Дуруд СССР! Шаҳри Истаравшани бостонӣ ба олами ҳастӣ беш аз 700 шоиру нависанда, олиму хаттот додааст. Дар ин шаҳр нахустин китобдӯстон низ буданд, ки дар собиқ СССР китобхонаи шахсиашонро ба рӯйи мардум боз кардаанд. Бояд гуфт, ки маҳз дар ш.Истаравшан аввалин маротиба дар миқёси собиқ давлати шуравӣ – СССР осорхонаи китоб эҳё шуда буд, ки он аз соли 1986 то соли 1992 амал кард. Дар замони советӣ дар шаҳри мо даҳҳо китобхонаю дӯкону мағозаҳои китобфурӯшӣ амал менамуд. Ҳоло чӣ?
Айни замон дар ш.Истаравшан ягон мағозаи китобфурӯшӣ нест! Танҳо 2 китобхонаи давлатӣ амал мекунаду халос. Мо дӯстдорони каломи бадеъ ва адабиёт намедонем асарҳои навро аз куҷо дастрас кунем. Ин магар дуруст аст?
Ҳоло вақте барои насли наврас даҳҳо озмунҳои бадеӣ эълон шудаву фарзандонамон бояд бештар рӯ ба мутолиа гузоранд, аз куҷо китоб дастрас намоем?
Алӣ Барот,
ш. Истаравшан