Моҳандас Премчанд  Ганди ба мустамликадории дунё хотима дод  

 ( Ба пешвози 155 солагии Маҳатма Ганди)

   “Вақте ман ноумед мешавам, ба ёд меорам, ки дар таърих   ҳақиқат ва муҳаббат ҳамеша ғолиб омадаанд. Дар тули   таърих золимон ва қотилон буданд ва гоҳо ба назар   мағлубнашаванда ба назар мерасиданд, вале дар ниҳоят   ҳамеша бохтанд. Инро ҳамеша  дар хотир доред”

                                                             Маҳатма Ганди

 Ҳиндустон дар баробари мероси бузурги таърихии бостонӣ ба олам нобиғаҳо, алломаҳои оламшумул, ки дар тақдири башарият гардиши куллӣ ба амал оварданд, ато кардааст. Солҳои сиюм ва чилуми асри гузашта инсоният ҳануз аз юғи мустамликадорӣ, истисмори ҷисмонӣ ва маҳдудитяҳои динӣ раҳо наёфта буд. Баръакс оқибати заррари бузурги Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кишварҳои абарқудратро ба забти ҳудудҳо, афзоиши хушунат ва даргириҳо ҳавасамнад менамуданд. Ҳамзмаон ҷаҳонро ба ду шабакаи ба ҳам муқобил ва оштинопазир ҷудо намуд. Кишварҳои таҳти таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ ормонҳои баробарсозии қишрҳои ҷомеа, таъмини иҷтимоии муҳими зиндагӣ ва истиқлоияти миллиро вусъат дода, ба неруҳои озодихоҳ, мубориз ва ҷабрдидаро  дасти мадад дароз крданд. Ин бархурд пешвоён ва доҳиҳои ҷунбиши нави озодихоҳиро ба арсаи мубориза омода намуд. Дар таърихи дусадсолаи Ҳиндустон мустамликаи Британияи кабир бо вуҷуди пешравиҳо дар иқтисод ва рушди тамадуни муосир мушкилоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ва худмуайянкунии миллатҳо, фишори сиёсӣ садди роҳ инкишоф градид. Дар таърих чунин муборизони мардумӣ Моҳандим Рамчнад Гандӣ, Ҷавоҳирлал Неру, Робиндранат Тагор, ки оммаро ба озодӣ истиқлол ҳидоят мекрданд, иқдомро ба даст гирифтанд. Бояд гуфт ки ин шахсиятҳо то пеш пеши мардум ба мубориза хестан, дар сиёсат, адабиёт, ҳунар, иқтисод  шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Сухани аввали мо дар мавриди бузургтарин файласуф, инқлобгарои нотарс ва муаллифи “Забти қудрат бидуни зӯроварӣ” Моҳнадас Премчанд Гандӣ рӯи сафҳа меояд. Моҳандас Гандӣ дар умури 78 солаш ягон бор барои мансаб унвон, шӯҳрат талош накрдааст. Ҳама  вақт мардум, халқ ӯро сазвори унвоҳои олӣ гадондаанд. Сиёстамадор ва нависандаи бузурги олам Барандаи Ҷоизаи Нобели бахши адабиёт Робиндранат Тагор ба Моҳандас унвони “Махтма” (Ҷони инсон) эҳдо намуд. Гарчане ақида, тарзи мубориза ва бархурду назари сиёсӣ ба ҷомеа мухталиф доштанд. Дар арсаи мубориза барои озодӣ ва Истиқлолияти Ҳиндустон як шиор, як назар доштанд. Махатма Ганди 2 октябри соли 869 дар оилаи  соҳибмртабаи сармоядори Ҳинд ба дунё омадааст.

