НАФАҚА ЗИЁД ШУД, КӮМАКПУЛӢ НЕ…

Теша Салоҳов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР, собиқадори меҳнат аз ш.Ваҳдат бо идора тамос гирифта (тел: 904461148), гуфт, ки мехоҳад роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муамморо шарҳ диҳад.

– Ман нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошам, яъне «персональный пенсионер» ва дорои унвонҳои давлатӣ ҳам ҳастам. Шумораи чунин нафақахӯрон дар ш.Ваҳдат ба 19 нафар мерасад. То ба имрӯз иловатан ба нафақаам боз 4 нишондод барои ҳисобҳо – 288 сомонӣ кӯмакпулӣ низ мегирифтам. Аз моҳи июл нафақа зиёд шуд, аммо кӯмакпулӣ не, ҳол он ки нишондод барои ҳисобҳо – 1 нишондод аз 68 сомонӣ то ба 72 сомонӣ афзун гардид.

Дар Фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми ирсолгардида таъкид шуда буд, ки кӯмакпулиҳо низ боло бардошта шаванд, лек чаро ин кор дар ш. Ваҳдат дар амал татбиқ нашуд, нафаҳмидем? Ман аз раиси ш. Ваҳдат пурсиданиям, ки ин 19 нафар нафақагири сатҳи ҷумҳуриро мешносад ва медонад, ки мо кистему чӣ хидмате ба ин ватан кардаем ва аз ҳоли мо боре хабар гирифтааст?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube