Кенҷабой Ӯрунов: Ҷанговари матин ва ҳимоятгари қонун

Тақдири Кенҷабой Нурматович Ӯрунов – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои сол дар мақомоти мухталифи давлатӣ фаъолият намудааст, ба тақдири қисмати се насли тоҷикон – насли пеш аз давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1930-1940, насли солиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1942-1945 ва насли баъди ҷанги солҳои  1950-1970 шабоҳат дорад.

Ин инсони оддиву хоксор, аз меҳри падару модар барвақт маҳрум монда дар қӯраҳо ва набардҳои муҳиму таърихии ин давраҳо бевосита ширкат намуда, азобу ранҷ, дарду ҳасрат, танҳоию бепарасторӣ, гушнагию ташнагӣ, меҳнати сахту мушкилиҳоро аз сар гузаронида, ба муроди дил, ба бахту саодат,  нияту   ормонҳо,   хушбахтию   фирӯзӣ, амалу  обрӯи неку баланд расидааст. 

Кенҷабой Ӯрунов 23 феврали соли 1925 дар шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд), дар гузари Чуқурақ ба дунё омадааст. Аз падару модараш хеле барвақт ятим мондааст. Тобистони соли 1933 падараш Нурматбой фавтида бошад, зимистони ҳамон сол модараш – Хайринисо низ ин дунёро падруд мегӯяд.

Кенҷабой 7-сола буд, акнун вақти хондану омӯхтан оғоз гардида, аммо чӣ мушкилиҳо пеш омаданд, чӣ дарду ранҷҳо ӯро азоб медоданд?!

Ӯ касе надошт, танҳою саргардон буд. Ягона бародараш Абдураҳмон дар водии Вахш муҳоҷир буд.

Хонаи бачагони бепарастор ӯро ба хушӣ пазироӣ намуд, навозишаш кард, хӯронду пӯшонд. Аммо меҳри падару модарро, ҷои волидайнро ин ҳама меҳрубонӣ, раҳму шафқат гирифта метавонист?…

Дар интернати шаҳр дар қатори беш аз 100 нафар бепарасторон тарбият мегирифт.Вақте, ки Кенҷабой ёздаҳсола буд, ҳамон сол як муддат бачаҳои интернатро 6а назди хешу ақрабо, пайвандонашон ҷавоб доданд. Кенҷабой низ дар суроғи хешовандон ба кӯча баромад, аммо ҳайрон монд. Ба куҷо равам?- аз худ суол кард ӯ. Охир дар  шаҳр  касе  аз  хешовандон, дӯстонро  намедонист.

Акояш дар Вахш. Ба сараш фикре барқвор заду пиёда-пиёда аз назди бозори «Панҷшанбе» сӯи истгоҳи роҳи оҳан қадам зад.

Дар вокзал хайрият, ки касе ба ӯ эътибор надод. Ӯ барин бачаҳои сарлучу пойлуч гирду атрофи вокзал пур буданд. Чашми навбатдорро фиреб доду худро даруни қатораи мусофиркаше зад,  ки аз Андиҷон меомад. «Ба Вахш назди  акоям  меравам»-қатъӣ буд  қарораш.

Дар қатора назди зани русе, ки бо се нафар писарбача менишаст, ҷой гирифт. Зани рус як нигоҳ карду ӯро ба наздаш хонд. Чун матлаби Кенҷабойро дарёфт, куҷое баромада рафту як марди тоҷикро овард.

Ӯ пурсид:

– Номат     чӣ?     Ба    пеши    кӣ    меравӣ?     Танҳо-мӣ? Кенҷабой  номи  бародарашро  ба  забон  оварду  мардак хушҳол шуд:

– Ман туро шинохтам, писарам. Акои ту шиноси ман аст… Кенҷабой баъдтар ин мардро шинохт.

Абдуллоҷон Фозилов-котиби дуюми Комитети марказии ЛКСМ-и ҷумҳурӣ  буд, ки аз Хуҷанд ба Душанбе мерафт…

Соли 1937 буд. Ҳини омадан ба Вахш аз саҳроҳои ободгашта истода, аз ҳосили бо машаққат пухта расидаи деҳқонон меболиду мефахрид, ки дар ин ҷабҳаи зарбдор бародараш Абдураҳмон саҳм мегузорад. Акояш Абдураҳмон Ӯрунов дар ноҳияи Ворошиловобод (Колхозободи пештара, ҳозира ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ) зиндагӣ мекардааст. 

