Аз миёни даҳ тан аз котибони якуми КМ ПК Тоҷикистон дар бораи Қаҳҳор Маҳкамов дар маҷмуаву расонаҳо маълумот нисбатан камтар ба назар мерасад. Дар қомуси ПК Тоҷикистон аз миёни даҳ котиби аввал танҳо шарҳи ҳоли Қ. Маҳкамовро «роҳ надодаанд».
Ҳангоми чопи қомуси ПК Тоҷикистон «Они были первыми» (Душанбе, «Шарқи озод», 2003), ба симати муовини директори нашриёт масъулият доштам. Китоби мазкур ба муносибати 80-солагии ПК Тоҷикистон таҳия гардида буд. Раҳбари ҳайати таҳририяи қомус, номзади илми таърих Қаландаров Искандар Қаландарович аз рӯзҳои аввал то ба чопи ин маҷмуа раванди истеҳсоли китобро назорат мебурд…
Аз муҳаққиқи варзида И. Қаландаров ҷӯё шудам, ки чаро шарҳи ҳоли Қаҳҳор Маҳкамовро дар қомус наовардед? Гуфт, ки ӯ аз партия баромадааст?!…
Коммунисти воқеӣ И. Қаландаров бо ҳайати кории хеш воқеан, дар таҳияи китоб корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Онҳо бойгонии ПК-ро таҳу рӯ карда, зарра-зарра маълумот гирд овардаанд, ки ба ҳаминаш ҳам ҳазор раҳмат. Дар қомус аз боби таърихи ПК Тоҷикистон, шарҳи ҳоли котибони якуми КМ, котибони обкому горкому райкомҳоро мухтасаран ва қариб 90 дарсадашонро бо аксҳояшон мақом доданд…
«ОНИ БЫЛИ ПЕРВЫМИ»
Дар қомус номи коммунистони аз ҳизб рондашуда, нафарони пас аз соли 1991, аз қайд (перерегистратсия) нагузаштаҳо, аз ҳизб рӯ гардондагиҳо зикр ёфтааст. Ин ҷо бо овардани чанд мисол, аз роҳбарони гуногунсатҳи ПК Тоҷикистон, ки сар аз соли 1975 болои вазифа буданду баъдан ҳизбро тарк намудаанд, қаноат мебарем…
Қаҳҳор Маҳкамов аз ҳизб баромад, Гулҷаҳон Бобосодиқова аз қайд нагузашт – аз ҳизб баромад, Ю. Шокаримов аз қайд нагузашт – аз ҳизб баромад, Ҷамшед Каримов – аз ҳизб хориҷ карда шуд, В. Ҳоҷиев аз қайд нагузашт – аз ҳизб баромад, Исломиддин Салоҳиддинов – аз ҳизб хориҷ карда шуд (ба ҷуз Қ. Маҳкамов, боқӣ котибони горкоми Душанбе буданд) …
ОЗУРДАГӢ
Коммунисти асил ва вафодор ба ПК (то охири умр) Искандар Қаландаровро то ҷое фаҳмидан мумкин аст. Зеро роҳбарони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар даврони шуравӣ, бахусус аз замони роҳбарии Л.И. Брежнев, зиндагии шоҳона доштанд. Хона, мошини хизматӣ, истироҳат, роҳат, имтиёзи зиёд ва ғайра барояшон муҳайё буд. Бо барҳам хӯрдани СССР ва КМ КПСС ағлаби коммунистони сатҳи аввал аз ҳизб рӯ гардонданд, ҳатто аз қайд нагузаштанд, ки дар он миён нафарони болозикр низ буданд…
Аз ин рӯ, И. Қаландаров аз озурдагӣ, ранҷиш сари ҷаҳл аз коммунистони бевафо, ба мисол Қ. Маҳкамов ва чанде дигар, хафа шуда, чунин амалро ба худ раво диданд. Вақт довари ҳақиқат аст…
Барои дарёфти маълумот аз рӯзгори Қаҳҳор Маҳкамов ба дигар маъхазҳо рӯ овардем, аз ҷумла «Энсиклопедияи советии тоҷик», энсиклопедияҳои «Худжанд», «Фархор» ва ҳам қомуси озоду расонаҳо…
МАҲКАМОВ
Қаҳҳор Маҳкамов, ходими намоёни давлати советӣ ва тоҷик, Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон (1982-1986 ва 1990-1991), котиби якуми КМ ПК РСС Тоҷикистон (1985-1991), узви Бюрои сиёсии КМ КПСС (1990-1991), Раиси Шурои Олии РСС Тоҷикистон (1990), Президенти РСС Тоҷикистон (1990-1991) 16-уми апрели соли 1932, дар канори шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, узви ПК аз соли 1957.
Қ. Маҳкамов соли 1950 Техникуми индустриалии Душанбе ва соли 1953 Институти кӯҳкории Ленинградро хатм кардааст. Пас аз итмоми институт ӯро зуд ба Тоҷикистон мефиристанд. Фаъолияти меҳнатиаш аз вазифаи сардори идораи ҳавотозакунии шахтаи трести «Тоҷикугол» дар кони ангишти Шӯроб оғоз шуда, баъдан ҳамчун ёрдамчии сармуҳандис, сардори қитъаи истифодабарӣ, сармуҳандис ва ниҳоят сардори шахта ифои вазифа менамояд. Солҳои 1961-1963 Қ. Маҳкамов раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод (ҳозира шаҳри Хуҷанд) буд.
ГОСПЛАН
Комиссияи давлатии планкашӣ (государственная плановая комиссия) ва ё кумитаи давлатии нақшакашӣ дар замони ҳокимияти советӣ яке аз сохторҳои калидӣ маҳсуб меёфт. Дар ин муассисаи давлатӣ ашхоси ҳисобдон, кордон роҳбарӣ мекарданд, зеро ҳисобдориву ҳисобдонӣ ва нақшакашӣ корест на саҳл…
Аз ин рӯ, интихоби Қаҳҳор Маҳкамов ба ин вазифа тасодуфӣ набуд. Бахт ӯро ёвар шуду дар 31-солагӣ ба яке аз бахшҳои муҳими сохтори давлатӣ – Госплан роҳбар таъин гашт. Ду сол пас – 1965 ӯро ҳамзамон ба симати муовини Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон пазируфтанд. Қ. Маҳкамов 19 сол роҳбарии Госпланро бар уҳда дошт.
Аз рӯи инсоф иқрор бояд шуд, ки ду иншооти азими садаи бистуми Тоҷикистон – НБО «Норак» ва Заводи алюминийи тоҷик маҳсули давраест, ки Қаҳҳор Маҳкамов раиси Госплан буд ва дар амалишавии ин ду тарҳ ӯ низ саҳмгузор аст.
Қаҳҳор Маҳкамов аз 20-уми апрели соли 1982 то 4-уми январи соли 1986 ҳамчун Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон фаъолият карда буд…
РАҲБАРИ КОМИЛ
Дар ин миён, Қаҳҳор Маҳкамов 14-уми декабри соли 1985 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон (амалан раҳбари давлат) интихоб шуд. Ҳамзамон раисии Совети Олии РСС Тоҷикистонро (1985-1991) низ бар зимма дошт.
Дар як вақт, Қ. Махкамов аз соли 1986 то 1991 аъзои КМ КПСС ва аз 13-уми июли соли 1990 то 23-юми августи соли 1991 узви Бюрои сиёсии КМ КПСС буд.
Муаррихон шаш соли ахири ПК Иттифоқи советиро сотсиализми мутараққӣ унвон карданд, ки баъдан бо омадани М.С. Горбачёв ба сари қудрат – котиби якуми КМ КПСС, замони бозсозӣ инро баръакс давраи рукуд ҳисобиданд.
Иддае бар он назаранд, ки гӯё Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари иҷрокор, бо нағораи Кремл бозӣ мекард ва фикри шахсии худро молик набуд. Аммо ин андеша саҳеҳ нест, зеро Қ. Маҳкамов роҳбари чашми кордон, донишманд ва қобилу масъулиятшинос ҳисоб мешуд. Ҳамчун роҳбари поквиҷдон мисли ҳама ба идораи болоӣ итоат мекард. Бобоварии том метавон гуфт, ки ӯ шахси огаҳ буд ва фикри шахсии худро низ дошт.
Масалан, Қаҳҳор Маҳкамов зимни яке аз суханрониҳои хеш чунин изҳори ақида карда буд: «Халқи қадимӣ ва бо таърихи пурғановате, ки ба оламиён олимон, мутафаккирон ва шоирони бузугро кам надодааст, ба ҳолате гирифтор шудааст, ки ҳатто осорхонаи арзанда театрҳои шоистаи даврон, китобхонаҳои муосир ва ғайра надоранд ва сохтмони онҳо солҳои дароз қатъиян манъ шуда буд. Мардум забону фарҳанги худро аз даст медод. Эътирози одамон аз вазъи баамаломада аз рӯйи адолат буд. Бисёр чизҳоро бояд тағйир дод ва агар ҳарчи зудтар ин корро анҷом диҳем, боз беҳтар мешавад».
БЕТАРТИБИҲОИ ОММАВӢ
Моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе бетартибиҳои оммавӣ сар зад. Рӯзи 11-уми феврал овозае паҳн гардид, ки гӯё дар пойтахт барои арманиҳои гуреза аз Боку хона (квартира) медиҳанд. Аз ин рӯ, дар назди бинои КМ ПК Тоҷикистон чандин ҳазор одамон ҷамъ омаданд.
Рӯзи 12-уми феврал аз байни издиҳом нидоҳои «Дур бод арманиҳо!» ба фалак печид. Кор ба бетартибиву харобкории кӯчаву мағоза ва муассисаҳои марказии пойтахт расид. Издиҳоми бесаркалонро низомиён ва кормандони мақомоти дохилӣ пароканда карданд. Дар умум 22 нафар дар ин бетартибиҳо ҷон бохт.
Қаҳҳор Маҳкамовро муовини Раиси Совети Вазирони ҷумҳурӣ Бӯрӣ Каримов зери тозиёнаи танқид гирифта, истеъфои раҳбарияти ПК Тоҷикистонро талаб кард.
Президенти РСС Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов (30.11.1990-31.8.1991): «Грязнее и злее вещи нет в этом мире как политика!».
ИСТЕЪФО…
14-уми феврали соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамов ва Раиси Совети Вазирони ҷумҳурӣ Изатулло Ҳаёев истеъфо доданд, аммо онро КМ ПК РСС Тоҷикистон қабул накард…
Қ. Маҳкамов моҳи апрели соли 1990 Раиси Совети Олии РСС Тоҷикистон ва 30-юми ноябри ҳамон сол аз сӯйи парламент Президенти РСС Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ ҳамчунон роҳбарии ҳайати вазиронро бар зимма дошт.
Баъди нокомии ГКЧП дар Москва оппозитсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе митинги серодамро созмон дода, истеъфои Қ. Маҳкамовро, ки ҷонибдори ГКЧП буд, парокандашавии ПК-и Тоҷикистон ва бекор кардани қонун дар бораи манъи Ҳизби наҳзати исломиро талаб мекарданд.
31-уми августи соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони халқ ба Қаҳҳор Маҳкамов нобоварӣ изҳор намуданд. Ӯ аз вазифа рафтанӣ набуд, аммо баъди дурӯягии вакилони як вақтҳо «коммунисти сурх» ва тоқа монданашро дарк карда, рӯ ба вакилон – демократҳо гуфт:
«Ман меравам, аммо шумо баъди ман пушаймон мешавед!».
ВА ИСТЕЪФО
Зикр бамаврид аст, ки Қаҳҳор Маҳкамов депутати совети Олии СССР (даъватҳои 10-11) аз РСС Тоҷикистон, вакили халқии СССР (1989-1991), вакили Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5-11) буд.
Дере нагузашта дар пленуми X КМ ПК Тоҷикистон, 7-уми сентябри соли 1991 Қаҳҳор Маҳкамов аз раёсати ҳизб хоҳиш кард, ки ӯро аз вазифаи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон озод кунанд. Коммунистон ин дархостро ҷомаи амал пӯшонданд…
Ва бо ҳамин эраи Қаҳҳор Маҳкамов, ки қариб 28 солро дар бар мегирифт (наздики ду даҳсола дар Госплан, 3 соли сарвазирӣ, давраи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон ва 9 моҳи президентӣ), поён ёфт…
25-СОЛИ БАЪДӢ
Ӯ рафту дигар ба арсаи сиёсат барнагашт. Баъди рафтани Қаҳҳор Маҳкамов, воқеан, бисёриҳо аз кардаи хеш пушаймон ҳам шуданд, зеро алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар домон густурд…
Ба бахти халқи тоҷик бо ба сари қудрат омадани раҳбари ҷавону ҷонфидои миллат Эмомалӣ Раҳмон, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ раҳид…
Қаҳҳор Маҳкамов аз 7-уми сентябри соли 1991 то соли 2016 баъди аз сиёсат дур шудан, давоми 25 сол сирф ба рӯзгори хеш саргардон буд. Тайи 23 сол дар назди аҳли умум боре ҳам изҳори назар карданро ба худ ҷоиз надонист.
Танҳо як раҳ, ду сол қабл аз реҳлаташ, Қаҳҳор Маҳкамов дар ҷаласаи Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов наздики ду соат аз рӯзгори хеш, бахусус давраи нафақахӯриаш, қисса карда, ба саволҳои журналистон посухҳои мушаххас дод.
Қ. Маҳкамов баъди ба нафақа баромаданаш, то соли 2007 ҳамчун мушовири ширкати «Шукур»-и соҳибкори шаҳринавӣ Амири Шукур, ки баҳри сохтмони як коргоҳи шиша мекӯшид, масъулият дошт. Мавсуф аз соли 2000-ум узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Қаҳҳор Маҳкамовро мардум шахси басо хоксор ва одӣ меҳисобиданд. Гаҳу ногаҳ ӯро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пушти фармони мошини сабукрави «ГАЗ – 24»-и солмандаш дидан мумкин буд.
ПОДОШ
Ҳукумати советӣ хизматҳои бисёрсолаи Қаҳҳор Маҳкамовро бо 4 (дар баъзе маъхазҳо 3) ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, унвони Инженери шоистаи РСС Тоҷикистон (1966), медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр кардааст.
Қаҳҳор Маҳкамов дар давраи истиқлол бо орденҳои Ситораи Президент ва Исмоили Сомонӣ мушарраф шуд.
ВАСИЯТ
Бародари айнии сиёсатмадори тоҷик Абдурашид Маҳкамов ба ёд меорад, ки бародарашон Қаҳҳор Маҳкамов вақтҳои охир дигар роҳ гашта наметавонист. Гурдаҳояш қариб аз кор монда буд. Вай бо ман ва пайвандонаш бисёр суҳбат мекард…
Он кас васият намуданд, ки баъди даргузашташ митинг, маъракаи серодам нагузаронанд. Ӯро дар гӯристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе, дар паҳлуи ҳамсараш ба хок супоранд…
МАМОТ
Даҳумин – охирин котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон дар садаи XX, сиёсатмадори варзида Қаҳҳор Маҳкамов, бегоҳи 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе, бар асари бемории саратон дар 84-солагӣ аз дунё гузашт.
Маросими мотам чошти рӯзи 9-уми июн дар масҷиди марказии пойтахт ба номи Ҳоҷӣ Ёқуб баргузор гардид. Ҷанозаро муфтии кишвар ва раиси Шурои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода гузаронд. Дар маросими азо якчанд ҳазор одам иштирок намуданд.
Ҳамчунон, дар ҷаноза бисёре аз собиқ мансабдорони ҷумҳурӣ ва ҳукумати феълӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири ҷумҳурӣ, раисон ва аъзои ҳар ду палатаи вакилони халқи мамлакат, меҳмонон аз ҳамсоякишварҳо ҳузур доштанд. Ягон нафар аз роҳбарияти кишвар сухан накард. Онҳо танҳо бо ҳузури хеш дар маросими мотам қаноат намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи Президенти якуми кишвар изҳори ҳамдардӣ фиристода, ҳамчунон шахсан ба хонаи марҳум рафта, бо аҳли оила ва пайвандони Қаҳҳор Маҳкамов вохӯрӣ намуда, изҳори тасаллият карданд.
ХУЛОСА
Ҷамъбасти фаъолияти меҳнатии Қаҳҳор Маҳкамовро бо суханони ходими намоёни арсаи сиёсати асрҳои ХХ-ХХI Султон Мирзошоев ҳусни анҷом мебахшем:
«Бо аз аз олам чашм пӯшидани Ҷаббор Расулов давраи роҳбарони салоҳиятнок, барӯманд, ғамхору кордон ба поён расид. Баъди ин Раҳмон Набиев Қаҳҳор Маҳкамов сари қудрат омада, кори оғозкардаю тарҳрезӣ намудаи се нафар роҳбарони гузаштаро (Б. Ғафуров, Т. Ӯлҷабоев ва Ҷ. Расулов – У. Ш.) бо маънои пуррааш идома дода натавонистанд. Ҳодисаҳои номатлуби солҳои 1990-1992 ҳама натиҷаи сиёсати ба талаботи замон ҷавобгӯ набудан, сустиродагӣ ва мусолиҳакорӣ (созиш, гузашт)-и роҳбарон буд» (С. Мирзошоев, «Дар пайванди ду аср», 2009).
Умари Шерхон
