Филми Бандии Қафқозро ҳама медонад! Ба ҳар ҳол дар даврони шуравӣ медонистанд. Ин филм ҳоло ҳам ба масале «хит, шлягер» ва ё камназиртарин филми ҳаҷвист. Вале дар ин матлаб мо сари филм чизе гуфтанӣ нестем. Дар бораи охири ин кино гуфтанӣ дорем.
Ёдатон ҳаст, Нина, қаҳрамони аслии филм, бо Шурику хараш хайрбод карда, ба нақлиёти мусофиркаше менишанд, ки хеле зебосту ба ракета монанд? Қиссаҳост, ки дар дохили ин микроавтобус, тибқи нақша, Нина бояд «товарищ Саахов»-ро медид! Зеро дар Қафқоз кам иттифоқ меафтод, ба вежа дар шуравӣ, ки чунин шахсияти номдорро барои зандуздӣ суд кунанд. Боз ӯ гуноҳ ҳам накардааст. Нинаро то ЗАГС набурд. Вале ӯ тибқи ваъда ахириро ба прокуратураву суд бурд ва пеш аз бурдан «по законам гор» ҳатто парронд- «самосуд» кард… Пас Саахову Витсину Никулину Моргунову Мкртчян пеши гуноҳи Шурику Нина ва Эдик (ронандаи мошини вайрона) «мӯсичаи бегуноҳанд». Вале чун филм мазҳакавист, «арӯсдуздон» суд шуданд…
Вале суҳбати мо сари микроавтобус аст!
Кӣ чунин нақлиёти мусофирбарро дар ёд дорад? Ҳеч кас! Мо ҳатто аз киношиноси маъруфи советии Тоҷик, устод Умари Шерхон дар ин бора пурсидем, ки гуфт «надидаам дар ягон филму ягон гӯшаву канори СССР». Зимнан ҳама фикр мекард, ки зуҳури ин нақлиётбар, дар нисбат ба хари Шурик, боз ягон шӯхии Леонид Гайдайи беҳамтост, режиссери филм. Аммо маълум шуд, ки на! Чунин микроавтобус он даврон будааст!

Старт!!!
Дар даврони шуравӣ, бузургтарин мушкил ин набуди нақлиёти мусофиркаш дар байни деҳоти дурдаст, ба вежа куҳманзар будӣ. Ёд доред, фарзи мисол, самолётҳо ба Кӯлобу Ғарму Қурғонтеппа, ба таъбири Бобои Ғулом «фус-фус» мепариданду автобус рӯзе 1 ё максимум 2 бор мерафту меомад? Дар кӯҳистон-ку вазъ боз чигилтар будӣ.
Зимнан авохири соли 1960 муҳандисони советӣ Геннадий Василевич Дяченко ва Юрий Иванович Андрос ташаббус нишон додаву микроавтобусе сохтанд, ки назираш дар ҷаҳон набуд. Шаклаш мисли ракетае, ки навакак дар соли 1961 Гагаринро ба кайҳон бурда буд ва муҳаррикаш аз ГАЗ-21… Маъруфтарин автои солҳои 60-ум, ки усулан онро фасодкорон, садвогарон, ғоратгарон, яъне аристократияи советӣ мехариду тамом. Ёдатон ҳаст филми «Берегис автомобиля»? Дар он филм қаҳрамонаш ГАЗ-21 медуздад, мефурӯшад ва пулашро ба ятимхонаҳо медиҳад.
Ана ҳамин Дяченко ва Андрос хостанд ГАЗ-21-ро мардумӣ кунанд. Кузов ё худ рӯкаши ин нақлиёт, ки 12 нафарро мегунҷонид, аз…плостик буд! Барои нахустин бор дар ҷаҳон инженерҳои советӣ кузови плостикӣ таъсис доданд. Ҳоло бо чунин кузов ҳама ошност: тамомии мошинҳои хитоӣ ё худ «Электрокар»-ҳо плостикиянд. Аммо дар соли 1960 чунин кузов нанотехнология буд.
Дар соли 1960-61 дар СССР ҳамагӣ 50 дона Старт сохтанду бас. Дигар зӯри заводҳои мошинбарорӣ нарасид. Зеро талабот ба мотори он, яъне муҳаррики ГАЗ-21 аз ҳад зиёд шуд. Ва ин намунаи Старт танҳо дар филми «Бандии Қафқоз» сабт монду дигар гум шуд. Ҳол он ки имрӯз низ чунин автоҳо хеле хушсимо мебуданду ҳадди ақалл аз ҳамин Тангемкаҳои хитоӣ назарработар…
М. Мубориз
Махсус барои СССР
