Музаффар Рисқизода, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз н.Рашт бо идора тамос гирифта, гуфт, аввалин мусобиқоти гуштинии миллии Тоҷикистон, ки дар вазнҳои гуногун охири моҳи август дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, варзишгарони тоҷикро соҳиби медалҳои тиллоӣ ва туҳфаҳои пулию молӣ намуд.
– Аввалин хушбахтӣ насиби ҷавонпаҳлавон Муллораҷаб Халифаев гардид. Ин паҳлавони умедбахши тоҷик аз дасти мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони тиллоӣ ва аз дасти Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ш. Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 20 000 доллари амрикоӣ туҳфа гирифт. Ӯ зодаи деҳаи Тагобаи н.Рашт мебошад. Мавсуф дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар аксар маврид барандаи ҷойҳои 1-ум гардидааст. Дар ҳамин вазн, яъне 65 кило, дар Федератсияи Россия низ қаҳрамони мутлақ гардид. Инчунин дар “Гранд Слам” – и Боку 2021 барандаи нишони нуқраи ин мусобиқот шуд.
