ТАҲСИЛИ 11 СОЛА БА КӢ ЛОЗИМ?

Имсол дар соҳаи маорифи мамлакат дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуданд, аз он ҷумла таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 ҳатмӣ шуд. То синфи 11 таҳсил намудани 1 хонанда фоида дорад ё не?

Ба назари ман аз таҳсили 11 – сола фоида нест, вақте толибилм мехоҳад пас аз синфи 9 ба ягон омӯзишгоҳ дохил шуда, касб ёд бигирад, мо ӯро чаро маҷбур мекунем, ки бояд синфи 11-ро хатм намояд. Масалан вақте 1 хонанда то синфи 9 таҳсил намуда, тули ин солҳо ягон нишондоди хуб нишон надодааст, чӣ тавр синфҳои 10 ва 11-ро маҷбурӣ мехонад? Аз таҳсил дида, шояд барояш кӯмак ба падару модари деҳқон авлотар бошад? Аксарияти мактаббачагони мастчоҳӣ пас аз дарс ба сари заминҳояшон рафта, ба падару модари хеш ёрдам мекунанд. Ба ғайр аз ин дар оилае, ки 4-5 фарзанди мактабхон ҳаст, таъминот бо сару либос ва ашёи хониш душвортар мешавад.

Муаллимонро ҳам набояд аз ёд баровард, ки ин навоварӣ барояшон заҳмати иловагиро зам мекунад.

Дилшод Зикриё,

н. Мастчоҳ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube