САФАРДИДАИ БАЛҶУВОН

Боби 1. Бале ҷувон ё Балхвон???

20.09.2024. Соат ба вақти Балҷувон 14:43 дақиқа. Тавассути роҳҳои хеле ҳамвору зиёд замонавӣ ба ноҳияи Балҷувон мерасам. Пештоз мегӯям, бо даъвати вежаи раиси ин ноҳияи кӯҳманзар Бахтовар Сафарзода наздики 2,5 сол аст, ки бояд меҳмони ин кӯҳандиёр мегаштам. Вале кору бору таку тозҳо ҳич имкон намедоданд, ки ба мақсад бирасам. Ба вежа дар мавриде, ки усулан бобоҳои ман Балҷувониянд ва дар солҳои 20-уми асри 20 ин диёрро аз таҳоҷуми турку лақайу муғулу манғиту қипчоқиёни ғоратгар ҳифз кардаанд. Румоне низ дар ин мавзуъ навиштаам, бо номи «Эшон-Бала», ки аз ин корзорҳо қисса мекунад.

Воқеан ҳам агар давоми румон навишта шавад, хонанда дарк мекунад, ки Амир Олимхони «педофил», ки дар бекигарии Ҳисор духтари ноболиғеро таҷовуз кардаву кушта буд, чаро ба Балҷувон надаромад? Зеро ин мардум овозаи бедоди амири манғитро шунида, бо сарварии Эшон-Бала садди роҳаш гаштанду ӯ тавассути Чубак ба Афғонистон думро хода кард. Насибамон бошад, менависем. Гӯшбақимор бошед. Мо Метавонем!

 Боби 2. Шаҳраке, ки дар харитаи ҷаҳон набуд…

Бори охир 4 сол пеш Балҷувон омада будам. Он вақт ин ҷо қариб чизе набуд гӯем, воҳима мешавад. Зеро ҳақиқат он аст, ки он вақтҳо ин ҷо умуман ЧИЗЕ набуд!!!

Ҳиммати Давлатзода Нусратулло-раиси Кумитаи андози ҶТ (ягон бор на дидааму на мешносамаш!!!) ва раиси тозатаъин ва табиист, ки нақшаҳои созандаи Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин чанд соле, ки ман ин ҷо набудам, шаҳраки наве бунёд гардид. Шоҳидон мегӯянд аксари корҳо дар 3-соли ахир сурат гирифтаанд. Барои равшантар гардидани моҷаро ва дарки қаҳрамонии офарандагони ин сарзамин ин нуктаро таъкид менамоям, ки шаҳраки Балҷувон дар рӯи…дарё ва селобгузар сохта шудааст.

Ин мавзеъе, ки дар он имрӯз биноҳои баландошёнаи замонавӣ, порку варзишгоҳ, гузаргоҳу гулгашт ва марокизи таърихӣ, фарҳангӣ, саломатӣ, фароғатӣ қад кашидаанд, селраҳа буд. Селраҳае, ки ҳамасола пуроб мегашту аз он тавассути мошинҳои боркаши низомии ГАЗ-66 мошинҳои хурду бузургро ба он тарафи маҷро мегузарониданд. Ҳатто дар тасаввури кас намеомад, ки ин ҷо замоне шаҳрак мешавад! Зеро ин мавзеъро 5 дарё-Тира, Оби мазор, Талхак, Сурхоб ва болотарак Вахш убур мекунанд!!!

Бо ташаббуси бевосита ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи генералии район кашида шуд ва ин ҳама бунёдкориҳо бар зиммаи Давлатзода Нусратулло вогузор гардид. Бе шакку тардид, ба назар мерасад, ки бидуни Давлатзода гумон аст, касе ин нақшаи воқеан ҳам генералиро амалӣ мекард. Ҳалолаш бод! Брависсимо, Давлатзода!

Боби 3. Осорхонаи Балҷувон

20.09.2024. Соат ба вақти Балҷувон 15:01 дақиқа. Баъди бо раиси ноҳияи Балҷувон Бахтовар Сафарзода суҳбату табодули китобҳо (ӯ ба ман асари Татяна Филимонова дар бораи Балҷувонро доду ман ба ӯ китоби тозанашри «Сафардидаи Мадинавӣ»-ро), роҳ пеш гирифтем ба Осорхонаи маҳаллӣ. Воқеан ҳам, ҳарчанд экспонатҳои ин музей хеле каманд (бовар ҳаст, ки ҳамакнун ашёи таърихӣ ҷамъу гирд мешаванд) бинои осорхона хеле хуб тарроҳӣ шудаву ба талаботи замони муосир посухгӯст. Боварнокарданист, вале осорхона ва он ҳам дар Балҷувон лифт дорад!

Бо таърихи ноҳия моро директори осорхона ошно мекунад. Боиси ифтихори банда будӣ, ки китоби «Эшон-Бала»-ро низ дар ин музей ҷо кардаанд, ки аз 1 ёғӣ ва қаҳрамони мардумӣ қисса мекунад. Зеро усулан Балҷувон бо мардумони марди ёғӣ, саркаш ва ҷанговараш дар водии Кӯлоб номист. Шӯриши Восеъ, Давлатманд-бий, Эшон-Бала далели гуфтаҳост.

Чӣ расад ба мардҳо, ки бонувони Балҷувон қаҳрамонанд. Ҳайкали Гулизори духтари Восеъ бо камони ҷангӣ ва … гӯри тозапайдои Сарбоззане аз асрҳои то мелод гувоҳи ҳоланд. Ин зан, дар шакли ҷанини модар дар гӯр, бо силоҳи ҷангӣ ҷо шуда, паҳлӯяш кӯзаи шароб ва аспи ҷангияш мадфунанд (ниг. ба акс)

Боби 4. Бозор Собир … балҷувонист???

Дар осорхона мо бо Шогуна Собир-гулдухтари шоири миллат, устоди устодони сухан Бозори Собир во хӯрдем. Ҳайрати маро андоза набуд, чун ба суоли ман, ки «кадом шамолҳо парронд?», Шогуна гуфт, «Ватани бобоии падар омадаам!». Ва афзуд, ки устод Бозор Собир дар Амрико пайваста мегуфт, бобояшон аз Сари Хосори Балҷувон ба Янгибозор убур карда будаанду Шогуна ҳамеша дар сар ҳавои дидори ватани бобоиро мепарваридааст. Шогуна ваъда кард, ки дар бораи Балҷувонӣ будани падари соҳибномаш дар ояндаи наздик матлабе аз хотироти Бозор Собир хоҳад навишт. Мунтазирем. Мо Метавонем!

Боби 5. Сари Мазор

20.09.2024. Соат ба вақти Балҷувон 15:48 дақиқа.  Шаҳракро чарх задаву ба ободкориҳо каф кӯфта, ба Оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробии Марди Валии Ҳомонии Кирмонии Балҷувонӣ меравем. Хидмататон арз кунам, ки Шоҳ Неъматуллоҳ аз бобоҳои муътабари каминаи камтарини пургунаҳ аст ва инро ҳар нафар Балҷувонӣ нек медонад ва дар ин моваро ҷои худнамоӣ низ нест.

Оромгоҳи ҳазрати Шоҳ, пешвои тариқаи Неъматуллоҳияи дар тасаввуф маъруфу машҳур, ки соҳибдевон низ будӣ, мазори ифтихорист. Ӯ танҳо замоне дар ин ҷо зиндагонӣ кардааст, зеро бо васияти падар бояд миёни 4 дарё хона мекард. Чун гузараш аз Балҷувон мегузарад, шабе хоб рафтаву субҳ мебинад, ки байни 4 дарёча ист кардааст, дарёҳои Тира, Оби мазор, Талхак ва Сурхоб…ва ҳамин ҷо хона сохта замоне зиндагонӣ мекунад.

Шоҳ Неъматуллоҳ аз авлиёуллоҳи соҳибмактабу сохибдевон аст. Менигорад:

19-ум ҷадди ман расули Худост,

Ошкор аст, нест пинҳонӣ.

Ва низ аз ӯст:

Мо хоки роҳро ба назар кимиё кунем,

100 дардро ба гӯшаи чашме даво кунем!

Ҳофиз, ки ҳамсари ишон будӣ, ғазали маъруфи:

Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,

Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд!

-ро дар посух ба ҳамин байт навиштааст…

Хулласи калом мазори Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробии Марди Валиро зиёрат карда, ба Кохи мири Балҷувон рафтем…

 

Боби 6. Кохи беки Балҷувон

20.09.2024. Соат ба вақти Балҷувон 16:26 дақиқа. Кох дар баландии парвози парандагон ҷойгир аст. Бо Бахтовар Сафарзода боло мешавем. Ӯ аҷаб сухане мегӯяд, ки «мардуми Балҷувон ба беки манғит нафрат дорад. Зеро бобоҳошон чандин маротиба зидди гумоштаи Амир Олимхон шӯридаанд ва ин нафрат то ҳол ба беки бегона боқӣ мондааст».

Ба Қасри Балҷувон мерасем ва шокӣ мешавем! Мардум, ин Кох, ин шукӯҳу шаҳомат ва ин шоҳкориро бояд дид! Шахсан ман ахиран ба мақсад расидам. Зеро умре мегуфтам, аз ҳамин ЮНЕСКО ва созмонҳои хориҷии фарҳангӣ, ки дар асл ҷумла бо шпионизм банданд, ҳеҷ суде нест ва ҷои кулӯхпораҳоро ҷамъу гирд кардану ба сандуқи ЮНЕСКО тиққондану 2-3 ҳазор доллар гирифтан, Ҳулбуку Тахти Сангин, Саразму Каронро бояд обод кард, то турист ба ин сарзамин шорад.  Муҳимтар аз ин, туризми дохилӣ бояд рушд кунад, то мардум шукӯҳу шаҳомати гузаштагони худро дида, бо Тоҷик будан ифтихор кунад.

А, мо чӣ мекунем? Барои 4 тангаи ҳароми хориҷиён «ёдгориҳоро ҳифз» карда, намегузорем, 1 макони ифтихори Миллӣ бунёд созем. Гум кунед, ЮНЕСКО-ҳоро ва сарзаминамонро обод кунед. Мо Метавонем!

Роҷеъ ба Қалъаи Мири Балҷувон танҳо метавон бар ҳиммати Давлатзода Нусратулло ва раиси ноҳия каф куфт. Ин сюрприз аст. Дар Наврӯзи соли 2025 насиб кунад, худатон бо чашми сар хоҳед дид, ки ин мардумони мард чӣ туҳфаи гаронарзиши фарҳангиву таърихӣ барои миллати Тоҷик таҳия кардаанд…

 

Боби 7. Ба ҷои охирсухан

Роҷеъ ба номи ин мавзеъи фарҳангхезу мардпарвар ривоёт зиёданд. Авомуннос бар ақидаест, ки Балҷувон маҳз аз 1 фразаи Шоҳ Неъматуллоҳ гирифта шудааст, ки ҳини дидор бо Ҳазрати Амирҷон-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар деҳаи Калтачанор, ба ҷавоне, ки меҳмоннавозишон мекард, пушташ тап-тап задаву гуфтааст:

-Бале Ҷувон!!!

Аммо ин версияи хом аст. Зеро Балҷувон ҳазорон сол пеш аз ин вуҷуд дошт. Ба таъбири ба ҳақиқат наздик, вожаи Балҷувон шакли ассимилиятсия хӯрдаи «ВалхВон» ё худ Балхбон, нигаҳдорандаи Оташи Бузурги муқаддаси оини зардуштист, ки дар Балхи Афғонистони имрӯза месӯхт.

Таври маълум, дар Балҷувон газ ҳамеша месӯзад, аз даврони советӣ, ки таърихдорем, то имрӯз ҳаст. Табиист, пеш аз он ҳам будӣ. Ва вақте дар вақтҳои катаклизмаҳо Оташи қудсии Балх хомӯш мешуд, ба ин оташкада маҳз аз Балҷувони имрӯза оташе мебурданд, ки ҳаргиз хомӯш намегардид. Ва мардумоне ин ҷо мезистанд, ки ин оташро бонӣ, вонӣ мекарданд. Балх, Валх ё худ вожаи Флх (сухта фулх шуд) то ҳанӯз дар корбастанд. Ва аммо авомуннос аз тарси «кофир» нашудан, Балхбонро ба Балҷувон тадбил карданд.

Сари Хосори Балҷувон бошад, дар асли номи Сари Хуросонро дошту мардумони ин маҳалла ҷумла ҷанговарону сарҳадбонон буданд ва то ҳол онҳоро дар водии Кӯлоб «сарҳадӣ» ё худ сарҳадчӣ меноманд.

Дар ҳар сурат ин диёри кӯҳанманзар, ки шаҳодатномаи таваллуди миллати Ориёии Тоҷик аст, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё мегардад, ки аҳсанту офаринаш бод!

Мо Метавонем!!!

 

Сайёфи Мизроб

Душанбе-Балҷувон-Кӯлоб-Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube