Сар аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд: Ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри 1 муроҷиатнома гуфт, сабаби маҳдудият камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ аст.
Дар ҷараёни амалиёти шартии “Ахлоқ”, ки милисаҳои пойтахт дар чанде аз марказҳои дилхушии ш.Душанбе гузаронданд, 230 писару духтари наврас ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда ва бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Қазоқистон ба Тоҷикистон аввалин маротиба 16 тонна гӯшт ирсол кард: қаблан миёни ширкатҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон барои содироти 110 тонна гӯшт дар 1 сол шартнома ба имзо расида буд.
Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон бозиро мусовӣ (0:0) кард.
Айни замон дар Тоҷикистон 164 ҳазору 631 маъюб ба сар мебарад, ки 33648 тои онҳо кӯдакони то 18 сола мебошанд: ҳар 63-юм одам дар кишвар маъюб аст…