Бобохон Саидов, сокини ҷамоати Бохтариёни н. Кӯшониён бо идора тамос гирифта (тел:917437975), гуфт, ки ширкати мобилии «Zet mobile» бе огоҳӣ тарофаи онҳоро бекор кардааст.
– Ман аз хизматрасонии мобилии ширкати «Zet mobile» тарофаи «Бе малол» истифода мебурдам. Боре ягон мушкил пеш наомада буд ва ҳар моҳ маблағи абонементӣ пардохт мекардам. Ин маротиб, вақте маблағи абонементии 1 моҳаро пардохт кардам, СМС-паёмак омад, ки маблағ кофӣ нест. Ба намояндагии ширкати мазкур муроҷиат кунем, гуфтанд, ки тарофаро аз байн бардоштаанд. Агар ин тавр аст, пас чаро муштариро қаблан аз ин огоҳ накарданд? Маҷбур шудем боз 114 сомонӣ иловагӣ гузаронем, аммо он 114 сомонии қаблан пардохткардашуда куҷо шуд? Кӣ онро пардохт мекунад?