Оилаи Ганди ба сулолаи сарватманди Ваишя Варна тааллуқ дошт. Падари ӯ Карамчанд Ганди (1822 – 1885) ба ҳайси коргузори сарвазири Порбандар кор кардааст. Дар оилаи Ганди ҳама расму оинҳои динӣ ба таври қатъӣ риоя мешуданд. Ӯ дар синни 13-солагӣ бо дастури волидайн  ба духтари ҳамсолаш Кастурба издивоҷ кард. Муаррихон ва олимони  борҳо зикр кардаанд, ки Мхатма Ганди ба набарди оилавӣ ва сиёсӣ дар 13 солгаӣ ворид шуда буд. Аз онҳо фарзандон бо номи Ҳарилол (23 августи 1888 – 18 июни 1948), Манилал (28 октябри 1892 – 5 апрели 1956), Рамдас (2 январи 1897 – 14 апрели 1969) ва Девдас (22 майи 1900 – 3 августи 1957) арзи ҳастӣ намуданд. Аммо дар муборизаҳои сиёсӣ ва истиқлолхоҳӣ аз ҳама беш Девдас пешсаф буд. Мохандас Ганди дар синни 19-солагӣ ба Лондон рафт ва дар он ҷо  тахасуси  ҳуқуқшиносиро дарёфт кард. Таҳсил дар Британия Махатма Гандиро ба вазъи ҷунбишҳои озодихоҳӣ, ормонҳои башарпарварӣ ва роҳҳои сиёсии бидуни зуроварӣ ташкил намудани идораи давлатро амиқ омухт. Соли 1891 пас аз хатми таҳсил ба Ҳиндустон баргашт. Ва барои иҷрои қарордоде ба ҳайси ҳуқуқшинос соли 1893  ба Африқои Ҷанубӣ рафта, тавасути шарикони ҳамақидааш  ба ҷунбиши ҳифзи ҳуқуқи ҳиндуҳо ҳамроҳ шуд. Ба ташаккули чахонбинии Мохандас Ганди «Библияи хиндуизм» — «Бхагавад Гита», инчунин акидахои Г.Д.Торо, Шримад Раччандра ва Л.Н.Толстой (Ганди бо онҳо мукотиба дошт) таъсири калон расонд. Худи Ганди низ иқрор шуд, ки ба ӯ ғояҳои ватандӯстии Майкл Девитт ва китоби Ҷон Рускин «Дар хати охирин», ашъори Робиндранат Тагор  таъсир гузоштааст.

Буҳронҳои сиёсии Аврупо зарари ҷанги якуми  ҷаҳонӣ ба Ҳиндустон низ таъсири манфӣ гузошт. Занҷири фишор ба синфи коргар ва кашоварзон бештар гардид. Соли 1915 Ганди ба Хиндустон баргашта ба ҳайси Пешво, роҳбари ҷунбиши озодихоҳӣ раҳо аз мустимликадорӣ муаррифӣ гардид. Барои шуҷоат ва заҳматҳо Соли 1915 нависандаи маъруфи ҳиндӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт Рабиндранат Тагор бори нахуст ба ӯ унвони “Махатма” (“ҷони бузург”) эълон карад. Якеаз лордҳои куҳансол Британия дар хотираҳояш соли 1920 менависад, ки  “ман дар ҳайрат ҳастам, ки ин ҷисми кучак ва назарногир чунин неруи бузурги мардона ва бе ҳудуд дорад. Бо ӯ мубориза кардан хавфнок аст”.

Дар мубориза барои истиқлолияти Ҳиндустон Махатма Ганди усулҳои муковимати бе зуроварӣ, бо роҳи эътироз, коршиканӣ, муколамаҳо, даст кашидан аз иҷрои қонунҳои номукаммал васеъ таблиғ мекард. Соли 1921 Ганди сарвари Конгресси миллии Ҳиндустон интихоб шуд. Аммо пас аз соли 934 бино ба мухлифати ақидаҳо истеъфо дод.

Махатма Ганди рушан медонист, ки танҳо аҳзоб Конгресс ва эътирозҳои пароканда ғалабаро таъмин карда наметавонад. Моҳи январи соли 1939 Ганди ҳамроҳи Свами Бхаратананда аз Ражаи ба таври санҷишӣ Эъломияи ноябриро, ки Ганди ва Свами Бҳаратанда навиштаанд,  ва баъдтар барои эҷоди Сарқонуни Ҳиндустон замина гузошт, таҳия намуданд.

Маҳатма Ганди  байни ҳиндуҳо ва мусулмонони Ҳинд аз нуфузи бузург бархурдор буд ва кӯшиш кард, ки мухолифати ақоиди динӣ мардумро ба сангарҳо ҷудо накунад. Тақсимоти Ҳиндустон пас аз пирузӣ низ барои Мхатма Ганди зарбаи  сахт буд. Пас аз тақсимшавӣ дар байни ҳиндуҳо ва мусулмонон задухӯрди шадид сар зад. Соли 1947 барои Ганди бо ноумедии талх анҷом ёфт. Ӯ баҳсро дар бораи бемаънӣ будани зӯроварӣ идома дод, аммо гӯё касе ӯро нашунид. Моҳи январи соли 1948 Махатма Ганди барои барҳам додани  низоъхои миллӣ, динӣ  гуруснанишинӣ эълон кард. Ӯ эътирозашро  чунин шарҳ дод: «Марг барои ман наҷоти аҷибе хоҳад буд. Мурдан беҳтар аст аз он, ки  нобудшавии Ҳиндусторо бинам”. Эътирози Махатма Ганди ба ҷамъият таъсири зарурӣ расонд. Роҳбарону пешвони динӣ ба созиш розӣ шуданд.

  Таҷриба, кору таҳсил дар Лондон ва Африқои Ҷанубӣ, ширкати фаъолона дар муборизаи озодихоҳӣ ва дидору мулоқотҳо бо одамони оламшумули давр мисли Бернард Шоу, Робиндранат Тагор, Ҷавоирлал Неру, Лев Толстой ба хулосае омад,ки бо роҳи зуроварӣ бо силоҳ пируз шудан шармандагист.У усули пирузӣ бидуни зуровраро шиори хеш қарор дод.Аммо мубориза ғари зуроварӣ аз ҷониби мустамликадорон ва маснабдорони вақт бераҳмона нобуд мешуд. Моҳи майи соли 1930 Ганди ва ҳаммаслаки ӯ, раиси Конгресс милиии Ҳинудстон Ҷавоҳирлал Неру ҳабс шуданд. Моҳи январи соли 1931 Гандӣ ба озодӣ мебарояд ва барои гуфтушунид бо  Ҳукумати Британия ба Лондон меравад. Аммо ин музокирот ноком шуд.

Моҳи октябри соли 1934 Гандӣ шартан Конгрессро тарк кард. Ин ба ӯ ёрӣ расонд, ки шуҳраташро дар байни омма ҳамчун шахси ғайриҳизбӣ нигоҳ дорад ваэътибораш низ қавӣ шуд.Акнун Махтама Ганди ба таври ошкоро оммаро ба мубориза даъват намуд.Мохи апрели соли 1942  шиори ӯ «Аз Ҳинд дафъ шав!» миллионҳо одамонро сарфи назар аз миллат,мазхаб ба сангари мубориза кашид. 9 август Ганди ва дигар роҳбарон бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ  ба ҳабс маҳкум шуданд. 6 майи соли 1944 Ганди аз маҳбас ба озодӣ баромада муборизаи зидди мустамликадориро идома бахшид. Вале мустамликадрони Британия баро паст кардани  шиддати инқлоби озодихоҳӣ Ҳиндустонро ду тақим: Ҳиндустон ва Покистан ҷудо карданд. Моҳи августи соли 1947 порлумони англисҳо оид ба истиқлоли Ҳиндустон қонун ба тасвиб расонд, ки аз 15 августи соли 1947 мавриди амал қарор гирифт. Муборизаи қаҳрамононаи халқи Ҳинд баҳри истиқлол бо комёбй анҷом пазируфт. Аммо бадбахтона ва ноҷавонмардона  Узви созмони динии «Ҳинду маҳа сабҳа»  30 январи соли 1948 ба ҷони Ганди  сӯиқасд намуд ва ӯ ба ҳалокат расид.  Террори  Гандӣ – пешвои миллӣ, «падари миллати Ҳинд» мардуми тамоми Сайрара ба хашму ғазаб овард.

Имрӯз низ дар партави ормону ниятҳои ин алломаи сиёсат Ҳиндустон ба кишвар абарқудрати сулҳпарвару башардӯст табдил ёфтааст.Маҳз ормонҳои  Мхатма Ганди, Ҷавориҳирлал Неру, Робиндорант Тагор, Лал Баходур Шастри,  Индира Ганди, Нарендра Моди  фалсафаи  ҷунбиши таҳамулпазирии комил, сабурии сиёсӣ ва муборизаи бидуни зуровариро ҷаҳонро аз даргириҳо ҳифз менамояд.

 Таҳияи Наҷмиддин Шоҳинбодов

(Аз маводҳои инетрнетӣ истифода шуд)

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube