Марз аломатгузорӣ мешавад

Рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Вохӯрии навбатӣ бо ҳамраисии роҳбарони Кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, “роҳбарон кори ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусбат арзёбӣ намуданд”. Дар мулоқот ҷонибҳо боз ҳам тезонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намудаанд. Қаблан мақомоти Қирғизистон изҳори умед карда буданд, ки то поёни соли 2023 бо Тоҷикистон масъалаи аломатгузории хати сарҳад мувофиқа мешавад. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад. То имрӯз беш аз 600 километри он муайян шудааст.

Ёр тҷ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube