Тайи чанд вақт буд, ки мехостам аз зисту зиндагӣ ва кору фаолияти немисҳову сиганҳое, ки дар кишвари мо сукунат доранд, ошно шавам. Хушбахтона баъди супоришҳои пайдарпайи редаксионӣ ин навбат муваззаф шудем, ки ин мавзӯъро пайгир бошем. Сардабир қотеъона амр кард: Бояд аз ҳоли ин мардуми ғайр, ки бо тақдирҳои гуногун дар Ватани мо зиндагонӣ доранд, хабардор гардем.
Дӯстӣ мавзеъи дӯстии халқҳост
20.09.2024. Соат ба вақти Бохтар 08:40 дақиқа. Пештоз бояд бигӯям, ки ноҳияи Дӯстӣ дар байни дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳамчун ноҳияи миллатпарвар ном бароварда, дар он ақаллиятҳои гуногун ба сар мебаранд. Дар 6 ҷамоати ин ноҳия тибқи маълумоти омори ноҳия дар 129 100 нафар аз ин 46 нафар – русҳо, 155 нафар – қазоқҳо, 16 нафар – қирғизҳо, 25 нафар – сиганҳо ва 5 нафар немисҳо бо тоҷикон муносибати хуб дошта, Тоҷикистонро Ватани худ медонанду баҳри осуда ҳаёт пеш бурдан талош мекунанд. Туркманҳо аз 30000 нафар зиёданд. Аҷибаш дар он аст, ки баъзе ин нажодҳо бо тоҷикон хешу табор шуда фарзандонашон бо ҳамдигар оиладор шудаанд.
Ватани ман Тоҷикистон!
Ҳамроҳ бо раиси ҷамоати шаҳрак ва намояндаи шӯъбаи иқтисод ба маконе наздик шудем, ки дар он зани 63 солаи сиган сукунат дошта, Тоҷикистонро Ватани асосии худ медонад. Худро Амиралиева Зӯҳро муаррифӣ карду чунон хуш истиқбол намуд, ки гуё ягон ҳамватани худро дида бошад. Аз гуфтори ин зан аён буд, ки ӯ дар ин ҷо хурсанд буда, аз номи ғарибӣ дур аз ватан буда парвое надорад.
Холаи Зуҳро мегӯяд ман ин ҷо таваллуд шудам. Гузаштагонам баъди ҶБВ ин ҷо омада ҳамин ҷоро манзил мегиранд ва боқӣ намояндагони онҳо ҳамин ҷо ба дунё меоянду камол меёбанд. Зуҳрохола бо шавҳараш, ки шаҳрванди Қрим мебошад, аз зиндагии якҷоя соҳиби 8 фарзанд шуда, онҳо пайи кору пайкор дар Федератсия Русияанд. Ҳарчанд борҳо бо таклифи фарзандон ба Русия даъват шуда бошанд ҳам, аммо рафтан нахост. 2 фарзандаш, ки ҳамроҳаш зиндагӣ доранд, дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Новобаста аз он, ки раиси ҷамоат моро ба хонаи сиган гуфта, бурд, аммо холаи Зуҳро ҳеҷ не сиган будани худро ошкор кунад. Тавре мушоҳида намудем, онҳо хеле зираканд. Ҳарчанд соатҳо бо онҳо сӯҳбат кардем, ба таги дилаш натавонистем ворид шавему сиган буданашро аз даҳонаш фаҳмем. Ун суяш сиган-дия, гуфти Бобои Ғуломи мо…
Сигане, ки ғармӣ шуд?!
Рафти суҳбат холаи Зуҳро гуфт, ки духтараш дар КФМК ноҳия кор мекунад ва ӯ бо тоҷики ғармӣ оиладор шудаасту айни ҳол дар декрет аст. Шавҳари Земфира, яъне духтари холаи Зуҳро дар муҳоҷират аст, бинобар ин ӯ дар хонаи модараш муваққатан зиндагӣ дошт. Худи Земфира Аджикаева аз суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР хушҳол шуда, аз зиндагии бо тоҷик барпо кардааш ифтихормандона сухан мекард. Аз интихоби кардааш қаноатманд буда, фахр мекард, ки дар ин ҷо бо тоҷикон муносибати самимона дорад.
Сиганҳои Дӯстӣ чаро наметалбанд!?
Агар мушоҳида карда бошед, аксар сиганҳое, ки дар дигар давлатҳо мезиянд, дар кӯчаю хиёбонҳо бо ҳунари худ музде ба даст меоранд. Аммо ин сиганҳо на металбанду на дар кӯчаҳо ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳо ба гуфти Баҳром Маҳмадалиев, раиси ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл устоҳои моҳиранд. Дар саҳро ҳам коргарони пешсафанд. Аз уҳдаи пухтану дӯхтан ва ҳамаи урфу одатҳои тоҷикӣ ба хубӣ мебароянд. Чунки ин ҷо бузург шудаанд. Талбиданро ба худ ин сиганҳо ор медонанд. Чуноне, ки раиси ҷамоат гуфт, «сиганҳои мо талбиданро касабаи худ намедонанд!». Баҳром Маҳмадалиев изҳор дошт, ки агар дар тӯю маъракаҳои онҳо ширкат кунӣ, мисли маросими тоҷикона мегузарад.
Масҷиди протестантӣ ҳаст?!
Зимни сафар вориди масҷиде шудем, ки вобаста ба талаботу эҳтиёҷоти қабилаҳои гуногун солҳои пеш сохта шуда буд. Аммо ҳоло вобаста ба кам шудани шумораи ибодаткунандагон фаъолияташ коста гаштааст. Чуноне аз номи ноҳия бармеояд дар ин ноҳияи намояндагони қавму миллатҳо гуногун вомехӯрад. Аз ин хотир солҳои пеш барои сохтани ин масҷид зарурат пеш омада буд. Имрӯзҳо ҷавонони протестант ба ин ҷо он қадар майл надоранд, аммо солхурдагон рӯзҳои якшанбе то 20 нафар ҷамъ меомадаанд.
Бо Муҳиддин Ҳабибуллоев, эмом-хатиби масҷиди панҷвақтаи ҷамоати мазкур рӯ ба рӯ шуда, дар бораи дафну ҷанозаи ин қавму қабила пурсон шудем. Эшони Муҳиддин иттилоъ дод, ки масҷиди онҳо барои сокинон ягон халал ворид накарда, ин миллат оромона пайи кору ибодати худанд. Ба наздикӣ нафаре аз онҳо вафот кард ва тибқи расму оинашон дафн кардем. Яъне онҳо мисли ҳамватанони худамон муқимӣ гаштаанд ва мо аз ишон арҷу иззат мегузорем!-гуфт эмом-хатиб.
Монашкаи 90-сола
Чун супориш ба куништи христианӣ-церковь ҳам рафтан буд, мо баъди ҳамсӯҳбат шудан бо намояндагони гуногуни қавмҳои мухталиф ба масҷиди протестантҳо дохил шудем. Дохили церкови ин миллат ҷойи хуби ибодат будааст. Ҳайрати моро 1 зане бо номи Светлана овард. Ин пиразани рус, ки солҳои сол дар ин ҷо маскун асту хизмати ҳамватанони худро мекунад, синнаш ба 90 расидааст. Ӯ аз 2 фарзанде, ки дар гузашта дошт, хотиррасон шуда, афзуд, ки баъди ҶБВ ҳамроҳи бародараш, ки айни ҳол дар қайди ҳаёт нест, омада муқими ин ҷо мешаванд ва оила бунёд менамояд. Фарзандонаш баъди камол ёфтан ба Қриму Волгоград рафта, дигар аз модар хабар намегиранд. Танҳо умр ба сар мебарад. Холаи Светланаи 90 – сола бо муҳаббат нисбати ин сарзамин ёдрас шуда гуфт, ки ман ҳамин ҷо бузург шудам ҳамин ҷо хоҳам мурд. Гуфтаҳояш касро андешаманд месозад, ки 1 зани руси дур аз Ватан мондаи бекасу кӯй бо ин қадар меҳр ҳарф аз меҳани мо мезанад. Аммо мутаасуф баъзе афроди нейтрале, ки барояшон ин осудагии сарзамин қадр надорад, дар гӯшаҳои гуногуни дунё барои доғдор кардани исми Тоҷикистони азизи ҳамаи мову шумо зархаридона ҷор мезананд.
Нуриддин не, Николай!
Бояд гӯям, ки холаи Светлана нахуст нахост, ки мо дохили серков шавем, вале ибораи «аз дар задан, аз тиреза даро»- гуфтаи журналистони пири кор ёдам омаду хирагӣ ғолиб гашт ва ниҳоят розии ӯро гирифтам. Пешопеш мурғҳои дохил пешвозам гирифтанд, ки Светлана-хола парвариш мекардааст. Боз дар кишвари мо барояш нафақа ҷудо кардаанд, ки Мая ном зане гирифта, эҳтиёҷоташро бароварда месозад. Қисме аз нафақаашро ба мурғҳо ва боқимондаашро барои худ сарф мекунад. Холаи Светлана айни замон дар масҷид зиндагӣ карда, бо маънии том «даврони пирӣ меронад».
Мавсуф пурсон шуд: “Как тебя зовут?”. Чун гуфтам Нуриддин ҳастам ва аз серкови Шумо дидан кардан мехоҳам гуфт:
«Нуриддин нет, ты отныне Николай!». Николай ҳам шудем, то супориши редаксияро ба ҷо орем. Мо Метавонем!
Масҷиди бе салиб
Чун пештар танҳо дар филмҳо ин гуна масҷидҳоро дида будам, имрӯз бо супориши редаксия, бо чашми сар шоҳиди дохили масҷиди русҳо шудам. Дар толори ибодатгоҳ проектор, компютер ва минбару китобҳои динии Библия бо забони тоҷикӣ ва русӣ буд. Бароям аҷиб шуд, ки чаро дар ибодатгоҳи онҳо салибе дида намешавад? Светлана – хола гуфт ин ҷо мо сурудҳои махсусе дорем, ки дар якҷоягӣ медонанд. Ин асбобҳо бошанд ба онҳо кӯмак мекунанд.
Ба ҷойи охирсухан
Хонандаи азиз ногуфта намонад, ки мо дар ноҳияи Дӯстӣ фурсате, ки доштем бо оилаҳои зиёде ҳамсӯҳбат шудем, ки аз миллати дигар будани худро фаромӯш кардаанд. Танҳо лаҳҷаи гапзанӣ фарқ мекунад, ки онҳо кистанд. Вагарна дар ҳамин хок ба дунё омадану дар ҳамин хок мадфун шуданро орзу доранд. Чи расад ба ғарибоне, ки аз Ватан беватананду ба қадри покии хокаш намерасанд. Аммо ҳар амали бад подоше дорад, ки ӯро ҳатман хоҳем(д) дид!!!
Мо баъди дидор аз серкови немисӣ-русӣ ниҳоят бо бардошти хотирмоне, баргаштем ба ш.Бохтар. Шумо метавонед шакли пурраи сӯҳбати ин ҳамватанони аврупоинажодамонро дар Ютуб канали «СССР ТВ» тамошо кунед. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
Бохтар – Дустӣ – Бохтар