-Чун ба хонааш даромада рафтам, ӯ лаҳзае ҳайрон монд. Баъд ашк рехту маро ба оғӯш кашид. Ҳамон рӯз эҳсос кардам, ки оғӯши бародар, дастфишории ӯ дигар аст, ба дилам қуввату илҳом омад, меҳри самимӣ саршор буд, ризо будам, ки бародарро дарёфтам. Абдураҳмон низ хушбахт буд, маро навозиш мекарду ашк мерехт… – чунин нақл карда буд Кенҷабой-амак.

Баъди чанде додарашро ба мактаби миёнаи ба номи Ворошилов дохил  кунонд.

– Ту мехонию меомӯзӣ. Ба дигар кору ташвиши зиндагӣ бепарво   бош,-мегуфт   ба   додараш.

Ҳамон солҳо дар шаҳри Қурғонтеппа омӯзишгоҳи педагогӣ кушода шуда буд. Муаллимони Кенҷабой дониши мукаммалу шавқи илмомӯзии ӯро ба инобат гирифта, ба ӯ роҳхат доданд ва ӯ ба омӯзишгоҳ дохил шуд.

Хабари Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми Тоҷикистонро низ хеле ғамгин намуд. Дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ навигариҳои тоза ба амал меомаданд, дастовардҳои меҳнатӣ, сохтмонҳои зарбдори ҷумҳурӣ фахри касро меовард. Аммо оғози ҷанг ба пешрафти кор халал расонид. Барои фронт беҳтарин фарзандон, басифаттарин маҳсулот сафарбар карда мешуд. Солҳои аввали ҷанг Кенҷабой ба Душанбе омад ва синфи 10-ро дар ин ҷо хатм кард. Соли 1943 ҷавони 17-сола ба комиссариати ҳарбӣ мактуб навишта хоҳиш мекунад, ки барои таҳсили ӯ дар ягон омӯзишгоҳи ҳарбӣ рухсат диҳанд. Дар ин давра худи ӯ дар мактаби миёнаи ноҳияи Ворошиловобод омӯзгори мактаби миёнаи нопурра буд.

Аризаи Кенҷабойро ба назар гирифта, ӯро аввал ба омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Термиз, баъд барои таҳсил ба қисми ҳарбии № 368, ки воқеъ дар Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мефиристанд. Аз он ҷо ба Термиз меояд ва ба омӯзишгоҳи ҳарбии Харков, ки ба ин шаҳр кӯчида буд, дохил мегардад.

Дар Самарқанд якчанд муддат дар ротаи тирпарронӣ хизмат мекунад, аввалин маротиба яроқи оташфишон ба даст мегирад,  қасами ҳарбӣ ёд мекунад. Кенҷабой аз ҷавононе буд, ки Ватанро муқаддас медонист, худ ки бепарастор буд, ӯро Ватан ба оғӯш кашид, парварид. Имрӯз бояд, ки бошарафона қарзи Ватанро ба ҷо орад, дар роҳи мубориза зидди душман ҷангад. Умеди ӯ ва умеди ҳазорон нафар дар пирӯзии Ватани азиз буд…

Моҳи октябри соли 1943 ӯ ба фронт раҳсипор гардид. 

Қатора 20-22 рӯз роҳ паймуд. Дар наздикии шаҳри Киев Кенҷабой ва ҳамроҳонаш аз поезд фаромаданд. Ба онҳо яроқ тақсим карда шуд. Ҳама сарбозон аз ҳадаф огоҳ шуданд. Вазифаи асосӣ озодкунии шаҳри Киев аз немисҳо буд.

-Ман дар дивизияи 128-ум хизматро оғоз намудам. Ба мо фаҳмониданд, ки бояд ба самти Киев-Чернигов-Гомел ҳаракат намоем. Дивизияи мо асосан ба ин мақсад, яъне озодкунии минтақа ва шаҳрҳои номбурда созмон дода шуда буд, ки ба он намояндагони ҳамаи миллатҳо   шомил буданд.

Ба мо фармон шуд, ки ба самти Гомел ҳаракат кунем. Полки мо 20 рӯз пиёда гушнаю ташна ҳаракат кард ва ба Гомел расид. Дар роҳ моро намояндагони шаҳракҳо, деҳаҳо пешвоз мегирифтанд, ба мо хӯрок медоданд. Касе дар хонааш чи чизи хӯрдание дошт, меовард. Муҳаббати пирон занҳо ва бачаҳо ба мо, ҷанговарон беканор буд…- чунин нақл мекард Кенҷабой  Нурматович.

-Охирҳои моҳи ноябр дар наздикии Гомел ҷанги сахт ба вуқӯъ пайваст. Сарбозони мо тавонистанд дар ин муҳориба ғолиб оянд ва шаҳри Гомел дар арафаи соли нав аз фашистон озод гардид. Ин ғалаба кулли аскарони дивизияи моро сарбаланд кард. Зеро дар ҷанг аксари ширкаткунандагон бори аввал ҷангида буданд.

Ба Кенҷабой Ӯрунов ба муносибати ширкати бомуваффақия дар муҳорибаи Гомел нишони сарисинагии «За отвагу» супорида шуд. Тоҷикписар аз ин қадрдонӣ меболид ва дар дил аҳд мекард, ки қаҳрамониҳои бемислро то ҷон дорад, нишон хоҳад дод, қаҳрамонона хизмати Ватан хоҳад кард. Аммо ҳини муоинаи навбатии тиббӣ духтур муроҷиат кард:

-Туро ба табобат мефиристем. Касалии вазнин дорӣ… Давраи   ҷанг   як   қонуни   нонавишта   дорад.   Командир чӣ гӯяд ҳамонро иҷро мекунӣ. Чун ин матлабро командир ба Кенҷабой баён дошт ва афзуд, ки худи пагоҳ ба Москва, ба табобат меравӣ, ӯ ҳеҷ чиз гуфта натавонист.

«- Итоат, рафиқ командир!»

Дар яке аз госпиталҳои шаҳри Москва Кенҷабой аз муоинаи тиббӣ гузашт. Хайрият, беморияш вазнин набудааст. Табибон зуд муолиҷа намуданду моҳи январи соли 1944 ӯро боз ба фронт, ба Витебск фиристониданд. Дар Витебску Смоленск Кенҷабой мардонавор ҷангид. Ӯ бо чашмони худ ҷанги ҳақиқиро дид, азоби ҷангро кашид. Зеро 17 рӯз отряди онҳо беист ҳуҷум мекарду дар сафи пеш, рӯ ба рӯ бо душман буд. Хеле рафиқонаш ба шаҳодат расиданд,  ярадор гашганд.

Боре дар шаҳри Орши вилояти Витебск ӯ ба овардани «забон» рафт. Аввал онҳо, 6 нафар ҳамяроқон ба ин амалиёт омодагии пухта диданд. Зеро овардани «забон» хеле  мушкилу хавфнок  буд.

Соати 17-и бегоҳ гоҳи ғуруби офтоб 6 нафар мусаллаҳ шуданд ва сӯи немисҳо роҳ пеш гирифтанд. Роҳ хеле мушкил буд. Ба ҷангали касногузар дохил шуданд. Нашояд, ки самти ҳаракат вайрон гардад, то ба макони зарурӣ расидан 5-6 километрро мебоист тай кард. Хоначаи немисҳоро аз дур ба мушоҳида гирифтанд, маълум гашт, ки қувваашон мерасад. Ба ишораи ҳамдигар ба амалиёт шурӯъ  карданд.

-Немисҳои дар хонача нишаста ҳарчанд аз ин ҳуҷуми ногаҳонӣ саросема шуданд, аммо таслим нагаштанд. Маҷбур шудем, ки тирпарронӣ кунем. Аз фурсат истифода намуда, як нафар немисро ба чодар печонидем. Ду кас чодарро мекашиду чор каси дигар ба ҳуҷуми немисҳо ҷавоб мегардониданд. Аз тирпарронӣ дигар немисҳо низ бохабар шуданд. Соатҳои 3-4-и шаб ҷанги тан ба тан оғоз гардид, – ба  ёд  меорад  он  ҳодисаро Кенҷабой.

Аз 6 нафари ба забон рафта танҳо ду нафар зинда монданд – Кенҷабой   ва   Алексей…   Ҳарду   қарибиҳои   рӯз немиси асирафтодаро ба штаби баталон оварданд. Маълум гардид, ки асир сарбози оддӣ набуда, балки аз командирони душман-унтер-офитсер будааст. Барои ин хизмат Кенҷабойро бо ордени «Шараф», дараҷаи III, ҳамяроқашро 6о ордени  «Ситораи  Сурх»  мукофотониданд.

– Баъди амалиёт чанд рӯз дам гирифтем. Аммо хеле uамгин будем, ки чор нафар ҳамяроқони мо аз тири душман ба ҳалокат расиданд, – бо сӯзу гудоз ҳарф мезанад Кенҷабой  Ӯрунов.

Зимистони соли 1944 қаҳратун буд. Ҳаво то 35-40 дараҷа хунук мешуд.

6 марти соли 1944 буд. Армияи Советӣ дар ин давра бисёр манотиқи немисҳо забт кардаро озод мекунад ва ба муваффақиятҳо ноил  мегардад. Дар ин рӯзҳо низ полки Кенҷабой ба ҳуҷум мегузарад. Немисҳо макони худро партофта ақиб мегурезанд. Тир болои сар мисли борон мерехт. Дар ин асно  Кенҷабой тир мехӯрад, ногаҳон тири немис ба тани ӯ мерасад. Гӯё кӯҳ ба болояш афтода бошад, бори вазнинеро эҳсос мекунаду ба барфтӯда меафтад ва аз ҳӯш меравад. Кенҷабой ду шабонарӯз таги барф мехобад. Баъди анҷоми ҳуҷуми навбатӣ хоҳарони шафқат бо ҳамроҳии чанд аскар майдони ҷангро мекобанд. Дар байни тирхӯрдаҳо  зиндаҳо ҳам  будагистанд!…

Оре, майдони ҷанг чӣ розҳо, чӣ ҳодисаҳое надорад. Мӯъҷизае сабаб гашт, ки аз таги барф Кенҷабойи дар ҳолати мурдан қарор ёфтаро  меёбанд.

-Ин зинда!… -нидо  мекунад  хоҳари шафқат. Ҳамин тавр, Кенҷабойро дар ҳолати мадҳӯшӣ ба баталони тиббӣ меоранд. Аз он ҷо ба госпитали Смоленск фиристонида  мешавад.

Дар Смоленск ӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Кенҷабой чанд рӯз беҳӯш мехобид. Ӯро лафзи модарӣ ба ҳӯш меорад. Ба гӯшаш мешунавад, ки касе бо забони тоҷикӣ гап зада истодааст.

Воқеан ҳам дар госпитал як нафар тоҷик аз Самарқанд муолиҷа мегирифт. Чун шунид, ки як тоҷикписар чанд рӯз боз ба ҳӯш наомадааст, бо иҷозати духтурон сари болинаш рафт. Ба гӯши ӯ бо забони тоҷикӣ салом дод, суханони нек гуфт ва дар ҳақиқат Кенҷабой ба ҳӯш омад, аз асли воқеа огоҳ шуд…

Кенҷабой дар Смоленск шифо ёфта натавонист. Рӯзҳо гузаштанду вазъи саломатиаш беҳ намегардид. Ҳавои сард ба тани гарми ӯ сахт таъсир расонида буд. 

Охирҳои моҳи сентябри ооли 1944 маъюби гурӯҳи якум Кенҷабой Eрунов бо дили хаста ва хотири ошуфга аз майдони ҳарб берун гашт ва сӯи диёри зарнисораш-Тоҷикистон роҳ пеш гирифт.

 * *  *

Дар Ворошиловобод хурду калон Кенҷабойро ҳурмат мекарданд. 

Вай ба идораи молияи ноҳиявӣ ба ҳайси муовини раис ба кор даромад. Ҳамаи кор, ба дӯши ӯ буд, монда нашуда меҳнат мекард. Акояш Абдураҳмон дар хоҷагӣ  ҳисобчӣ буд.

Водии Вахш дар тӯли чанд соли набудани Кенҷабой хеле обод шуда буд. Ниҳолакони як вақтҳо хеле хурд дарахтҳои пурбор гашта буданд. Хуҷандиҳо дар хоҷагии «Сталин» кор мекарданд. Исфарагиҳо дар паҳлӯи онҳо хоҷагии Коммунистро ташкил намуда буданд. Ҳамин тавр, дар водии Вахш намояндаи ҳар ноҳия хоҷагии худро дошт. Дар ободшавии заминҳои шӯр, санглохи водии Вахш, саҳми муҳоҷирони вилояти Ленинобод бузург буд…

Кенҷабой Ӯруновро соли 1947 ба сафи ҳизби коммунистӣ қабул менамоянд. Соли 1948 вазифаи сармуҳосиби хоҷагии ба номи Орҷоникидзе, сарвари ташкилоти партиявии хоҷагиро ба ӯҳда мегирад. Ҳамон сол хабари кушодашавии Университети давлатии Тоҷикистон дар қатори ҳазорон ҷавонон Кенҷабойро ҳам шод кард. Ӯ аз рӯзи аввали шунидани ин хабар аҳд кард, ки ба ягон факултети ин донишгоҳи бузурги диёр дохил хоҳад шуд.

Соли 1950 Кенҷабой Ӯрунов ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон қабул мешавад. 5-соли донишҷӯӣ дар хобгоҳ зиндагӣ кард. Дар байни донишҷӯён ва устодон дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун донишҷӯи фаъол ва ташаббускор ном баровард. 

Зиндагии Кенҷабой аз ҳисоби идрор (стипендия) ва нафақа мегузашт. Вақте, ки дар курси сеюм мехонд, чанд нафар донишҷӯёни аълохонро ба Комитети марказии ҳизб даъват мекунанд. Дар байни даъватшудагон Кенҷабой Ӯрунов ва ҳамкурсонаш Абдурауф Дадобоев — собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собир Мадаминов — собиқ Раиси «Интурист» буданд. Онҳо супориш гирифтанд, ки ҳамроҳи ахборотчиёни сиёсӣ ба ноҳияҳо рафта минбаъд моҳе чанд бор баромадҳо кунанд.

Аз байни ҳамкурсони Кенҷабой одамони машҳур, ҳуқуқдонҳо ва мутахассисони номӣ ба камол расиданд. Мефахрид, ки бо собиқ Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон В. Приписнов, бо собиқ Вазири адлияи ҷумҳурӣ, раиси Суди Олӣ Шарофҷон Маҳмудов, бо собиқ раиси суди вилояти Ленинобод Бобохон Иномов ҳамсабақу ҳамнишин буд.  Дар Донишгоҳ олимони шинохта бисёр буданд ва ӯ академикҳо М. Эркаев, 3. Раҷабов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Г. Гранбергро устоди худ меҳисобид. Ректори Университет С. Табаров буд. Аз ин устодон ӯ дарси одамгарӣ, ҳикмат, ҳақиқатпарастӣ, поквиҷдонӣ омӯхт ва соли 1955 донишгоҳро бо дипломи   «аъло» хатм кардааст.

Дар вазифаҳои масъули прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори шаҳри Хуҷанд, сардори шӯъбаи прокуратураи вилоятӣ, судяи суди вилоятӣ фаъолият дошт. Фарзандонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ,

ҳақпарастӣ ва инсонпарварӣ тарбия намуд ва ҳар яки онҳо дар байни ҷомеа обрӯву эътибор ва номи некро шарафёб гардидаанд.

Яке аз онҳо ҳуқуқшиноси варзида, собиқ сардори Раёсати адлияи вилоят Ҷаҳонгир Ӯрунов мебошанд.

Ёди нек ва кору пайкори ин қаҳрамони давр ҷовидонӣ гиромӣ бошад.

Мухтори Абдулло,

Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube