Дақиқан ёд надорам, кадом соле буд, вале давроне буд, ки Зайд Саид-соҳибкори муваффақ ва вазири саноатро чанд ҳангомаҷӯй чунон вардор-вардор карданд, ки он бечора бовар кард, ки дар олами кунунӣ яккаву ягона ва бемислу монанд аст ва ба деги ҷӯшон сарозер шуд. Баъдан атрофаш сар шуд маъракае бузург, то вақте ки … пулҳояш тамом нашуд.
“Пул тамом намоз нест!”- гуфти 1 дӯстам, ки бибияш ба моҷарое дар Бадахшон ишора карда будааст. Яъне ба таъбири итолиёвиҳои нозанин:
- Финито ля комедия!!!
Ҳамту, просто, аз рӯи санҷиш ва баҳогузорӣ ба ин навиштаи ман, равед ва аз Зайд пурсед, ки кадоме аз ин ҳангомаҷӯён, ки аз ӯ неоХудо метарошиданд, ақаллан 1 бор хабаргирӣ ҳам не, мактубаш навиштаанд ба турма???
Худаш монду зану кӯдаконаш, ки гоҳ-гоҳе хурду хурокааш мебаранд…
Ин дар ҳоле буд, ки фитнапарастони ҳангомаҷӯй то Зайд Саидов бечора Ғаффори Седой ва Ёқуб Салимовро туъмаи хеш қарор дода буданд. Ва ба ҳамин тартиб бисёриҳоро… Танҳо Қурбони Чол ва Сайидшо Шамолови ҳушманд ба чоҳашон нағелиданд.
Ҳоло ба Далер Назаров часпидаанд. Устод Далер, ки марди хеле пуртамкин ва шуҳратбезор аст, ба домашон наафтод. Вале ин ҳам пеши ин сахтрӯйҳоро нагирифт. Акнун менависанд, ки “хомӯшии Далер Назаров эътироз аст!!!”.
Аз куҷо медонед, ки хомӯшӣ ин эътирози ҳунарманд аст? Шояд хомӯшии ӯ посух ба аблаҳ бошад? Инро ман нагуфтаам, масали мардумист:
- Ҷавоби ахмақ сукут!!!
Зимнан, соате, ки ин маъракаи дурӯғпиндор ва “подставаи навбатӣ” дар 1 расонаи хориҷии маъруф ба ҳангомапарастӣ шуруъ гардид, ман навиштам, ки:
Руки прочь от Далера Назарова!!!
Эй мардуми сархӯр! Эй қаламбадастони ҳангомаҷӯй!!! Эй фейку пейку гейкҳо! Эй фитнапарастон! Оё медонед, ки мову шумо сари чанд нобиғаро хӯрдаем??? Чанд нафарро зиндонӣ кардему чанд касеро хонабардӯшу зиндағариби ватан???
– Кароматулло Қурбонро кӣ кушт? Кадом Восити лақайи боевик на. Мо куштем!
– Одина Ҳошимро мо – килкбадастон ба моҷаро кашидаву куштем! 1 калтасагест, ки кораш тухмаи нифоқ коридан будӣ. Аз соате ӯ бо Одина Ҳошим ҳамнишин гардиду устоди бузурги мо аз суҳбати Ашӯр Сафару Қутбӣ Кирому Лоиқу Сафармуҳаммад Аюбзода дур гардид, рӯзгораш батар гашту беҳтар на. Аз устоди воқеан нобиға, вале чун ҳама нобиғаҳо содаву зудбовар, фарди азияткашида ва ситамрасида бофтему ӯро ба моҷароҳо кашидем. Ва ин мо ба ном журналистон будем, ки Устодро ба майдони Озодӣ кашон овардем, то ғазале чанд насиҳатомез хонад (анситу: на таҳрикдиҳанда, ки маҳз мусолиҳатомез) ва дар майдони Шаҳидон, дигар килкбадастон душманаш эълон карданд. Мо, ба ном фарҳангиён ҳукми қатлашро баровардаву номаи кушт ба дасти авомуннос додем, ки хунмаст будӣ. Ва агар Амиршо Миралиев-котиби райкоми н. Московский ва С. Ятимов-раиси ҷавони кумитаи амнияти давлатии ин ноҳия намешуд, ӯро соли 1992 мекуштанд. Зеро мо ӯро душман кардаву сӯи қатлгоҳ ҳадафмандона фиристонидем, то пасон кафк бар даҳон эълон кунем, ки Фронти Халқӣ нобиғаҳоро мекушад.
Зафар Нозими нозанинро мо ба ном журналистон, аз курсии баланди саҳна то минбари майдони эътироз фаровардем. Ин мо будем, ки 1 санъаткори нотакрор ва нобиғаи зудбоварро, ба ҳалқаи дом афтондем. Ва агар Одина Ҳошим аз ранҷи асабу тавони равон дар айни авҷи шукӯҳу шаҳомат, ҳамагӣ дар 56 – солагӣ ба пири фартуте табдил ёфтаву фавтид, фоҷеаи Зафар Нозим гӯшношунид гашт. Мо хонаашро оташ задаву мотамнишини фарзанд кардемаш. Танҳо Ҳукумати Марказӣ ва шахсан Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро ҷони тоза бахшидаву бозпас оварда, дар тахти саҳна шинонд!!!
Мо тори Абдуҷалил Ҳошимови камназирро дар сараш зада шикастем. Устод то соати марг медонед бар чӣ мегирист? На! Хонаву дарашро, ки оташ задем, парвое надошт. Нобиғаи Шашмақом барои ҳамон тораш мегирист, ки даҳсолаҳо дар хизмати ин миллат будӣ.
Сипас даст ба Ҷӯрабек Муродови аҳсантофарин задем. Ӯро, зери навори чанд узурпатори ТВ ва Радиои кишвар, ки ҳанӯзам дар кӯчаҳои ин шаҳр қадам задаву дастовардҳои миллатро дида, ҷои хурсандӣ, хуни дил менӯшанд, аз тахти саҳнаи санъат то минбари майдони Озодӣ фаровардем, ки пеши чашми миллион мухлисаш душман кунем. Ваҳ, чӣ аҷаб Фирдавсӣ ин ҳама моҷароро гуфтааст, ки ту гӯӣ, ҳамин майдоншиниҳои мо-ҳангомапаратсонро дар назар дорад:
Чу минбар ба тахт баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад…
Устод Ҷӯрабеки нозанин, баъди ин дарси таърихӣ, 2 аср хамӯш шуд, вале шумо гирифтеду мойил ба интервю кардаву суҳбаташро тавре пахш кардед, ки дубора ғамзада гашт. Медонам, ки шумо чӣ мехоҳед: ӯро ғамкушта кунеду сипас рақсу бозӣ сари турбаташ. БАС кунед!
Нарасед ба Далер Назаров! Руки прочь от Далера! Маэстро, гуфти русҳо “вам не по зубам!!!”…
Медонед, ки кӣ ва чиро дар назар дорам!!! Хеле хуб медонед. Шумо назди виждонатон, агар онро доред, замоне таваққуф фармоеду саркӯбкардаҳоятонро ба хотир оред. Овардед? Ҳамин Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ Хуршед Фозиловро, ки чоҳканҳояшон будед, ақаллан хабаргирӣ рафтед, «дачка» равон кардед, медонед зану фарзандҳояшон чӣ ҳолу аҳволе доранд???
Сари гӯри нафаре рафтед, баъди оне, ки шантажи сиёсиш карда буде(м)д?
Бозор Собирро ёд доред, ки худатон ба дом афганда будед, зеро тибқи ҳамон гуфтаи болоии ман медонистед, нобиғаҳо содаву зудбоваранд ва бар чоҳи кандаатон уфтод? Ӯро низ Ҳукумати марказӣ ва шахсан Президенти ҶТ ба Тоҷикистон овард. Омад ва дар газетаи СССР меҳмон шуда, изҳори пушаймонӣ кард, ки ба доми «ришдоракон»-и рӯзноманигор, яъне шумо уфтода буд. Сабту мактубҳои устод ҳаст! Ва агар боз ҳам Сарвари Давлат намешуд, мурдағариб мемонд. Имрӯз оромгоҳаш дар Лучоб аст…
Боре рафтед сари турбаташ? На! Ва нахоҳед рафт. Зеро табиати шумо-каргаспешагон ҳам ин аст, ки мисли Азозил касро то саргаҳи гумроҳӣ бурдаву бозпас бармегардед. Зеро ун тарафаш дигар кори техника аст. Азозилро намешиносед? Бар оина назар кунед!!!
Зимнан аз Далер даст шӯед. Мо-миллати тоҷик ва мухлисони асилаш Ӯро ба дасти шиканҷаи шумо намедиҳем. Шумо ҳатто ҷое қайд ҳам накардаед, ки Далер Назаров нахустин нафарест, ки барои соҳиб шудан ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ ҳатто паспорташро пешниҳод накарда буд! Вале Давлати Тоҷикон ӯро сазовор донисту ин шоҳҷоизаи миллиро тақдимаш кард!!! Дидед сенсатсия дар куҷост? А, шумо бошед, ӯро таҳрик доданиед, ки чизе алорағми миллату давлаташ гӯяд. Наметавонед, слабо!!!
Шоҳҷоизаи давлати Тоҷикон муборак, МАЭСТРО!
Мо Метавонем!