
Моҳи августи соли 1992. Дар хонаи Соҷидаи Мирзо меҳмонем. Соҷида дар ошёнаи аввал мезисту Лутфуллои Давлат ва зумрае аз чеҳраҳои саршиноси адабу килку фарҳанги Тоҷик дар ошёнаҳои болоӣ. Он рӯз 1 мусоҳибаи ман бо чеҳраи фарҳангие дар газетаи «Тоҷикистон»-и Насрулло Асадуллоев нашр шуда буд. Лутфуллои Давлат онро хондаву пурсид:
– Кай бо ман суҳбат мекунӣ…?
Гуфтам, ба наздикӣ…ва суоли наздикам ин ҳам хоҳад шуд:
– Хона дорӣ???
Баланд хандид!… Ин суол-ишорат ба мини-спектакли ӯ бо устодаш Убайдулло Раҷабови нозанин буд, ки ахирӣ нақши режиссёр мебозиду Лутфулло образи актёри ҷавонро. Дар ҳамон саҳна режиссёр (он же Раҷабов) аз ҳунарманди ҷавон (он же Давлатов) эрод мегирифт, ки «О, ҳамин нақшро дар хона такрор кунӣ намешавад?», Лутфулло бо овози ашколуд посух-ҷавоб медод, ки «1 бор намепурсед, ки ман хона дорам ё не?». Режиссёр дафъатан мепурсад, «Хона дорӣ?» ва ба посухи актёри ҷавон «Неъ!» ҳатто аҳамият надода, меафзояд:
– Ролро чаро дар хона такрор накардӣ???
Ин лаҳзае хеле ҳассос ва зудгузар буд, ки дар дидаҳо нақш мебаст. Усулан аксарияти нақшҳои Лутфулло Давлатов аз сужаҳои хурд, вале хеле нишонрас иборатанд, ки умре лаззаташон бинандаро тарк намекунад. Ӯ дар ҳамон солҳо ба гунае монандӣ дошт бар Евгений Евстигнеев, Георгий Витсин, Раднэр Муратов, Савелий Крамаров, Ролан Биков, Леонид Ярмолник… Онҳое, ки усулан нақши калидӣ ё марказиро қариб, ки дар саҳнае намебозиданд, вале миллионҳо шаҳрвандони давлати бепаҳнои СССР маҳз барои дидани онҳо ба театру синамо мерафтанд. Ба таҳқиқ, тавре Константин Сергеевич Станиславский мегуфт: -Нақши хурд вуҷуд надорад! Ҳунармандони хурд вуҷуд доранд (Нет маленьких ролей, есть маленькие актеры).
Ҳоло аз он суолу ҷавоби ману Лутфуллои Давлат 31 сол гузашт ва 2 аср тағйир кард… Ва аммо то ҳанӯз наметавонам дар бораи Ӯ нависам. Эй, мардум, Лутфулло ба назар дастрас менамояд. Вуҷудаш вулқонест. Ба таҳқиқ Шахсият аст. Нафарест, ки Образи Ӯро садсолаҳо касе наметавонад бозад ва ё фош кунад…
Ӯ саҳли мумтанеъ аст!
08.02.2023. Дар ҷанозаи ҳунарманди мардумӣ устод Чилахон Холов, дар дасташ газетаи СССР ва реквиеми мо, Лутфулло бо табассуми пур аз ғаму дард пурсид:
– Шумо, то одам намурад, дар борааш наменависед-а?!
Дилам таҳ кашид. Мехостам гӯям, ки Шумо дар назари худ содаву дастрас менамоед. Дар бораатон навиштан дилу гурда металабад, ки мо надорем…
Вале нагуфтам. Имрӯз ба хулосае омадам, ки ҳар чӣ бодо-бод, менависам. Бигзор пагоҳ хонанда гиребони маро гирад, ки «натавонистӣ!», вале бояд навишт… Мо Метавонем!
Лутфуллои Давлат Инсон+Позитив аст!!! Дар дилхоҳ маърака набзи маҳфил ҳамеша сӯи ӯ тоб мехӯрад ва маҳфил ҳатман позитив, мусбӣ мешавад. Ҷое ӯст, ғайбату ғаму ғусса муҳоҷирони ҳамешагиянд. На, дурӯғ гуфтам. Ҷое ӯст, ҳатто ҒАЙБАТ позитив аст!!!
Ғайбатҳояш пур аз ҳаҷву танзу мутоябаанд ва ҳар танаффусаш бо қаҳ-қаҳаи баланде паси сар мешаванд, зеро ӯ, ростӣ, ғайбат ҳам карда наметавонад! Нафаре мабодо мавриди ғайбаташ қарор бигирад, фардо қаҳрамони маҳофил мегардад. Чунки ғайбатҳояш созандаанд. Ва зиҳӣ чунин ғайбатшунаву ғайбатгар…
Қаҳрамонҳои манфии танзу аниқ…дотҳояш 1 касанд: Худи ӯ! Зеро намехоҳад, касе ранҷад. Ва агар танзе шунидааст, худро қаҳрамони он мекунад. Коре, ки хеле дили бузург бубояд дошт, ки худро бихандиву дигаронро бихандонӣ. Усулан 1 танз, 1 қиссаро метавон дар иҷрои ӯ 100 бор шунид. Ҳар бор ҳатман 1 нюанс, 1 изофаи сабуке воридаш мекунад, ки соатҳо механдӣ…
Вақте бо журналистон сару кор гирифту директори МД ТВ «Сафина» гашт, ин ниҳодро воқеан ҳам бақувват намуд ва дили рӯзноманигоронро ба касб гарм кард. Ёдам ҳаст, боре бо 1 журналисти «сип-сиёҳгашта» мерафтему Лутфулло аз сари роҳамон баромад ва ба ҷайби он нафар 50 доллар халонд. Ҳамингуна нафаре нест, ки аз сахои ӯ канор монда бошад…Ман низ! Мо Метавонем!!!
Ҳунарманди халқӣ…
100% бар боварам, агар ин унвон ба тариқи назарпурсӣ хатм мегардид, Лутфуллои Давлат дар феҳристи нахустинҳо онро соҳиб мешуд. Бо ин ки Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (1999) аст, мардумитар аз ӯ, шахсан ман кам вохӯрдаам. Боре бо Садриддин Шамсиддин ва Комилҷон Холов ба н. Ёвон сафар мекунанд. Нозири роҳ мошинро ист мефармояд. Он даврон айни авҷи шукӯҳу ҷилои ситораи 2 журналисти аввалӣ буд. Зимнан аз ронанда хоҳиш мекунанд, ки тирезаҳои пасро, ки он ҷо нишастаанд, поин кунад. Поин мекунад. Нозир ба ин 2 ситора назар кардаву бепарво аз ронанда талаби пешниҳоди ҳуҷҷат мекунад. Вале чун ронанда тирезаи худро поин кард, нозир ҳампаҳлуи ӯ-Давлатовро дида, бонг мезанад:
– Акаи Лутфуллоо!!! Ба ватани мо хуш омадед. Шаб куҷоед, ки 1 гӯсфанд кушта биорам?!…
Чун мошин 100-200 метр пеш меравад, Лутфулло бо лутфи зотие, ки дорад, оҳиста сӯи ҳамсафарон пичиррос мезанад:
-Рӯтон лахча, акнун, “звезда”-ҳом…
Ана ҳамин аст шӯҳрати мардумии ӯ. Ва аз ин қиссаҳо зиёданд, ки ҳунарманди халқӣ ҳам набошад, ҳунарманди ХАЛҚ будани ӯро собит месозанд…
Ҷияни миллат
Дар спектакли “Ҷияни хира” нақшро онгуна бозидааст, ки марду зан танҳо ӯро ҷиян мехонданд. Шояд таъсири ҳамин нақш аст, ки то ҳанӯз дар чашми мо чун ҷавони болобаланду босалобате пайдо мешавад, на чун падар ва бобои 65-сола…
Нақшҳояш дар намоишҳои «Найи сеҳрнок», «Вопасин арӯси Амиралмӯъминин», «Фарзанди Осиё», «Нахи печида», «Эдип», «Фарёди ишқ», «Дод аз дасти ақл», «Дохунда» мондагор ва абадзиндаанд. Маҳораташ дар спектаклҳои телевизионии «Курсии сеҳрнок», «Дуздӣ», «Ҳайкал», «Аноӣ», филм — спектакли «Ғуруб» ва ғайра зуҳур кардааст. Дар пурбинандатарин спектакли телевизионии «Зани оҳанин» танҳо хандаи баланду софу беғаш ва аз таҳти дилаш, миллион нафарро то оби дида механдонд.
Ҳунарашро дар филмҳои бадеию телевизионии «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» «Беҳуда хорам мекунӣ» ва ғайра нишон додааст.
Истеъдоди хуби сарояндагӣ ҳам дорад. Сурудҳои мондагори Аҳмад Зоҳирро бо маҳорати том хонда, «Аз ғамат ай нозанин», «Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Тоҷикистонро нигоҳ дор» ва суруди Модарашро ҳаводорон хеле хуш пазируфтаанд. Вақте ки суруди ахиринаш клип шуд, шоҳид будам, ки нафаре мегуфт:
-Ана ҳамин суруд хатми ҷумла таронаҳои Модарнома бояд буда бошад…
Кони Лутф
Лутфулло Давлатзода (Давлатов Лутфулло Саъдуллоевич) дар соли 1958 дар деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, Вилояти Кӯлоб, РСС Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1979 Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба итмом расонда, фаъолияташро аз Театри драмаи мусиқии ш. Конибодом сар кардааст. Баъди хидмат дар Артиши Шуравӣ аз соли 1981 актёри Театри давлатии академии-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизони Тоҷикистон, солҳои 2010-2015 директори ТВ “Сафина” ва аз соли 2015 директори Театри А.Лоҳутӣ буд. Ҳоло давлати пирӣ меронад, ҳарчанд ҳунар набояд ба нафақа равад!!!
Аз хушгӯии ӯ:
– Соли 1975 ба институт дохил шуда, хона рафтам, ки модарам бо кампири ҳамсоя филми «17 лаҳзаи баҳор»-ро тамошо доранд. Бонг задам, ки «Очааааҷооон, ман омадам, дохил шудам!!!». Модарам ангушт ба лаб бурда, паст гуфт:
-Дод назан! Штирлитс дар варта аст. Мабодо ба даст афтад…
Ин дам кампири ҳамсоя лаҷоми гапро ба даст гирифт:
-Мегум, ҳамсоя, Штирлитсакамонра немисҳо имсол бисёр ғам доданд. Аз соли порина харобтарак шудааст…
…Ҷони одам, Инсони комил, рафиқи мушфиқ, дӯсти шафиқ, дастгири устодон, муттакои ҳамкасбон, кони ҳазлу мутояба ва Одам бо ҳарфи калон…
Бо ҳамин хислатҳо метавон очерки навбатиро хатм кард. Ва ин ҳама Позитив дар 1 кас ки ӯро ном Лутфулло Давлатов аст…
Мо Метавонем!
