1 латифаи аҳди шӯравист, ки ҳама медонад:
Русе дар Ғарм меҳмон мешавад. Субҳ ӯро соҳибхона хезондаву мегӯяд:
–Худаӣ!!! Поехали!
Рус меояду мезанад шикам сер. Рафта дароз мекашад, ки соҳибхона мехезонадаш:
–Пошли, худаӣ!!!
Рус омада 1-2-3 ро мезанаду нав ёмбош мекунад, ки соҳибхона мегӯяд:
–Вставай, пошли на Хашар…
Рус хурсанд давида, аз паси дӯсташ меравад, ки дар он ҷо то дили шаб ҳашару кору бори ройгон…
Саҳар вақте соҳибхона ӯро бедор мекунад, бо овози ниммурдаву нимзинда мегӯяд:
–Худаӣ лучше, чем Хашар…

Воқеан ҳам Ҳашар дар луғати ягон миллату давлате корбаст нест, илло фарҳанги лаҳҷавии мо. Зеро Ҳашар бо маъракаи кори ройгон ва меҳнати худоӣ (аз баҳри ризои Худо), ки дар мо ҳаст, дар ягон гӯшаву канори дунё дигар нест. Субботники коммунистӣ ва шанбегиҳои имрӯзаи мо, низ посухгӯи маънии тоҷикии Ҳашар нест. Зеро таври маълум субботникҳо дар аксари маврид тарҳрезишуда ва нақшабандигардидаанд. А, Ҳашар тамоман чизи дигар аст.
Фарзи мисол, вақте мо кӯдак будем, Бобои Ғулом эълон мекард:
-Пагоҳ ҳашари кӯчатаппаккунии Мулло Сияҳак!
Ва мо хурду бузург пагоҳ фавҷ-фавҷ мерастему бе амру таҳдиду зораву зории касе, кӯчаи поруи гови бобои эшони Сайфиддинро таппак мекардем. Ҳай таппак мезадем, ҳай таппак мезадеме. Наскону Рафоъату бибии Андарвайда (тахаллусҳо) поруи рехтаи моро чунон бо ангуштони малеҳ рангобаранг мекарданд, ки ҳаваси кас меомад!
Вақте мешнидем, ки Махсуми Чилла ҳашари лойдевор дорад, ҷумлагӣ, бе ягон тамаъ меомадему бели лойбурро ба кор медаровардем.
Ҳашари андоваи Бобои Нос бошад, моро ба хонаи пуробрӯтарин мӯсафеди маҳалла – Акрам Сайдалиеви ҷанговари номдори ҶБВ мекашид.
Ба ҳашар ҳама меомад. Зану мард, кӯдаку гӯлу чудак. Ва аз 1 гиребон сар бароварда, ройгон кор мекардем. Ҳашар!

Ҳашар бо лутфи соҳиби кор инъоме дошт, бо номи Ҳашаракӣ, яъне ғизое, ки тару хушк, гарму сард дар дастурхони тезтайёре мерехтанд ва мо мехӯрдем. Ягон кас, мешунавед, ЯГОН нафар, ҳаққу ҳуқ надошт, шикоят кунад, ки таом бо ва ё бе лаззат аст! Зеро ин ҳашаракӣ буд. На худоӣ!
Дар даврони советӣ бо усули Ҳашар роҳҳо, пулҳо, хонаҳо боғу токзорҳо бунёд меёфтанд. Ва ин нақшабандии давлатӣ набуд. Ин планировкаи халқӣ буд. Халқ мерафту дасти ҳамдигарӣ мегирифт. Мутаассуф, ин маъракае, ки мардумро ба ҳам зич муттаҳид мекард, аз байн рафтааст. Дигар ку ун ифтихорот, ки дуди буржуйкаи Мулло Сияҳакро дида, Алику Ҷӯрахон бо ифтихор мегуфтанд:
–Мо таппак зада будем!
Ва ё аз сари девори махсуми Чилла парида, Қурбони Қурут ба эътирози мардум, ки “сафилро мешканӣ, бачаҳалок!” бо кибру ғурур мегуфт:
-Намешиканад, ману Умару Аллаёр девор задаем-мустаҳкам аст!
Ва ё борони селро дида, Камолу Комил файласуфона муҳокима мекарданд:
-Боми Бобои Нос намечакад: худамон андоваи серкоҳ рехтаем!!!
Хулласи калом, СССР, ки газетаи мардумист, ин моҳ талош кард, маҳз ана ҳамин анъанаи некро зинда кунад ва ҳам кард. Мо Метавонем!!!
07.06.2024. Соат ба вақти Питер 10:17 дақиқа. Раҳмон Шамол ном масъуле занг задаву гуфт:
-Шумо, сардабири СССР? Дар куҷоед? Мо бо дастури Президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ноиби аввалашон Хуршед Мирзозода барои варзишгоҳи СССР сабзаи сунъӣ равон мекунем. Қабул кунед!

Ҷои фаҳмондан набуд, ки ман дар сафари хидматиям. Ба Саймурод Носиров-сармуҳосиб ва хоҷагидорамон Алии Беҳудуд занг задаву супориш додам, ки борро қабул кунанд. Карданд. 3 мошини боркаши бузургҳаҷми Фура бо 2 крани борбардор (ниг ба акс). Ва ана баъд сар шуде…
Аввал хостем, бо кирои мардикорон корро ба субут расонем, ки зӯрамон нарасид. Мардикорон рӯзи кор 250 сомонӣ талаб мекарданду баъди шом 300 сомонӣ. Шумораашон 7-10 кас беш буду кам на. Корашон, ки рӯзбайъ будӣ, ҳич ба анҷом намерасид. Ин ҷо ба додамон ҳамсояам Муҳаммадсиддиқ расид, ки соҳибкори муваффақ аст. Ӯ гуфт, рӯзу соатбайъ не, балки ҳаҷму корбайъ қарор банд. Бастем. Боз ҳам нашуд!
Зимнан, Ҷумъахони Қодир-устоди гулдасти маҳаллӣ тавсия дод:
-Бобои Эшон! Кӯдаконро ба ҳашар даъват кун!!!
Бо маслаҳати Баҳодур-сармураббии дастаи футболии СССР атфолро ба Ҳашар даъват кардем ва эврика!!! Кор ранги дигар гирифт!
Кӯдакон аз таҳти дил ҳашар мекарданд. Табиист, ройгон! Ба гуфти Алии Беҳудуди советидӯстдор “аз ҳисоби профсоюз”. Часпу талоши атфолро дида, Эмоми капусти 70 сола ҳам ба кор баромаду Нуриддини боймиҷони 63 сола ва ҳатто Саймуроди бух низ (дар Кӯлоб ҳама лақаб дорад!).
Рӯзи 7 июл бошад, Ғиёсиддин Достиев (тахаллусаш Боб) 14 корманди поккори шаҳрро ба Ҳашар овард. Зану мард (ниг. ба акс) ройгон, барои ободонии шаҳрашон кор мекарданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб, пайваста дар тамос мешуду мепурсид, чӣ лозим аст, чӣ кумак кунам? Бо ҳамин иддаои кумакрасонӣ раисони навоҳии Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Данғара низ муроҷеъ мешуданд.

Ман мегуфтам, чизе лозим нест! Зеро мо ҲАШАР дорем ва бо усули Ҳашару чошту шоми Ҳашаракӣ дар тӯли 1 моҳу 5 рӯз мо корро қариб ба сомон расонидем (ниг. ба акс). Ошпазамон Алии Беҳдуд буд, ки ба маъракадорони Ҳашаракӣ расман тавсияи “повури дастбанамак” медиҳам.
Соате, ва он дур нест, стадион ба кор даромаду лентаи рамзиро бурридем, туро ҳам хонандаи ин сутур тариқи ютубканали СССР ТВ ва газетаи дӯстдорат-СССР бо он шоно месозам. Мо бар боварем, ки ин корро, ҳатман дар сатҳи олӣ, хатм мекунем. Зеро Мо Метавонем! Ва низ:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад!
Зинда бод Ҳашари сирф Тоҷикӣ ва Ҳашаракии танҳо хоси Тоҷикон:
1 гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон!!!
Ва аз ҳама охири охир: баъди анҷоми корҳо тамомии хонандагон ва аъзои Ихвон ал СССР метавонанд биоянду ин стадионро бо чашми сар бинанд ва ҳатман ройгон футбол зананд:
Биоеду намонед бо шунидан,
Шунидан кай бувад монанди дидан?!
