КАНӢ КОНДИТСИОНЕР?

 Насима Эраҷова, сокини ш. Душанбе, хонандаи фаъоли газетаи мардумии СССР (тел: 55559207) бо идора тамос гирифта, гуфт, ки баъди боронгарӣ якбора гармӣ омаду вазъи дохили автобусҳоро дучанд вазнин намуд.

– Ҳар боре хоҳиш намоем, ки ако ё ронандаи азиз, лутфан кондитсионери автобусатонро даргиронед, дарҳол «бо ҳавои берун салқин мешавед, дар хонаҳои худ кондитсионер надореду дар автобус савор шудан кондитсионер ёдатон мезанад?!» –  гуфта, ба мардум ғур-ғур мекунанд.

Назоратчиёни автобусу троллейбусҳо, фасли гармо даромадаасту автобусҳои шаҳри Душанбе то ҳол мусофирони худро бидуни кондитсионер мегузоранд, чаро?  Канӣ роҳату канӣ ҳурмат? Қариб ҳамаи ронандагон барои кам сухтани солярка

намегузоранд, ки кондитсионерҳо кор кунанд. Ин фикри хато, ки кондитсионер бензину соляркаро бештар мехӯрад, 1 миллион сокини пойтахтро гаранг кардааст. О, агар хӯрад ҳам, мо пул медиҳем-ку?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube