаъолона дастгирӣ мекунанд ва фазои муқоисанашавандаро фароҳам меоранд.

Ҳар як ҳукумат, ҳар як Президент аз он ба таври худ истифода мекунад. Гоҳо обрӯву нуфузи як варзишгар ба ҳаде  боло меравад, ки қиёси он бо  Президенти чанд кишвар ё “ситораҳо” номумкин мешавад.

 Марадонаи муқаддас

Бигирем футболбози нотакрори дунё Диего Марадонаро, ки бо номаш калисо ҳам кушодаанду мактаб ҳам, ба фарзандон номи ӯро гузоштаанду  “Худои футбол” ҳам номиданд. Дар ҳоле  сиёсати пешгирифтаи сарварони Аргентина нисбати Амрико  номаълум буд, сарварони кишварҳои Амрикои Лотинӣ маҳз ӯро ба ҷаласаҳои зиддиамрикоии хеш даъват мекарданд ва ба андозае  иззати ӯро ба ҷой меоварданд, ки фикр намекунам ягон Президенти Аргентинаро чунин ифтихор насиб шуда бошад. 

Пас, агар дар кишвари мо ҳам  футболро идеяи миллӣ эълон карда, бештар дастгирӣ намоянд, фикр мекунам баҳсҳои диниву сиёсӣ то андозае аз сархати ахбор дур гашта, хаёлу хотири мардум ҳам аз мушкили эҷодшуда сари мушкили зиндагӣ дур хоҳад шуд.Муҳимтар аз ҳама умед ба фардои даста, ба фардои дурахшони он ҳамқадам бо сиёсату иқтисоду фарҳанг хоҳад омад.   

Тахмин мекунам, ки бо идеяи миллӣ эълон кардани футбол эҳсоси ватандорӣ низ барои тоҷикон бештар мешавад, онҳоро зери як идеяи умумӣ ба ҳам меорад, баҳси “муллову кофир”, “хоину ватандор” ва масоиле мисли ин аз байн меравад…

Дуруст аст, ки ин гуна идеяро масалан бо нашрияи тоҷикиии варзишие бештар таблиғ кардан мумкин аст. Аммо чунин нашрия надорем. Чанд сол муқаддам бо умеди дастгирии ононе, ки забони модариву футболи тоҷик барояшон ҳарфи хушку холӣ нест, нашрияеро таъсис додем бо номи «Гол». Аммо нашрия дар сатҳи зарурӣ дастгирӣ наёфту аз чоп монд…

Фикр мекунам доираҳои таъсиргузор бояд дар ин бора бештар фикр кунанд, то ба футбол бештар аз варзиш бархӯрд шавад.

Ҳамон рӯзе мо метавонем Марадонаҳо, Пелеҳо, Платиниҳоро созем, ки ин варзишгарон ғами пахтаю барқ надошта бошанд, футбол барои онҳо умеди зиндагӣ бошад. Маҳз ин гуна қаҳрамонҳо идеяи миллиро қавитар месозанд, на “ситораҳои камнур”, ки байни баъзе пулмастон барои сарпараст шудани онҳо мусобиқаи сахт давом дорад…

Шахсиятҳои бузург ҳамеша танҳо буданду ҳастанд. Онҳоро дарк кардан, ҳамфикр будан сахт душвор аст, зеро агар ин танҳоии эшон рахна мешуд, шояд мисли ҳазорон ҳазор одамони одӣ мебуданд. Аммо вақте чанд нафар аз фарзандони воқеии ин сарзамин аз як мушкил меандешанд, амсоли муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода, амалӣ намудани он саҳлу осон аст.

Аз ин рӯ, бовар дорам, ки агар соли 2027 – ро соли эҳёи футболи тоҷик эълон намоем, умеди ҳазорон ҳазор наврасону кӯдакону ҷавонони тоҷикро амалӣ менамоем!

 Хуршед Атовулло,

рӯзноманигор ва нависанда,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube