(Ба ҳамаи нависандагон, шоирон, суханварони азизи Тоҷик)
Ояндаи Тоҷик, будани Тоҷик дар дасти шумост. Уне, ки гуфтаҳое доред, андешаҳое доред, худӣ ба худӣ бозгӯ мекунад, ки барои ояндаи Тоҷик ғамхоред. Андешаи ояндаи неке доред. Лекин донеду огоҳ бошед, ки бо гум кардани забон, Тоҷик ҳам гум мешавад. Наберагонатон гум мешаванд. Ҳазоронсола гузаштаатон ҳам ба бод меравад.
Барои гумшавии ману шумо чандин мошинҳои тавонои душман кор карда истодаанд. Ҳазорон чоҳҳо дар роҳамон кандаанд. Ягона пуле, ки болои ин чоҳҳо гузоштан метавонем, то наберагонамон гузаранд, ин ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ!!! Тоҷикистони мо 1 ба 1 ранги Исроил дар бунбаст аст. Шояд бадтар. Ҳушёр бояд буд.
Теҳрону Кобулу Бухоро рафтанд…
Биандешед! Эрони бузургро, агар охундҳо 20 соли дигар роҳбараш бошанд, дигар дар киною китобҳо хоҳед диду хонд. 1 кишвари арабӣ мешавад монанди Сурияву Ироқу Миср… Чунки забонашро забун карданд.
Афғонистон ҳам 20 сол пас аз дарӣ ёде нахоҳад кард. Абарқудратон толиби паштунро сари кор оварданд, то маданияти қадимаи Тоҷик маҳв гардад.
Бухоро ҳам 20 сол пас туркистон мешавад ба пуррагӣ. Худро фиреб надиҳе(м)д. Мо шодӣ аз дӯстӣ дорему душман дар камин нишастааст…
Кӣ мемонад барандаи зиндаи фарҳанги бостон? Ҳамуне, ки тавонад он фарҳангро шинохт. Рӯдакиро, “Шоҳнома” – ро оё имрӯз дар Теҳрону Кобулу Бухоро мефаҳманд? НЕ! Танҳо Тоҷик тавони фаҳмиданашон дорад. Танҳо Тоҷик. Пас танҳо мо Тоҷикон мондаем меросбари он фарҳанги бостон, чунки забонамон забони ҳамон фарҳанг аст.
Тоҷикӣ навис, эй адиб!
Барои ҳамин ҳам забонатонро тоза кунед аз вожаҳои бегона. Агар тоҷикӣ навистан натавонед, нанависед. Одам нохонда нависанда намешавад. Он забоне, ки фикр доред, эрониву дарист, аслан муарраб гаштааст ким-кайҳо. Бубахшеду «дил»-и моро “қалб” кардаю «пеш»-и моро “қабл” сохтаю «мард»-и моро “раҷул” номидаю забони моро наолоед. Оре, гапи рост сахт мешавад.
Устод Айниро аз он дӯст медорам, ки забони моро аз таги пойи аҳмадидонишҳои бемағз берун кашид. Аз аҳмадидонишҳо пайравӣ накунед, душманшодкун нашавед. Айнивор бошед, ё аслан набошед. Айнӣ ба туркӣ ҳам менавист, ба тоҷикӣ ҳам. Донистани туркӣ Айниро аҳмадидониш накард ку?
Арабӣ навис, вале тоҷикиро арабӣ накун!!!
Агар ҳар кадоми мо забонҳои донистаамонро ба тоҷикӣ дарорем чӣ мешавад? Гумон накунам, ки дилро қалб нависандаҳо беҳтар аз ман арабӣ донанду ба арабӣ арҷ гузоранд. Аз ҳар забоне хушатон омад, ба ҳамон забон нависед. Пури Сино арабӣ ҳам менавист. Устод Айнӣ китобҳо ба ӯзбакӣ менавист. Бобоҷон Ғафуров русӣ менавишт…, ҳич куҷошон кам нашуд ку? Шумо ҳам агар забони дигареро медонед, беҳтарин, ба ҳамон забон, тоза нависед. Аммо Тоҷикиро наолоед.
Тоҷикӣ тавоност
Забони тоҷикӣ тавоноие дорад, ки ҳар гуна андешаро баррасӣ кунад: чӣ донишварӣ, чӣ динӣ, чӣ гуфтугӯйии сода.
Имрӯз чаро гумонатон намегузарад, ки бархе Низомиро аз худ карданиянд? Чунки ҳама медонанд, ки азхудкардагон забони Низомиро намедонанд, ману шумо медонем. Бухорию Пури Синою Берунӣ… ро ҳам.
Шпионҳо, барои нест кардани забони мо, аз ҳама роҳҳо корбурд мекунанд. Онҳо хуб медонанд, ки забони мо таҳкурсии сангинест, ки фолклор, мардумиямон болояш устувор истод шуда аст. Онҳо хуб медонанд, ки бо кандану шикастани таҳкурсӣ мардумии моро мешавад шикаст. Гурӯҳеш арабӣ, гурӯҳеш туркӣ мекунад морою гум мешавем рӯзе. Оё шумо чунин ғӯлед, ки намефаҳмед, ё бо Тоҷик душманӣ доред?
Боз ҳам мегӯям, касе баҳонаи дурӯғини “забони тоҷикӣ тавони баёни андешаро надорад” пеш меорад, номаъқул кардаст!
Тоҷикиро пос доред, тоҷикӣ андешед, тоҷикӣ нависед, тоҷикӣ сухан кунед.
Худо ёри ҳама!
Сафват Бурҳонов,
Германия, махсус барои Ихвон ал СССР