АЗ МУРУТАКО ТО МОСКВА

РАИСИ ИЖТ ВА КИНО, САРМУҲАРРИР…

Шодӣ дар мактаби деҳаи Мурутакои ноҳияи Ғарм мехонд. Талабаи фаъоли мактаб ба ҳисоб мерафт. Рӯзе аз рӯзҳо, дар мактаб аҳли раёсат безобита гаштанд. Муаллимон хонандагонро ҳушдор доданд, ки баодоб бошанд, бесарӣ накунад, зеро аз ноҳия комиссия меояд. Талабаҳо дар синфхонаҳо бесадо, орому осуда менишастанд. Ба синфхонаи Шодишон муаллим Бек Одинаев ва ҳайати комиссия ворид шуданд.

– Шариф Азизов, мудири шуъбаи маъорифи ноҳияи Ғарм, – шиносонд муаллим ҳамроҳашро…

Меҳмон дар партаи охири синфхона нишаст, ҳама оромона ин манзараро тамошо мекарданд. Муаллим талабаи фаъол Шодӣ Саидовро назди тахтаи синфӣ хонд. Шодӣ ҳаяҷонзада шуд. Бек Одинаев ҷумлаи мураккаберо дикта кард ва ӯ бо дархости муаллим ҷумларо хонда, ба таги мубтадо, хабар…, хат кашид, исмҳои хосу ҷинсашро ишора намуд. Ба ҳамаи саволҳо бехато посух гуфт. Муаллим хонандаи дигар Садод Маликовро ба назди тахтаи синфӣ хонд ва ӯ низ ба саволҳо пурра ҷавоб гардонд.

Намоянда аз рафти дарс ва ҷавоби хонандаҳо хурсанд гашта, ному насаби Шодӣ ва Садодро дар дафтарчааш қайд кард. Ҳангоми хайрухуш Шариф Азизов ба таъкид гуфт, ки ҳар ду ба маркази ноҳия, ба назди ӯ биоянд. Бо директори омӯзишгоҳи педагогӣ маслиҳатро мепазонад ва онҳо донишҷӯ хоҳанд шуд.

Шодӣ дартоз ба хона омада, аз модар шодиёна гирифт. Мом нола бар афлок зад, ки чӣ хел ту маро бо додаронат партофта хонданӣ меравӣ? Додаронат майдаанд, кӣ онҳоро парасторӣ мекунад?

Дар хонаи Садодшон, низ падару модараш зид баромаданд…

Моҳи август ҷӯраҳо нақшаи фирор кашиданд. Баъди маслиҳат, шабе ҳар ду борхалтаҳо дар пушт, пас аз ба хоб рафтани аҳли хонавода, ба роҳ баромаданд.

 

ОШНОӢ

Шодӣ Саидов (1.5.1918, деҳаи Мурутако, ноҳияи Ғарм), журналист, публитсист, ходими ҳизбиву ҷамъиятӣ.

Соли 1936 ба Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм дохил шуда, баъди хатми он солҳои 1939-1941 дар Мактаби ибтидоии ноҳияи Шулмак (алҳол шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт) муаллимӣ кард.

Солҳои 1942-1945 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1945-1949 мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, 1949-1953 котиби масъули газетаи вилоятии «Болшевики Ғарм» буд. Пас аз итмоми Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС (ш.Москва) солҳои 1957-1961 ҳамчун мудири шуъбаи пропаганда ва котиби масъул, 1961-1964 муовини муҳаррир, 1968-1973 сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ифои вазифа намуд.

Аз соли 1964 то 1968 муовини мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи КМ ПК Тоҷикистон, Раиси Правленияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1968-1974) буд.

Солҳои 1973-1985 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография. Аз соли 1985 дар нафақа.

Узви КМ ПК Тоҷикистон (съездҳои XVII-XIX), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 8-10).

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Нишони фахрӣ, медалҳо мукофотонда шудааст.

 

ДОНИШҶӮ

Шодӣ бо ҷӯрааш моҳи сентябри соли 1936 донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм шуданд. Хурсанду шодон як ҳафтаи дарсро паси сар карда, озими зодбум гардиданд. Дар тан сарулибоси нав доштанд. Ӯ ба модараш як собуни ироқӣ ва барои додаронаш каме қанди сафед савғо овард. Модараш ба қаду баст, сарулибоси хушрӯи писараш дида дӯхта, аз хурсандӣ меболид.

Вақти бозгашт ҳам фаро расид. Садод дар деҳа монд, ӯро аз хона ҷавоб надоданд. Шодӣ тани танҳо ба Омӯзишгоҳ баргашта, таҳсилро идома бахшид. Бо тамоми кӯшишу ғайрат ба хондан дода шуд. Рафтуомадаш ба идораи рӯзномаи «Болшевики Ғарм» осон гардид. Хабару мақолаҳояш аз ҳаёту фаъолияти деҳқонони деҳаҳои Мурутако ва Дуоба мунтазам дар рӯзнома чоп мешуданд.

Боре, моҳи май дар клуби ноҳияи Ғарм, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуот муҳаррири газетаи «Болшевики Ғарм» Ҳаким Набиев ба мухбири фаъоли ҷамъиятии рӯзнома Шодӣ Саидов «Девони ашъор»-и Абулқосим Лоҳутиро ҳадия намуда гуфт: «Ояндаи ту дурахшон аст, агар кӯшиш ба харҷ диҳӣ, аз ту журналисти хуб мебарояд!». Ин суханони пайғамбарона, воқеан ҳам, раҳкушояш шуд…

Ӯ Омӯзишгоҳро хатм намуда, бо роҳхат ба зодбум баргашт ва дар мактаби ибтидоии ноҳияи Шулмак (алҳол шаҳраки Навобод) тайи солҳои 1939-1941 муаллимӣ кард.

 

ҶАБҲА

Соли 1942 Шодӣ Саидовро ба ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хонданд. Ӯ ҳарбу зарбро дар подомани Москва, дар шаҳри Ногински вилояти Москва, сар кард. Ӯ бар зидди истилогарони фашистӣ дастбагиребон шуд. Дар ҷабҳа борҳо аз худ шуҷоат нишон дод. Дар давраи ҷанг се маротиба захм бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифт.

Соли 1945 зафарёри тоҷик сиҳату саломат ба зодбум баргашта, тайи солҳои 1945-1949 ҳамчун мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, 1949-1953 котиби масъули газетаи вилоятии «Болшевики Ғарм» кор кард.

 

ВПШ

Шодӣ Саидовро соли 1953 барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС (ВПШ) ба шаҳри Москва раҳнамун сохтанд. Вай ҳамаи имтиҳонҳоро супурд, аммо ҳангоми комиссияи мандатӣ бо хулосаи комиссияи тиббӣ ғалтид. Ҷурм номутобиқатии вазну қомати довталаб буд. Қади Шодӣ Саидов 1,85 метру вазнаш 52 кг буд. Барои вазни муътадил боз 32 кг вазн намерасид.

Вай ба ҳузури ректори Донишгоҳ В. Митронов рафта гуфт, ки ман бо ҳамин қаду баст, вазни номутобиқ дар муҳорибаҳои назди Москва, дар сармои қаҳратун бар зидди фашистони истилогар ҷангида, се бор ҷароҳат бардошта бошам ҳам, аз саломатӣ шикоят надорам…

Аммо ректор аз раъяш нагашт: «Бе иҷозаи комиссияи тиббӣ шуморо қабул карда наметавонам!»… Ноком ба зодгоҳ баргашт. Соли дигар Шодӣ Саидовро боз ба шаҳри Москва раҳнамун сохтанд. Бо ҳамон номутобиқатӣ, аммо ин дафъа вай аз имтиҳон гузашт. Бо ҳамон духтури «қадпастак» (ба ибораи Шодӣ Саидов), ки монеаи дохилшавияш шуда буд, ҷӯра шуданд.

Бо тамоми ҳастӣ даст ба домони таҳсил зад. Ҳамзамон, баданашро обутоб дод. Дар зарфи се соли хониш донишҷӯи қаддарози харобак ба ҷои 32 кг 42 кг вазн гирифт. Духтури ошно дар ҳайрат монда изҳор дошт, ки дар тамоми таҷрибаи зиёди корӣ бори аввал мебинад, ки одам дар се сол 42 кг вазн гирад. Даҳ-понздаҳ кило зиёд шудани вазнро дида будам, аммо чунинашро бори аввал мебинам. Духтур  аз дӯсташ ҷӯё шуд: – Ту чӣ хел ва бештар чӣ хӯрдӣ?…

– Агар сосискаю сарделка (ҳасибча)-ҳои хӯрдагии маро бипайвандед, аз Москва то Сталинобод (ҳозира Душанбе) мерасад, – гуфт ӯ бо ҳазл.

 

«ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ»

Баъди хатми Мактаби олии ҳизбӣ, соли 1957 Шодӣ Саидовро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фиристоданд. Корро ҳамчун мудири шуъбаи пропаганда оғоз намуд. Баъди чанде ӯро ба ҷойи Расул Болтаев котиби масъули рӯзнома таъин карданд…

Ба иқрори журналистон Расул Болтаев хислати аҷибе дошт. Тугмачаи ҳуҷраи кориаш бо котибот пайваст буд ва ӯ баҳудаю беҳуда тугмачаро пахш карда ходимонро овора мекард: «Об биёр!», «Як чойи талх дам кун!» ва ғайра…

Шодӣ Саидов аз ин «нағма»-ҳои Расул Болтаев бохабар буд. Ӯ рӯзи якуми кориаш ба симати котиби масъул тугмачаро пахш кард. Аз котибот тарҷумони варзида Абдураҳмон Назаров ба зудӣ омад ва «лаббай, ака, чӣ хизмат?» – гуфта пурсон шуд.

Котиб бо чеҳраи омирона ва ҷиддӣ амр кард:

– Як чӯбаки гӯгирд биёр, дандон кобам!…

Тарҷумон нороҳат бадар рафт. Пагоҳӣ, ҳини «летучка» (ҷаласаи кӯтоҳ) дар назди сармуҳаррир А. Шукӯҳӣ (?) бо баҳсу мунозираҳои корӣ хотима ёфт. Дар охир сардабир пурсид:

– Боз кӣ чӣ гап дорад?

Абдураҳмон Назаров боло шуда арз кард:

– Ин ҷо редаксия ё ҷои масхарабозӣ? Дирӯз котиби нав Шодӣ Саидович тугмачаашро пахш кард, ягон супориши таъҷилӣ гӯён дартоз рафтам. Ӯ бошад, ба ман як чӯбаки гӯгирд биёр, дандонамро кобам, – мегӯяд. Ин чӣ гап худаш?…

Шодӣ Саидович ханда бар лаб боло шуда зуд посух дод:

– Ту ҷӯра маро нафаҳмидӣ, вай боқимондаи Расул Болтаев буд, пахш кардам, ки тамом шавад. Дигар такрор намешавад…

Ҳозирин ҳама хандиданд…

МУОВИНИ САРМУҲАРРИР

Сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» иваз шуд. Ба ҷои А. Ҳоҷибоев (?) ба ин вазифа Ашӯр Ҳалимов омад. Роҳбари нав Шодӣ Саидовро ба симати яке аз муовинонаш таъин кард.

Вай мунтазам ба маҷлиси фаъолону пешқадамони соҳаи хоҷагии қишлоқ мерафт. Аз рӯи нақша, дар ҷаласа котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов маъруза мекард. Котиби якум аз А. Ҳалимов дархост то барояш аз фаъолияти хоҷагиҳои ҷумҳурӣ маърузаи таҳлилие омода созад. Сардабир ин кори пурмасъулиятро ба зиммаи Шодӣ Саидов вогузор намуд.

Ӯ бо тамоми масъулият аз пайи иҷрои супориш шуд ва хуб заҳмат ҳам кашиду дар вақти муайян хулосаашро пешниҳод кард. Пас аз анҷоми ҷаласаи ёдмон, Ҷаббор Расулов аз А. Ҳалимов (?) ҷӯё мешавад:

– Маърузаро кӣ навишта буд?

– Шодӣ Саидов, – посух дод сардабир.

– Бигузор пагоҳӣ назди ман биёяд!…

Шодӣ Саидов хавотир шуд, ба котиби якум шояд маъруза писанд наомада бошад, андешид ба худ. Рӯзи дигар бо хаёлҳои мағшуш ба Комитети Марказӣ равон шуд. Котиби якум Шодӣ Саидовро бо чеҳраи боз истиқбол гирифт. Бо мамнуният дасташро фишурда, барои маърузаи таҳлилӣ изҳори сипос намуд. Пас аз суҳбати на чандон тулонӣ Ҷаббор Расулов аз Шодӣ Саидов пурсид:

– Агар розӣ бошед, аз ҳафтаи оянда шуморо муовини мудири шуъбаи Комитети Марказӣ таъин кунем.

– Ман сарбози ҳизбам, ҳар куҷое, ки бошад, омодаам. Ҳатто, ба «курорт» (фароғатгоҳ) ҳам фиристед, меравам гуфт бо ҳозирҷавобӣ Шодӣ Саидов…

Дар лабони Ҷаббор Расулов табассум ҳувайдо гашт.

 

КМ ПК ТОҶИКИСТОН

Ҳамин тавр, Шодӣ Саидов бо супориши ҳизб тағйири касб кард.  Чанд моҳ дар Комитети Марказӣ заҳмат ба бор дошт. Рӯзе ба ӯ роҳхат оварданд, барои истироҳат ва табобат дар санаторияи Сочи. Ҳайрон монд…

Он замон қоидае роиҷ буд, ки қабл аз сафар ба санатория (шифохона)-ҳо кас аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз духтури минтақавӣ справка (маълумотнома) мегирифт. Аз ин рӯ, Шодӣ Саидов барои иҷрои ин амал духтурхона рафт.

– Дар ҷавонӣ мубталои ягон беморӣ будед? – пурсон шуд духтур.

– Ба тахмин 35 сол пеш, як рӯз пайи ҳам се бор кадом як дарде шикамамро сахт тоб доду сар дод, то ҳол духтурон сабаби он бемориро муайян накардаанд.

– Дури бад гирифтед, агар мумкин бошад, камтар аз наздиктар гиред, – дархост духтур.

– Хуб шудааст, ба ҳамин қарибӣ, 5 сол пештарак, рӯзе 3 маротиба хуфа задам. Ин ҳолат ҳам то имрӯз аз тарафи духтурон муайян нашудааст…

– Шумо беэътиноӣ кардаед, хуб нашудааст. Хайр, майлаш, дар справкаатон «переутомление» (хасташавии аз ҳад зиёд) менависам…

– Бигузор гуфти шумо шавад, рафиқ духтур, – розӣ шуд ба хулосаи табиб…

 

САРМУҲАРРИР

Соли 1968 Шодӣ Саидовро сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» таъин карданд. Пешаи ошно, ҳайати кормандони эҷодӣ низ барояш қариб, ки дигар нашуда буд. Вай бо тамоми ҳастӣ аз пайи иҷрои вазифа шуд.

Ӯро ҳамсафон, журналистон, хуллас бисёриҳо дӯст медоштанд. Маҳфилорои хубе буд, дар кулли маъракаҳо, ҷое, ки Шодӣ Саидов ҳузур дошт, он ҷо ҳазлу шӯхӣ, шодиву нишот авҷ мегирифт…

Шодӣ Саидов 5 сол роҳбарии рӯзномаи рақами якуми Тоҷикистонро бар зимма дошт. Ӯ тайи ин муддат бо сарбаландӣ иҷрои вазифа кард…

Дар ин давра (1968-1974) вай ҳамзамон раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов мисли солҳои пеш бо Шодӣ Саидов дар иртибот буд ва ӯро эҳтиром мекард.

Рӯзе Ҷаббор Расулов ӯро наздаш хонда, хоҳиш кард, ки дар бораи раиси колхози ба номи Жданови ноҳияи Қумсангир, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Абдурозиқ Раҳмонов, аз таҷрибаи хоҷагӣ ва методу усулҳои корбарии раиси номдор очерке нависад. Шодӣ Саидов ин дархостро бо хушнудӣ пазируфт.

Журналисти бомаҳорат ва собиқадор паҳлуҳои мусбати хоҷагӣ, дастоварду пешравиҳо, тарзи корбарии раисро мавриди омӯзишу таҳлили ҳамаҷониба қарор дод ва бо ҳаммуаллифии Шодон Ҳаниф бо унвони «Диловари Вахш» (1972) очерке навишт, ки он дар чанд шумораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп шуд.

Очерк ба Ҷаббор Расулов писанд омад ва ҳамон замон ба нашриёти «Ирфон» супориш дод, ки онро дар шакли китоби алоҳида бо тиражи зиёд, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр намоянд. Собирҷон Хоҷаев, директори вақти нашриёти «Ирфон» аз Шодӣ Саидов фаҳмиданӣ шуд:

– Китоби шуморо талабгораш кист, ки ҳамаи нақшаҳои нашриётро вайрон карда, одами зиёд дар тарҷума ва чопи он саргардонанд?

– Инаш ба хайр, Собирҷон, ҳоло бехабаред, тоторҳои Қрим талаб кардаанд, ки ин китоб ба забони тоторӣ тарҷума ва чоп шавад…

Аз ин ҳазл дӯстон завқ бурданд.

 

«ГОСКИНО»

Соли 1973 Шодӣ Саидовро раиси Кумитаи давлатӣ оид ба кинематографияи РСС Тоҷикистон, мусаммо бо «Госкино» таъин намуданд. Ба ҷои ӯ Ғоиб Қаландаров сармуҳаррир шуд.

Номбурда 13 сол раиси ин Кумита буд. Қариб 20 сол ҳамчун вакили халқ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқу Ватан хизмати софдилона ба ҷо овард.

Шодӣ Саидов дар ин давра шаш маҷмуаи ҳикоя, ёддоштҳо, чандин асарҳои адибони русзабонро тарҷума ва ба нашр расонд, аз ҷумла: «Ленин дар дили миллионҳо» (1970), «Диловари Вахш» (1972), «Зинаҳои умр» (1977), «Кинои тоҷик 50-сола шуд» (1979), «Пайраҳаҳои ҷангӣ» (1988), «Гардиши ҳаёт (2000)…

 

МАНЗАЛАТ

Хизматҳои ҷангӣ ва меҳнатии марди ду арсаи зиндагӣ Шодӣ Саидов бо ордену медалҳо қадр шудааст. Мавсуф дорандаи унвони Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Шодӣ Саидовро дар ҷомеа ҳамчун шахси зарофатдӯстдор, базлагӯ мешинохтанд, аммо ӯ дар иҷрои вазифаҳои масъули давлатӣ ҷиддӣ ва серталаб буд. Нисбат ба ҳамкорон, атрофиён, дӯстону пайвандон муомилаву нигоҳи хайрхоҳона дошт. Ба қадри наздикон мерасид ва, аз ин рӯ, бо хислатҳои наҷиби инсонӣ дар байни ёру ошноҳо ва ҳамсафону шогирдон маҳбубияти зиёд дошт ва онон низ ӯро иззату эҳтиром мекарданд. Шодӣ Саидов аз умр, давру даврони рондааш қаноатманд буд ва шукр мегуфт, ки аз як гӯшаи дурдасти кӯҳистони тоҷик, аз хонаводаи одии мардумони заҳматкаш то ба мартабаҳои олии кишвар расида, соҳибэҳтиром гаштааст ва ҳам шукронаи азизони дили хеш, пайвандонашро мекард…

 

 Умари ШЕРХОН

16.9.2024

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube